17:36:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲИМОВ: 'МАҚОМОТИ ПУЛИС ДАР БОРАИ ШИКАНҶА ИМТИҲОН МЕДИҲАНД'

Вазорати кишвари Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сатҳи огоҳии масъулони шуъбаҳои пулис дар саросари кишвар дар бораи шиканҷаро имтиҳон кунад. Ин матлаб дар мизи мудаввари Вазорати кишвари Тоҷикистон дар мавзӯъи шиканҷа, ки рӯзи ҷумъаи 13 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд, матраҳ шудааст.

/images/stories/2012/07/13_ramazan-rahimov-130712.jpgИн мизи гирд бо ширкати мақомоти пулис ва диплумотҳо дар ҳоле баргузор шуд, ки ду рӯз пеш Афви Байналмилал гузорише тоза дар бораи вазъияти шиканҷа дар Тоҷикистон мунташир кард. Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон, гуфт тасмим шудааст, ки сатҳи огоҳии масъулони шуъбаҳои пулис дар саросари кишвар дар бораи шиканҷа санҷида шавад.

Оқои Раҳимов дар ҷаласаи мизи гирд гуфт барои бори нахуст аст, ки мақомоти пулис ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъи ислоҳоти сохтори пулисро бо таъкид ба решакан кардани шиканҷа баррасӣ мекунанд. Вай гуфт, ки иродаи давлати Тоҷикистон дар ин замина мустаҳкам аст ва дар ин росто тайи як соли ахир гомҳои муҳимме, монанди изофа кардани банди вижае дар бораи шиканҷа ба қонуни кайфарии Тоҷикистон, бардошта шудааст.

Оқои Раҳимов эътимоди худро ба ин ки ин иқдом дар заминаи мубориза бо шиканҷа натоиҷи хубе дар пай хоҳад дошт, иброз дошт ва боз шудани нахустин парвандаи марбут ба шиканҷа дар ноҳияи Ёвонро оғози кор унвон кард. Ин ишора ба парванда алайҳи як корманди пулиси ноҳияи Ёвон аст, ки ҳафтае қабл ба истифода аз шиканҷа алайҳи як писари 16-сола ба ҳангоми бозпурсии вай муттаҳам шуда буд.

Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон, дар суханрониаш ҳамчунин гуфт, ки "телефуни боварии" Вазири умури дохилӣ низ бо ҳадафи мубориза бо шиканҷа фаъъол шудааст. Вай гуфт: "Мо барои пешгирии шиканҷа ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ телефуни боварии вазири корҳои дохилиро, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъъолият мекунад, таъсис додем."

Тасмим дар бораи имтиҳон кардани мақомоти пулис дар бораи шиканҷа дар ҳоле иттихоз шуда, ки ду рӯз қабл Афви Байналмилал аз давлати Тоҷикистон хост, то шиканҷа ва озори боздоштшудагон дар муассисоти бастаро решакан кунад. Ин дархостро Афви Байналмилал зимни интишори гузориши тозааш таҳти унвони "Зиндагии пушти панҷара: Шиканҷа ва озор тавассути кормандони пулис дар Тоҷикистон" матраҳ кард.

Фаъъолони ҳуқуқи башар мукарраран аз вуҷуди мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон, бавижа дар боздоштгоҳҳо ва ба ҳангоми бозпурсии мазнунону боздоштшудагон, ибрози нигаронӣ мекунанд.

Зимнан, вазири кишвари Тоҷикистон рӯзе қабл шуморе аз мақомҳои аршади пулиси роҳ ва воҳиди вижаи пулис барои таъмини амнияти ҳаракати раиси ҷумҳурро ихтор дод. "Ҷазоҳои интизомии" мақомоти пулиси кишвар дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъъолияти пулиси роҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 6 июл баргузор шуд, эълом шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi