14:15:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВАКИЛИ МУДОФЕЪ: "МУМКИН АСТ, ҶӮРАЕВ ҲУКМИ АБАД ГИРАД"

Додситонӣ хостааст, ҷурмҳое, ки дар ибтидо алайҳи Низомхон Ҷӯраев эълон шуда буд, дубора ба парвандааш ҳамроҳ шавад.

/images/stories/2012/10/09_juraev-091012.jpgЯке аз вакилони мудофеи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи Корхонаи кимиёи Исфара, ба ҳабси абад маҳкум шудани нафари таҳти ҳимояташро аз эҳтимол дур надонист. Файзиннисо Воҳидова рӯзи сешанбеи 9-уми октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Додситонии кул бо дастури хаттӣ тақозо кардааст, ҳамаи айбу ҷурмҳое, ки дар ибтидо алайҳи Низомхон Ҷӯраев эълон шуда буд, дубора ба парвандааш ҳамроҳ шавад.

Хонум Файзиннисо афзуд, “бе ягон асос супориш додаанд, ки Ҷӯраевро бо тамоми моддаҳо муттаҳам карда, парвандаи ҷиноиашро ба додгоҳ ирсол намоянд. Ҳукми абад диҳанд. Инҳо мехоҳанд, бо ҳамин, ҳамаи камбудҳои худро пинҳон доранд."

-Воқеан ҳам, ба Низомхон Ҷӯраев ҳукми абад таҳдид мекунад?

-Аз эҳтимол дур нест. Ӯро бо моддаҳои 104 ва 187, аз ҷумла ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам карданиянд, ки танҳо худи ҳамин аз 15 то 20 сол ҷазои маҳрумяит аз озодиро дар пай дорад. Инчунин, ӯро дар куштори барқасдона муттаҳам медонанд.

Низомхон Ҷӯраев пештар дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, нигаҳдории силоҳ, сирқати амвол, куштор, пулшӯӣ ва қатли ноиби додситони кулли кишвар Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор мешуд. Аммо Оҷонси зидди фасод эълон дошта буд, ки ҷурмҳои ҷиноии Низомхон Ҷӯраев, аз ҷумла "созмони гурӯҳи ҷиноӣ" ҳазф карда шудааст.

Ба қавли вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова, ҳоло як навъ саросемагӣ аз тарафи Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ дар амри тафтиши парвандаи Низомхон Ҷӯраев дида мешавад. Ӯ гуфт, агар парванда саросема тафтиш шавад, ин имкон намедиҳад, ҷузъиёти амалҳое, ки ба онҳо Ҷӯраев айбдор карда шудааст, тафтиш карда шавад.

Воҳидова далели шитобзадгӣ барои анҷоми тафтиши парвандаи Низомхон Ҷӯраевро ин гуна шарҳ дод: "Онҳо мехоҳанд, ҳам Ҷӯраев маҳкум шуда равад ва ҳам 33 нафар "исфарагиҳо", ки ба парвандаи Ҷӯраев рабт доранд, дар маҳбас монанд. Дар паси ин ҳама бозиҳои сиёсӣ меистад."

Аз ин рӯ, хонум Файзиннисо меафзояд, тасмим гирифтаанд ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат карда, оид ба вазъи пешомада ба унвони раисиҷумҳур низ нома фиристанд.

Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007-ум таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Моҳи августи соли 2010-ум дар Маскав бо дархости вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт шуда,  рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ аз боздошт раҳо ва дар Маскав ғайб зад.

Ӯ танҳо шоми рӯзи 7-уми апрел дар телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" зоҳир шуд ва эълон кард, ки бо хоҳиши худаш ба Тоҷикистон бозгашта, худро ба мақомоти амниятӣ таслим кардааст.  Ҳоло Низмохон Ҷӯраев дар озодист ва мунтазири анҷоми тафтиши парвандааш мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi