22:35:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДЕПУТАТҲОИ ТОҶИК АЗ БАЪЗЕ ИМТИЁЗҲО МАҲРУМ ШУДАНД

Маҷлиси намояндагон ҳаҷми кӯмакпулӣ ба вакилони мардумӣ ва ҳам кормандони сохторҳои қудратиро коҳиш дод.

/images/stories/2012/06/20_majlisi-oli-200612.jpgМаҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, бо ислоҳи 14 қонун ҳаҷми кӯмакпулӣ ба вакилони мардумӣ ва кормандони сохторҳои қудратиро камтар кард. Кӯмакпулиҳое, ки қабл аз баромадан ба нафақа, маъюбӣ ё баъд аз марг ба наздикони вакилон ва ҳам кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дода мешавад.

Ин пешниҳод аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар ба порлумон ироа шуда буд. Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва дар ҳузури  вакилон гуфт, ин пешниҳод дар доираи ислоҳоти соҳаи  иқтисод ва ба хотири сарфаи маблағи буҷа сурат гирифтааст.

Ба қавли вазир, меъёри кӯмакпулие, ки то кунун пардохта мешуд, замоне муайян гардида буд, кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамагӣ аз 13 то 31 сомонӣ моҳона ё маош мегирифтанд.

Сафаралӣ Наҷмидинов гуфт, "дар идомаи даҳ сол маоши онҳо аз 100 то 150 маротиба афзун шуд. Табист, ки бо баланд шудани маоши онҳо ҳаҷми ҷубронпулӣ низ меафзояд. Барои мисол, вакили Маҷлиси намояндагон дар вақти ба нафақа баромадан ё анҷоми мӯҳлати ваколаташ маоши шашмоҳа ва кормандони вазорати мудофиа маоши даҳмоҳаашонро мегирифтанд. Чунин имтиёзро кормандони  гумрук, милиса, додситонӣ ва додгоҳ  низ доштанд."

Вазири молияи Тоҷикистон илова кард, дар гузашта ба хонаводаи кормандони Додситонии кул, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҷон бохтаанд, дар як вақт маоши 15-солаи вай, ба ҳайси кӯмак, пардохт мешуд. Аммо бар асоси ислоҳоти нав, ба вакилони порлумон ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҳангоми  ба нафақа баромадан ва анҷоми муҳлати ваколат танҳо маоши семоҳаи онҳо пардохт мешавад. Ёдовар мешавем, маоши моҳонаи вакилони Маҷлиси намояндагон наздик ба 5 ҳазор сомонист.

Вакилони Маҷлиси намяондагон ҳамзамон ба қонун дар бораи терроризм низ ислоҳ ворид намуданд. Тарҳи ислоҳ ба қонун дар бораи терроризмро додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, дар назди вакилони порлумон шарҳ дод. Ӯ гуфт, минбаъд афроду созмонҳои террористиро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муайян карда, дар ин бора ба додситонӣ ва додситонӣ ба додгоҳ маълумот пешниҳод хоҳад кард.

Додситони кул дар мавриди додуситади афрод ва гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон тавассути бонкҳо низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, нооромиҳои Рашт, ки соли гузашта бо кушта шудани Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ба поён расид, "бо маблағҳои калони террористӣ" сурат гирифта буд. Ин тарҳи тағйиру ислоҳ ба қонун дар бораи терроризм бо тавсияи созмонҳои байнулмилалӣ сурат гирифтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi