11:11:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ВАЪДАИ МАҚОМОТ БАРОИ ТАҲҚИҚИ КУШТОРИ ЯК СОКИНИ ХОРУҒ

Дар пайи ваъдаи мақомот, ки гуфтаанд, қазияи куштори сокини Хоруғро баррасӣ хоҳанд кард, эътирозгарон пароканда шудаанд.

/images/stories/2012/08/12_etirozot-khorugh-120812.jpgДар Хоруғ миёни гирдиҳамомадагон ва мақомоти давлатӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки қазияи куштори як сокини маҳаллӣ аз дасти сарбози ҳукуматӣ бо роҳи қонунӣ ҳал шавад. Як манбаъ дар мақомоти ҳукуматӣ дар Бадахшон ба мо гуфт, ба гирдиҳамомадагон ваъда шудааст, ки гурӯҳи вижаи таҳқиқотӣ парвандаи ин қазияро таҳқиқ ва дар доираи қонун ҳал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи маҳаллӣ мегӯянд, як нафари дигар бо номи Рашид Мастибеков, ки низ сахт ҷароҳат бардошта буд, дар бемористон ҳалок шудааст. Вай щамагь 25 сол дошта, соли гузашта издивоҷ кардааст.

Рӯзи 10-уми август дар маҳалли Бидурди даромадгоҳи Хоруғ аз тири нерӯҳои ҳукуматӣ Воҳид Мамадиков, донишҷӯ ва сокини шаҳр кушта ва ду тани дигар захмӣ шуда буданд. Онҳо вақте мавриди тирборон қарор гирифтанд, ки бо мошин посгоҳро гузашта буданд. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, онҳо ҳангоми убур аз посгоҳ ба ҷониби сарбозони ҳукуматӣ ҳарфи таҳқирро раво дидаанд, аз ин хотир, ахириҳо маҷбур шудаанд, ки ба онҳо оташ кушоянд.

Мақомоти додситонии вилоят дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо ин манбаъ ронандаро айбдор кард, ки ба ишораи нозири роҳ таваҷҷӯҳ накарда, ҳаракатро идома додааст. Аммо сокинон мегӯянд, сарбоз бояд пеш аз нишон гирифтани автомашина, ба хотири огоҳ кардан ба ҳаво тир холӣ мекард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сокинон, Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) метавонист муҷримро бидуни тирандозӣ дар шаҳр дастгир ва муҷозот кунад.

Ба ин хотир, субҳи рӯзи 11-уми август дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ, дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ, зиёда аз 500 нафар аз ҷавонон таҷаммӯъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон, дар рӯбарӯи таҷаммӯъкунандагон изҳор доштанд, ки аз замони эълони оташбас аз ҷониби раисиҷумҳур то ба имрӯз, барои ба маҷрои ҳаёти осоишта баргардонидани маркази вилоят корҳои зиёде анҷом дода шудаанд, ки дар он мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ, халифаҳо ва афроди алоҳида саҳм доштанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Файзов, марҳилаи бозгашти нерӯҳои ҳукумат ба мақар (қароргоҳ)-и доимияшон ба таври густурда аз дирӯз (10-уми август) шурӯъ шуд, аммо анҷоми марҳила ба марҳилаи он вақт мехоҳад. Вай изҳори боварӣ кард, ки ҳодисаи таассуфангези, ки рӯзи 10-уми август ба вуқӯъ пайваст, раванди барқарории суботро халадор нахоҳад кард ва ин қазия дар асоси қонун аз ҷониби ниҳодҳои марубута баррасӣ хоҳад шуд.

Раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон ҳамчунин дар рӯбарӯи тазоҳуркунандагон изҳор дошт, ки раванди халъи силоҳ шароитро барои ҳаёти осоишта фароҳам сохтааст ва аз ҳозирон дархост кард, ки майдонро тарк кунанд. Гирдиҳамомадагон пас аз изҳори андешаҳо ва нигаронии худ аз ҳодисаи дирӯз, майдонро тарк карданд ва пароканда шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi