ҲАМОИШИ РУСТАБОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ҳамоиши севуми Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон ҳушдор дода шуд, ки мумкин аст, баъд аз тасвиби Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷирати атбоъи боқимондаи рустабор аз ин кишвар афзоиш ёбад.
Ин ҳамоиш, ки рӯзи шанбе, 19 –уми сентябр дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, ду рӯз идома хоҳад дошт. Дар кори ин кунфаронс намояндагони ҷамъияти русҳои Тоҷикистон аз ҳамаи устонҳо ва манотиқи мухталифи ин кишвар гирдиҳам омада будаанд. Суханронони ин ҳамоиш ба он таъкид кардаанд, ки дар сурати тасвиби Қонуни забони давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, мумкин аст афроди рустабор аз ин кишвар куч банданд.
Ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулони Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон, дар ин кишвар теъдои беш аз 30 ҳазор нафар афроди рустабор ба сар мебаранд. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки баъид медонанд, сабаби аслии муҳоҷирати афроди рустабор аз Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ бошад. Онҳо мушкили иқтисодиро яке аз сабабҳои умдаи кучи рустаборон аз Тоҷикистон ба ватанашон унвон мекунанд.
“Он сӯйи девори толори кунфаронс”
Дар ҳоле, ки ҳамоиши Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон дар толори “Маркази рус”-и дар Донишгоҳи Словякии Тоҷикистон дар ҳоли идома буд, дар он сӯйи девор ин толор Валентина Петровна, як хонуми солманди рустабор ва Татяна хонуми нисбатан ҷавони рус машғули гадоӣ буданд. Валентина Петровна мегӯяд, ки якуми октябр маросими ёдбуди писари куҷулуяш аст, ки ду ҳафта қабл дар рудхона ғарқ шуда буд.
Хонум Валентина мегӯяд: “Ман манбаъи даромад барои рӯзгор надорам, ва ҳуқуқ ё маъоши бознишастагии андак дарёфт мекунам. Манзиламро низ барои пардохти қарзҳоям даҳ соли қабл ба фурӯш монда будам. Ҳоло яке аз дӯстонам манзилашро то авохири фасли сармои соли ҷорӣ дар ихтиёри мо гузоштааст. Барои маросими ёдбуди фарзандам сармоя гадоӣ мекунам.” Татяна дар тақвияти суханони Валентина бону гуфт, ки бо корҳои мавсими машғул аст, ва ҷойи кори доимӣ надорад.
Аз ин хонумҳо пурсидам, ки оё онҳо медонанд дар паси деворе, ки онҳо он ҷо нишастаанд, чи мегузарад, ва аз ҳамоиши ҳамватанони худ иттилоъ доранд ё хайр? Ҳар ду хонуми гадо мегӯянд, ки аз ин нишаст хабар надоранд ва афзун бар он ҳатто намедонанд, ки дар Тоҷикистон чи гуна анҷуманҳо ва созмонҳои марбут ба ҳамватанони онҳо вуҷуд дорад. Ҳамчунин Татяна афзуд: “Ба мо касе кумак намекунад, ва мисли мо афроди рустабори бесарпаноҳ дар шаҳри Душанбе зиёд ҳастанд.”
Адами сармояи зарурӣ
Татяна Мелникова, раиси Шӯрои ҳамватанони Русия мегӯяд, ки аз вазъи риқатбори зиндагии бархе аз афроди рустабор дар Тоҷикистон масъулони анҷуманҳо ва созмонҳои онҳо хабар доранд, вале мушкили молӣ ба онҳо имкони ироаи кумак ба ҳамаи онҳоро намедиҳад.
Ҳамчунин хонум Мелникова афзуд: “Мо аз он низ иттилоъ дорем, ки бархе аз сокинони рустабор бо фиреб ва иҷборан аз манозилашон ба берун ронда шудаанд. Мо имкон пайдо кардем, ки барои бархе аз афроди солманди рустабор мадорики манзили онҳо ва шиносномаҳои гумшудаашонро барқарор кунем ва барои онҳо дар хонаҳои солмандон сарпаноҳе пайдо кунем.”
Ҳамчунин ин масъули Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки яке аз аҳдофи ҳамоиш ва нишастҳои ҳамватанон низ барои пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти атбоъи рустабор дар ин кишвар будааст.
“Ҳамоиш ба хотири ҳамоиш”
Ада Кадзаева, як хонуми рустабори муқими Тоҷикистон, яке аз меҳмонони ширкаткунандаи дар кунфаронси ҳамватанони Русия дар шаҳри Душанбе аст. Хонум Кадзаева мегӯяд, ки аз соли 1947 бад ин сӯ дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Ба гуфтаи ин хонум ҳамоиши имрӯз низ ба монанди нишастҳои дигари русзабонон танҳо ба хотири ҳамоиш аст ва барои андак афроди ширкаткунанда дар он судманд хоҳад буд.
Хонум Кадзаева афзуд: “Мутаасифона натиҷаи чунин нишастҳои танҳо дар қатъномаҳои он мунакиз хоҳад шуд ва барои сокинони рустабори Тоҷикистон ҳеҷ беҳбудие нахоҳад овард. Ман худам чун яке аз русзабонон эҳсос мекунам, ки ҳузури ман дар Тоҷикистон барои ҳамаи қишри ҷомеъи имрӯзӣ хушоянд, нест. Фарзи мисол ман парастор ҳастам ва ахиран пизишки бемористоне, ки ман дар он ҷо фаъолият мекунам, борҳо таъкид кард, ки ҷои корамро тахлия кунам. Ҳарчанд ман парастори собиқадор ҳастам.”
Дар соли 1986 дар Тоҷикистон беш аз 450 ҳазор нафар аз афроди рустабор ба сар мебурданд. Aз авоили солҳои 1990 милодӣ аксари ин афрод ба Русия куч бастанд ва бар асоси иттилоъи ғайрирасмӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор нафар русҳо, 8 ҳазор нафар тоторҳо ва як ҳазор осетинҳо ба сар мебаранд.
Фардо кори кунфаронси Шӯрои ҳамватанони Русия дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт, ва дар ҷараёни он вакилон aз ҷумлаи рустаборони Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии ҳамватанони Русия интихоб хоҳанд шуд.
Би Би Си