23:18:33 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

'БОЗДОШТИ ГУРӮҲЕ АЗ ҲАМДАСТОНИ' ШӮРИШИЁНИ ХОРУҒ ДАР АФҒОНИСТОН

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо вазири умури дохилӣ ва раиси амнияти умумии Афғонистон вазъи амниятӣ дар Бадахшонро баррасӣ кардааст. Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба мақомоти аршади амниятӣ ва пулиси афғон хабар дода, ки гурӯҳе аз "ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд", дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд.

/images/stories/2012/07/26_files_pict_260712.jpgБ гуфтаи ин манбаъ, оқои Раҳмон дар дидор бо Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохила ва Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти умумии Афғонистон, масоили амниятӣ ва низомии ду кишвар, аз ҷумла тақвияти ҳифозат аз марзҳои муштаракро баррасӣ кардааст.

Ин ду мақоми аршади амниятии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 26 июл ба сурати ғайримунтазира ва ба манзури баррасии вазъият дар марзҳои ду кишвар дар минтақаи Бадахшон, вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шудаанд.

Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон, низ дар гуфтугӯйе телефунӣ "бо ибтикори ҷониби афғонӣ" ин масоилро баррасӣ карда буданд.

Дар мулоқоти вазири дохила ва раиси амнияти умумии Афғонистон бо Президент Раҳмон масоили марбут ба ҳамкориҳои амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши терурисму ифротгароӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шудааст.

Дар сойти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора омадааст: "Таваҷҷуҳи зиёд, ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади (марзи) ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон зоҳир гардид."

"Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ду ҷониби марз босамар идома дорад."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллӣ дар устони Бадахшон мегӯянд, ки фармондеҳони маҳаллии бонуфуз дар ин минтақа, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, ва ҷангсолорон дар вилояти Бадахшони Афғонистон аз муддатҳо қабл "бо ҳам рафтуомад" доштанд.

Аммо ба гуфтаи сокинон, оқои Айёмбеков, ки то кунун раёсати умури марзбонӣ дар минтақаи Ишкошимро ба уҳда дошт, ва фармондеҳони дигари маҳаллӣ "дар айёми сахтӣ" дар замони ҷанги дохилӣ ва баъд аз он, аз мардуми маҳаллӣ ҳимоят мекарданд ва "ба онҳо орду равған ва маводди дигарро тақсим мекарданд."

Зимнан, пештар хабарҳое мабнӣ бар фирори Толиб Айёмбеков, саркардаи шӯришиён дар Хоруғ, ба манотиқи кӯҳистонии Бадахшони Афғонистон мунташир шуд, аммо ҳеч манбаъи муътамаде ин хабарҳоро таъйид накардааст.

Ҳамчунин, тибқи ахбори расида, дар наздикии кӯли Шева, дар минтақаи Шуғнони Афғонистон, ки ба шаҳри Хоруғ наздик аст, беш аз 200 нафар "барои пайвастан ба шӯришиёни мухолифи давлати Тоҷикистон дар Хоруғ" таҷаммуъ кардаанд.

Аммо ҳеч манбаъи расмӣ ин хабарро таъйид накардааст. Ба далели қатъи комили иртиботот бо Бадахшон таъйиди ин хабарҳо аз сӯйи манобеъи мустақил ва муътамад душвор аст.

Талафоти ғайринизомиён

Дар ҳамин ҳол, раиси дастгоҳи ҳукумати вилояти Бадахшон пас аз ду рӯзи даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳи онҳо дар шаҳри Хоруғ вуҷуди талафоти ҷонӣ дар миёни афроди ғайринизомиро расман таъйид кард.

Рамазон Таваккалов рӯзи панҷшанбеи 26 июл дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки шумори афроди ғайринизомии кушташуда дар даргирии Хоруғ панҷ нафар аст.

Рӯзи гузашта бархе расонаҳо дар истинод ба манобеъи маҳаллӣ гузориш доданд, ки Қодири Қосим, устондори Бадахшон, низ дар мулоқот бо мардуми маҳаллӣ аз кушта шудани шаш ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, дар ҷараёни даргирӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ин афрод аз гулӯлаҳое, ки тактирандоз (снайпер)-ҳои номаълум шиллик кардаанд, ҷони худро аз даст додаанд.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки пештар телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар истинод ба Вазорати умури дохилӣ ва Кумитеи давлатии амнияти миллӣ эълом карда буд, ки дар даргирии Хоруғ "ҳеч фарди ғайринизомӣ осеб надидааст."

Дар муқобил, бархе аз расонаҳо дар истинод ба манобеъи мутақилли маҳаллӣ, шумори қурбониён аз ҷумлаи афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакону занон ва навҷавонон дар шаҳри Хоруғро даҳҳо нафар хонда буданд.

Манобеъи маҳаллӣ аз ҷумла аз кушта шудани се маъмури оташнишонӣ "ба дасти нерӯҳои давлатӣ" хабар додаанд, вале ин хабар ҳам расман таъйид нашудааст.

Оқои Таваккалов гуфт, ки дар миёни афроди ғайринизосии кушташуда кӯдакон ва навҷавонон нестанд. Вай афзуд: “Дар маҷмӯъ, 18 нафар дар шаҳри Хоруғ дар ин амалиёт кушта шуданд, ки 13 нафари онҳо афроди ҷиноятпеша буданд. Панҷ нафари дигар шаҳрвандони осоишта буданд. Яке аз панҷ шаҳрванди кушташуда бар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст додааст.”

Оқои Таваккалов мегӯяд, ки вазъи кунунии шаҳри Хоруғ ором аст ва ин хабарро, ки гӯё нооромиҳо ба манотиқи дигари вилояти Бадахшон доман густардааст, такзиб кард.

Вай гуфт: “Вилояти Бадахшон комилан ором аст ва ҳоло, яъне соъати 17:00 ба вақти маҳаллӣ гуфтушунид миёни мақомот ва намояндагони ҷониби дигар барои таслими онҳо ва аслиҳаашон идома дорад.”

Ин масъули устондории Бадахшон беш аз ин иттилоъ надод.

Амалиёти давлат барои поксозии шӯришиён дар шаҳри Хоруғ рӯзи сешанбеи 24 июл ба дунболи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар устони Бадахшон дар як муноқиша дар ҳумаи шаҳри Хоруғ оғоз шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон теъдоди афроди кушташуда дар ҷараёни даргирӣ бо шӯришиёнро беш аз 40 нафар хондааст, ки 12 нафар аз онҳо нерӯи давлатӣ ва 30 нафари дигар аз ҷумлаи афроди ба гуфтаи мақомот "ҷинояткор" будаанд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд давлат беш аз 3000 нерӯро бо шумули тонку зиреҳпӯшҳо ва чархболҳо барои анҷоми амалиёт алайҳи шӯришиёне, ки шуморашон аз 200 нафар бештар набудааст, ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, басиҷ кардааст.

Би-Би-Си

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi