12:10:39 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАХФИГОҲИ ҲЕРОИН ДАР ШӮРООБОД ВА «ФУРӮШГОҲ» ДАР КӮЛОБ

Ниҳодҳои интизомӣ дар қаламрави ноҳияи Шӯрообод, як махфигоҳи бузурги маводи мухаддир ва силоҳу муҳимоти оташнишонро кашф карданд.

/images/stories/2012/07/13_shuroobod-130712.jpgДар пайи корҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ мушаххас шудааст, ки ин махфигоҳ ба гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддири афғон тааллуқ дорад. Аммо то кунун мақомот ба кадом гурӯҳ тааллуқ доштани ин махфигоҳро эълом накардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои мақомоти интизомӣ ва амниятӣ, дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар қисмати ноҳияи Шӯрообод чандин гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир фаъол ҳастанд.

Интиқоли маводи мухаддир тавассути гурӯҳҳои қочоқбари афғон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар он даст доранд, мояи нигаронии мақомот ва ҳамзамон боиси афзоиши фурӯши он дар дохили Тоҷикистон шудааст.

Кашфи 13 фурӯшгоҳи ҳероин дар Кӯлоб

Ин аст, ки ниҳодҳои интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб танҳо дар як моҳи ахир 13 макон ё ба истилоҳ «фурӯшгоҳи маводи мухаддири навъи ҳероин»-ро кашф карданд.

Ҷумъахон Назаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки бо гумони ташкили маконҳои фурӯши маводи мухаддир, 25 нафар сокини ин шаҳр боздошт шудаанд, ки синашон аз 20 то 42 сола ҳастанд. Ба гуфтаи Назаров, аз ин фурӯшандагони маводи мухаддир, дар маҷмӯъ беш аз 20 килограм хероин кашф ва мусодира шудааст.

Кашфи ин миқдор макони фурӯши маводи мухаддири ҳероин ва муртакибони онҳо дар шаҳри Кӯлоб то кунун бесобиқа будааст. Нигаронии амиқи мақомот ва ҷомеаи Кӯлоб аз ин вазъ дар он аст, ки соли гузашта ба асари истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб 15 нафар, ки миёни онҳо ҷавонон низ будаанд, фавтидаанд. Аммо ба иттилои масъулони идораи пулиси шаҳри Кӯлоб  дар шаш моҳи соли ҷорӣ се нафар ҷони худро ба асари истеъмоли ҳероин аз даст додаанд.

Мақомот сабаби ба маротиб зиёд шудани кашфи маконҳои фурӯши мухаддир ва боздошти омилони онро ба беҳтар шудани фаъолияти маъмурони пулис дар минтақа унвон кардаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди коршиносон дар гузашта омилони «фурӯшгоҳҳо» -и маводи мухаддир тавассути бархе аз доираҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди пуштибонӣ қарор доштанд.

Ахиран ба ҳайати раҳбарикунандаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба хусус пулиси шаҳри Кӯлоб афроди нав ва ҳамзамон ҳирфаӣ таъин шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi