15:45:17 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТЕРНЕТИ ТОҶИКОН ДАР ДАСТИ БЕГОНАГОН

Мутахассисон мегӯянд, тамосҳои интернетии вазорату идораҳои Тоҷикистон ба воситаи Русия ва Ӯзбакистон сурат мегирад. Ин ҳолат нигарониҳои марбут ба амнияти ин маълумотро ба миён овардааст.

/images/stories/2012/07/20_asomuddin-atoev-200712.jpgАсомиддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ  мегӯяд, дар рӯйхати созмони бақайдгирандаи интернет RIPE нӯҳ ширкати дастраскунандаи Интернет аз Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки Интернетро аз дасти аввал ба мардуми Тоҷикистон мерасонанд:

«Аммо “Тоҷиктелеком», оператори миллии Интернет то охири соли 2011 Интернетро тавассути ширкати Ӯзбакистон «Узбектелеком» дастрас мекард  ва ҳоло бошад, Интернетро аз ширкати русиягии дастраскунандаи Интернет «Делтателеком» харидорӣ мекунад».

Ҷаноби Атоев афзуд, ҳоло ҳама IP-суроғаҳое, ки ширкати “Тоҷиктелеком” ба ​​муштариёнаш пешниҳод  мекунад, то соли 2011 ҳамчун IP-суроғаҳои Ӯзбакистон дар дунё муаррифӣ мешуданд ва ҳоло бошад, ҳамчун истифодабарандагони интернети Русия муаррифӣ хоҳанд гашт. Ин дар ҳолест, ки масъулияти пайванди ҳамаи идора ва муассисаҳои Тоҷикистон ба Интернет дар ӯҳдаи «Тоҷиктелеком» аст.

“Ин ҳолат, яъне дар ҳайати ширкати Русия фаъолият кардани «Тоҷиктелеком» ба фоидаи сегменти Интернети  Русия меанҷомад. Чунки дар олами Интернет ҳар як “ангуштзанӣ” ё “клик” сармоя ва обрӯи давлат аст. Аммо ҳар як клики муштариёни «Тоҷиктелеком» ба обрӯ ва сармояи Русия зам мекунад, на ба Тоҷикистон”, гуфт вай.

Ҳамчунин коршиносон ва донандагони соҳа мегӯянд, чун ҳар як муроҷиати муштарии ширкати «Тоҷиктелеком» ва дигар ширкатҳои Тоҷикистон, ки аз ин ширкат Интернет мехаранд, таввасути Русия мегузарад, амнияти иттилоъотии кишвар зери хатар меравад. Чунки ин, ҳолат имконияти гурӯҳҳои мухталифро барои даст ёфтан ба маълумоти махфии давлати Тоҷикистон бештар мекунад.

Аммо Бег Зуҳуров раҳбари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ин нигарониҳои коршиносонро бепоя хонд ва онро «гапи кампирҳо ва мошенникҳо» унвон кард.

Вай гуфт, амнияти иттилоотии Тоҷикистонро дигар мақомоти қудратӣ таъмин мекунанд: «Мо кӯшиш карда истодаем, ки роҳҳои дастрасӣ ба Интернетро зиёд кунем, яъне тариқи ноқилҳо, бо роҳи ҳавоӣ аз Хитой, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон. Амнияти иттилоотӣ дар он аст, ки роҳҳои дастрасӣ ба Интернет гуногун бошад. Яъне агар дастрасӣ ба Интернет аз ​​як ҷониб маҳдуд шавад, мо тавонем аз ҷониби дигар ба он дастрасӣ дошта бошем».

Ширкати «Тоҷиктелеком» чанд соли охир талош дорад тариқи хати нахи рӯшноӣ Тоҷикистонро бо Чин пайвандад ва дастрасии кишварро ба Интернет васеътару суръати онро баландтар кунад. Аммо ин тарҳ солҳост ба ҳайси як нақша боқӣ мондааст.

Бино ба  омори расмӣ, дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 100 ҳазор истифодабарандаи Интернет сабт шудаанд. Вале дар созмони бақайдгирии Интернет дар минтақаи Осиёву Аврупо RIPE  аз Тоҷикистон танҳо зиёда аз 55 ҳазор IP-суроғаро ба қайд гирифтаст. Ҳамаи нишонаҳои боқимонда дар Русия, Ӯзбакистон ва Қазоқистон сабт шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi