09:50:07 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИТТИҲОМИ 'ДУХТАРДУЗДӢ' АЛАЙҲИ ФАРМОНДЕҲОНИ БАДАХШОН

Додситонии кулли Тоҷикистон фармондеҳони Бадахшонро дар "духтардуздӣ" муттаҳам кард. Дар баёнияи расмии Додситонии кулл чаҳор нафар фармондеҳи бадахшӣ ва "балегӯю ҳамфикрони" онҳо ба рабуда шудани чаҳор духтар ва талош барои интиқоли онҳо ба Афғонистон муттаҳам шудаанд.

/images/stories/2012/08/09_kharugh-090812.jpgГуфта мешавад, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназаров, Толибек Айёмбеков, Ёдгор Маҳмадасламов бо иртикоби ҷароиме, назири “одамкушӣ, қочоқи маводди мухаддир ва хариду фурӯши одамон даст зада, бо ноором сохтани вазъият фаъъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро халалдор месохтанд.”

Додситонии кулли Тоҷикистон иддаъо дорад, ки маъмурони интизомӣ борҳо ба ин афрод тавсияи кардаанд, ки аз ин амволи ҷиноӣ даст кашанд, вале вазъ ҳамчунон боқӣ мондааст. Дар баёния омадааст, ки тибқи иттилоъи пулиси Тоҷикистон, дар ду соли ахир дар шаҳри Хорғ ва атрофи он чаҳор мавриди духтаррабоӣ рух дода ва “то ба имрӯз ягонтоаш ошкор ва ҷойи будубоши се нафари онҳо бошад, умуман муайян карда нашудааст.”

Аз ҷумла, Додситонии кулл бо шарҳи бархе аз ин маворид ишора карда ва афзудааст: “Гумон меравад, ки Нигораи ноболиғ дучори амалҳои ҷинояткоронаи яке аз гурӯҳҳои дар боло қайдгардида гаштааст.”

Додситонӣ аз қавли яке аз ҷабрдидаҳо иддаъо кардааст, ки бархе аз духтарҳои рабудашуда ба Афғонистон мунтақил шудаанд. Дар баёния Омадааст: “Аз эҳтимол дур нест, ки дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои ВМКБ чунин ҳолатҳо зиёд бошанд, аммо бинобар таъсири гурӯҳҳои ҷинояткорӣ дар ин манотиқ амалкунанда, онҳо низ ба қайд гирифта нашуда, ошкор нагардидаанд.”

Таъкид шудааст, ки дар ин баёния асомии ҷабрдидаҳо ба хотири таъмини амнияти онҳо тағйир дода шудааст. Рӯзи чаҳоршанбеи 8 август низ Додситонии Тоҷикистон бо пахши баёнияе дигар аз боз кардани парвандаи ҷионӣ алайҳи Ёдгор Маҳмадасламов ва Толиббек Айёмбеков хабар дода буд.

Додситонӣ иддаъо кардааст, ки ин ду фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолиф аз “Амонатбонк” вом гирифта ва бо гузашти чаҳор сол ин маблағҳоро бозпас надодаанд. Гуфта шудааст, ки пайвандони Маҳмадасламов Ёдгор “бо таъсири бевоситаи” вай аз “Амонатбонк” 350 ҳазор сомонӣ маблағро бо баҳраи солонаи 20 дарсад ба муҳлати 2 сол мегирад, аммо бозпас намедиҳад.

Ба ҳамин тартиб Толиббек Айёмбеков низ 455 ҳазор сомонӣ вом мегирад ва низ бозпас намедиҳад. Гуфта мешавад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аввали августи соли ҷорӣ дар ин замина алайҳи ин ду фармондеҳи собиқ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Қаблан низ Додситонии кулл ва ниҳодҳои дигари интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифи давлат дар вилояти Бадахшонро ба иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир ва табоку муттаҳам карда буданд.

Ҳамчунин ин фармондеҳон дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти вилояти Бадахшон, мазнун дониста шуданд. Вазорати кишвар ва Кумитаи амнияти Тоҷикистон бо ироаи ин иттиҳомот эълом доштанд, ки барои боздошти ин афрод дар шаҳри Хоруғ 24 июл амалиёти вижа оғоз карданд.

Дар пайи ин амалиёт ҳудуди панҷоҳ нафар, аз ҷумла 18 маъмури амниятӣ ва интизомӣ, 30 пайкорҷӯ ва чанд тан аз афроди ғайринизомӣ кушта шудаанд. Дар пайи масдуд шудани иртиботи телефуни ҳамроҳ бо шаҳри Хоруғ дарёфти шарҳи фармондеҳони собиқ дар робита ба иттиҳомоти Додситонии кулл ғайримумкин шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi