23:26:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАШАББУСИ АМРИКОИҲО “ОЗУҚАВОРӢ БА ХОТИРИ ОЯНДА” АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҳафтаи гузашта дар иҷлосияи 67-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид роҳбарони ҷаҳон оид ба дастовардҳои ҳадафҳои рушди ҳазорсола, бахусус кӯшишҳо дар мубориза бар зидди гуруснагӣ ва норасоии ғизо ҳисобот доданд.

/images/stories/2012/10/05_oon-051012.jpgБарои аз байн бурдани гуруснагӣ дар ҷаҳон аз давлатҳо, донорҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, академияҳо, ҷомеъаҳои шаҳрвандӣ, тоҷирон ва ихтироъкорон андешидани тадбирҳои пурра ва ҳамоҳангшуда талаб карда мешавад. Норасои ғизо ба саломатӣ ва рушди шаҳрвандон таҳдид карда, осоиштагии ҷомеъаро зери хатар мегузорад. Ин амал метавонад пояи идоракунии хубро суст карда, ба низову зӯроварӣ  оварда мерасонад.

Дар ҷаҳон ҳукумати Амрико иқдоми коҳиш додани сатҳи гуруснагӣ ва бехатарии озуқавориро пеш мебарад. Иқдоми мазкур ду ҳадафи муҳимро дунболагирӣ мекунад: беҳтар намудани истемоъли ғизо, ки  суст инкишоф ёфтан ва фавти милионҳо тифлонро пешгирӣ мекунад; баланд бардоштани даромади миллионҳо одамон, ки ҳаёташон аз соҳаи кишоварзӣ тавассути истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дастрас намудани маҳсулот ба бозорҳо ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ, вобастагӣ дорад.

Дар Тоҷикистон, барномаи ҳукумати Амрико « Озуқаворӣ ба хотири фардо» ба оилаҳои деҳоти вилояти Хатлон имконият медиҳад, ки зироатҳоеро кишт кунанд, то ба зиёд гардидани даромад ва беҳтар намудани ғизои солим мусоидат кунанд. Бо таваҷҷӯҳи хоса нисбати хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бахусус нисбати деҳқонзанон, барномаи «Озӯқаворӣ ба хотири фардо» ба кишти зироатҳои сердаромад, аз қабили помидор ва пиёз, ба баланд бардоштани даромад, коҳиш додани сатҳи гурснагӣ ва беҳтар намудани истеъмоли ғизо мусоидат менамояд.

Ҳамкорӣ бо деҳқонон ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои нав бо мақсади фурӯши маҳсулот дар чорчубаи барномаи мазкур суръат мегирад. “Озӯқаворӣ ба хотири фардо” инчунин бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеъаҳои шаҳрвандӣ ҷиҳати ба деҳқонзанон фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои омӯзиш ва баҳраманд гардидан аз ҳуқуқҳои худ дар истифодаи замин зич ҳамкорӣ  мекунад.

Дар давоми панҷ сол қариб 201 ҳазор шаҳрвардони Тоҷикистон – асосан хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ ва беҳтар гардонидани истеъмоли ғизо кӯмаки мақсаднок мегиранд. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, барномаи мазкур ба зиёд гардидани даромади аҳолии камбизоат мусоидат менамояд, дастрасиро ба ғизо таъмин намуда, сатҳи норасоии онро коҳиш медиҳад.

Дар се соли охир Тоҷикистон бо дастгирии донорҳо дар баланд бардоштани бехатарии озуқаворӣ ва беҳтар гардонидани истеъмоли ғизо ба пешравиҳои бузург ноил гаштааст. Соли гузашта сармоягузориҳои ҳукумати Амрико барои баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзии Тоҷикистон ба зиёд гардидани хаҷми фурӯши маҳсулот ба маблағи зиёда аз ду (2)миллион доллари ИМА мусоидат намуд. Тавассути аз худ кардани таҷрибаҳои беҳтарини технологӣ, ширкатҳои тоҷик саҳми худро дар зиёд намудани ҳаҷми фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ  ба маблағи 1.5 миллион доллари ИМА гузоштанд.

Дар чорчубаи барномаҳои ҳукумати Амрико 30000 аҳолии деҳот дар ҷодаи истифодаи ҳуқуқи замин омӯзонида шуданд ва инчунин дар доираи барномаҳои кӯмакҳои ҳуқуқии он 94% мубоҳисаҳои судӣ оид ба истифодаи замин бомаваффақият ҳали худро ёфтанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки барномаҳои ҳукумати Амрико инчунин 56 иттиҳодияҳои истифодабарондагони обро баҳри беҳтар намудани назорат, идоракунии системаҳои обёрӣ хоҷагии қишлоқ ва маблағгузории ин соҳа дастгирӣ намуд.

Бо шарофати ҳамкории муштараки ҳукумати Амрико ва мардуми Тоҷикистон барои пешрафти устувор дар мубориза бар зидди гуруснагӣ дар чаҳон замина гузошта шуд. Чӣ тавре, ки Котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон таъкид кардаст: «Агар мо сармоягузорӣ ва захираҳои худро мақсаднок равона кунем, имкониятҳои ҳамкориро дарёфт намоем, дар бораи дастовардҳои хеш ҳамдигарро огоҳ кунем, мубодилаи афкор ва таҷриба намоем, аз иштибоҳҳои ҳамдигар сабақ гирем, маъсулиятнок бошем, мо дар коҳиш додани сатҳи гурснагӣ ва камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон муваффақ хоҳем шуд».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi