БОНКИ ҶАҲОНӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ТОҶИКИСТОНРО АЗ ҲАМА ОХИР ҚАРОР ДОД
Аз рӯи таҳлилҳои Бонки ҷаҳонӣ аз ҳама кам дар минтақаи Осиёи Миёна мардуми Тоҷикистон дар бонкҳо суратҳисоб доранд, ки ҳамагӣ 3 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ аз ҳама зиёд дар Қазоқистон мардум суратҳисоби бонкӣ доранд, ки 42 фоизи сокинони калонсоли ин кишварро ташкил медиҳад. Дар Ӯзбакистон 23 дар сад ва дар Қирғизистон 4 фисади аҳолӣ суратҳисоби бонкӣ доранд. Бонки мазкур зимни таҳлили дастрасии мардум ба хизматрасониҳои молиявӣ Тоҷикистонро миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама охир қарор додааст.
Тибқи таҳлилҳои ин бонк феълан дар ҷаҳон 2 миллиарду 500 миллион нафар ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрасӣ надоранд ва аз суратҳисоби бонкӣ маҳруманд. Аз се ду ҳиссаи нафароне, ки суратҳисоби бонкӣ надоранд, сабабашро набудани пул мегӯянд. Сеяки мардум аз он шикоят доранд, ки арзиши хизматрасониҳои бонкӣ гарон аст ё худи бонк дар масофаи дур ҷойгир аст, ки расидан ба он вақти зиёд мегирад.
Ҳарчанд масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳудуди 15 бонк фаъолият доранд ва ҷиҳати дастрасии мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ шумораи намояндагиҳояшонро дар навоҳӣ зиёд намуда истодаанд, вале ба қавли бархе аз сокинон мушкилоти хизамтрасониҳои бонкӣ на танҳо дар деҳот, балки пойтахт низ вуҷуд дорад.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»