00:27:23 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАРВОЗҲОИ МАСКАВ ГАРОН ШУДАНД

Наздик ба 40 дарсад боло рафтани нархи парвоз ба Маскав аксари мусофиронро нороҳат кардааст. Яке аз онҳо, ки Муҳиддин ном дорад, гуфт, баробари нархи кӯҳна пул қарз карда буд ва ҳоло намедонад, бақияи пулро барои харидории билет ба Маскав аз куҷо пайдо кунад: «Ду ҳафта  пеш нархи чиптаро пурсидем гуфтанд, 1800 сомонӣ, аммо ҳоло мегӯянд 2590 сомонӣ шудааст. Ба гуфтаи чиптафурӯшҳо, рӯзҳои баъд шояд нарх боз ҳам қиматтар шавад. Ҳамин ҷо ҳайрон мондаам чӣ кор карданамро намедонам».

/images/stories/2012/08/29_aviakassa-290812.jpgКормандони кассаҳои билетфурӯшӣ мегӯянд, ин нарх низ ниҳоӣ набуда, эҳтимоли боз ҳам гаронтар шудани чиптаҳо  вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, афзоиши талабот сабаби тағйири нарх шудааст: «Қабл аз иди Рамазон нархҳо 1800-1900 сомониро ташкил медод, лекин ҳоло бинобар он ки мавсими дарсҳост ва донишҷӯён мехоҳанд ба дарсҳои худ бирасанд, нархи билет баланд шуд. Аммо баъд аз 15-уми сентябр нархҳо дигарбора арзон мешаванд».

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» Лола Кенҷаева болоравии нархҳоро дар ин мавсим “табиӣ ва маъмулӣ” номид: «Вақте ки дар бозор талабот ба интиқолҳои ҳавоӣ кам мешавад ва мусфир нест, мо нархҳоро хеле ҳам пойин мебарем. Ҳоло ба таври миёна ба самти Маскав чиптаҳо аз 420 то 450 евро муайян шудааст. Аммо нарх ҳар лаҳза иваз мешавад. Бояд гуфт, мо нархи чиптаҳоро ҳамеша бо хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ҳамоҳанг мекунем».

Ҳамзамон хонум Кенҷаева мегӯяд, ширкати «Тоҷик-Эйр» арзиши билетҳои Маскавро 20 евро баланд кардааст, аммо чуноне ба назар мерасад, нархи билетҳо дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ аз 130 то 140 доллар афзоиш ёфтааст. Ҳолдонҳо чунин беназмӣ дар нархгузориро ба он рабт медиҳанд, ки бархе аз соҳибони дӯконҳои чиптафурӯшӣ худсарона ба нархи билетҳо изофа мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Рустам Бобоҷонов, иқтисоддони тоҷик,  дар кишварҳои дигар баракс афзоиши талабот боиси пойин овардани нархҳо  мешавад:

​​«Дар кишвари мо дар ин соҳа танҳо ду ширкати ҳавопаймоӣ, яъне Сомон-Эйр ва Тоҷик-Эйр  фаъолият мекунанд ва миёни онҳо ягон мусобиқае мавҷуд нест. Ва набуди рақобат боиси он шудааст, ки маҳз ҳамин ду ширкати монополистӣ нархҳоро муайян мекунанд. Ёд дорам, тахминан панҷ соли пеш, вақте Тоҷик-Эйр нархҳоро 10 фоиз баланд карда буд, Хадамоти зидиинҳисорӣ қарор бароварда буд ва ҳукумати Тоҷикистон онро имзо гузошт. Ва тибқи он маблағҳое, ки изофа шуданд, ба буҷаи давлат гузаронида шуданд».

Бо ин ҳама бархе аз соҳибони дӯконҳои чиптафурӯшӣ мегӯянд, дар мавсими имсола назар ба солҳои қаблӣ  нархҳо каме дертар боло рафтанд. Зеро мавсими сафари муҳоҷирон ва донишҷӯён  ба Русия пас аз таътилу истироҳатҳо бо манзури таҷлили иди Рамазон то 20-уми август ба таъхир афтода буд. Ва бо гузашти ид бозгашти саросарии онҳо шурӯъ шуд, ки сабаби афзоиши талабот  ва ҷаҳиши нархи чипта гардид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi