10:28:57 23-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ВУД ВА КДАМ: ДАР АМАЛИЁТИ МАХСУСИ ХОРУҒ 42 НАФАР КУШТА ШУДАНД

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, дар ҷараёни амалиёти махсуси Хоруғ 42 нафар, аз ҷумла 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд.

/images/stories/2012/07/24_voyna-240712.jpgТавре Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ба мо гуфт, дар натиҷаи амалиёт аз ин гурӯҳ 100 мил яроқи оташфишони гуногунтамға ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд. Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев дар ҷараёни амалиёти махсус 23 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Вай гуфт, дар байни аҳолии осоишта касе ҳалок ва ё захмӣ нашудааст. Амалиёт идома дорад. Таъиди ин маълумот тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Субҳи сешанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи шурӯи гуфт, "дар шаҳри Хоруғ амалиёт барои боздошт ва маҳви аъзои гурӯҳи ҷиноятии созмонёфта оғоз шуд." Вай афзуд ин гурӯҳҳо бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи сешанбе бо пахши як баёния аз тариқи шабакаи «Ҷаҳоннамо», Толиб Аёмбековро дар куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон муттаҳам эълон карданд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ва фармондеҳи Бахши сарҳадии минтақаи Ишкошим содир гардидааст.

Аёмбекови 47-сола дирӯз дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки тибқи талаби сохторҳои интизомӣ, аз чаҳор нафар - ду гумонбари ҳодисаи куштори генерал Назаровро ба органҳо таслим кардааст. Вай гуфт, ки дар бораи маҳалли буду боши ду нафари дигар хабар надорад.

ЗАХМИЁН ДАР БЕМОРИСТОНИ ҚАРИЯИ БОЛО

Ба иттилои бархе аз пизишкони бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе ба ин бемористон 12 нафар захмии амалиёт дар Бадахшонро овардаанд, ки аз онҳо як нафар ҷон бохтааст.

Куллияи маҷрӯҳон, ки афсарону сарбозон, синнашон ҷавон аст, дар бинои 5 бемористони Қарияи Боло мавриди муроқибати пизишкон қарор доранд. Ба гуфтаи пизишкони ин бемористон, афсарону сарбозон  бо ҷароҳатҳои мухталиф ба ин ҷо оварда шудаанд.

Ҳамзамон, тибқи мушоҳидаи хабарнигори мо, нерӯҳои амниятӣ бинои 5-и бемористони Қарияи Болоро таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дода ва вуруд ба онро контрол доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони вазорати тандурустиии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки аз субҳ ба бемористонҳои асосии шаҳр, назири Қарияи Боло, беморхонаи рақами 5 ё «Медгородок» ва «Скорий» дастур додаанд, то куллия пизишкон ва утоқҳои ҷароҳҳӣ барои қабули беморон омода бошанд.

"ТОЛИБ АЁМБЕКОВ БА АФҒОНИСТОН ФИРОР КАРДААСТ"

Тибқи иттилои манобеи мустақил, дар миёни кушташудаҳо яке аз писарони Аёмбеков ва ҳам Ёдгор Шоҳмусалламов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои худсар, ки аслан аз Поршнев будааст, ном бурда мешаванд. Аёмбеков дар сӯҳбат бо Озодӣ дирӯз гуфт, ки соҳиби чор писар ва як духтар аст.

Айни замон, гуфта мешавад, ки худи Аёмбеков тавонистааст ба Афғонистон фирор кунад. Дар даргириҳои имрӯзаи Хоруғ, тибқи баъзе манобеъ, мусаллаҳони марбут ба чаҳор собиқ ҷангсолори маҳаллӣ - Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Имомназар Имомназаров, Ёдгоршо Мамадасламов ва худи Толиб Аёмбеков ширкат доштанд.

ЗАХМӢ ШУДАНИ ДОДСИТОНИ РӮШОН

Тибқи иттилои расида бар асари партоби норинҷак ба манзили додситони ноҳияи Рӯшон дар шаҳри Хоруғ, додситон Нафасбек Чоршанбиев захм бардоштааст.

Яке аз хешовандони Нафасбек Чоршанбиев дар тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки афроди ношинос соати 09:00 субҳи сешанбе ба манзили додситон  маводи тарканда партоб мекунанд.

Дар натиҷа Нафасбек Чоршанбиев сахт маҷрӯҳ шуда ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд. Аммо аъзои дигари хонавода аз таркиши норинҷак эмин мондаанд.

Аз рӯи иттилои ин манбаъ, бархе аз сокинони Хоруғ аз дирӯз талош карданд маҳалҳои зисти худро тарк карда, дар хонаи хешовандон дар манотиқи амн ҷо гиранд. Дигарҳо дар манзилҳои худ монда, кӯшиш мекунанд, ки берун нараванд.

Бо вуҷуди пешниҳоди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони фарҳангиву уламои динии Бадахшон ва музокироти се рўза, Толиб Айёмбеков ҳозир нашудааст силоҳҳои худро ба замин гузошта таслим шавад. Дар ҷавоб Толиб Айёмбеков ба ҷамъоварии афроди мусаллаҳ оғоз кардааст.

Барои анҷоми амалиёти мазкур ҷузъу томҳои нерӯҳои зудамал, Горди президентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ сафарбар карда шудаанд.

Бо вуҷуди ин ки  мақомот эъломи фиристодани нерӯҳои изофӣ аз марказ ба вилояти Бадахшонро рад карданд, тибқи иттилои хабарнигори мо дар Хоруғ, "садҳо воҳидҳои низомӣ" дар вилоят қарор доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi