19:33:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

200 СОМОНӣ "ҲАҚҚИ МОМОДОЯҲО" ДАР КӮЛОБ ҚОНУНИСТ?

Иддае аз сокинони Кӯлоб мегӯянд, ҳарчанд баъзе хадамот дар зоишгоҳҳо бепул аст, аммо табибон аз онҳо пул меситонанд. Волидайни атфоли навзод мегӯянд, дар таваллудхонаи Кӯлоб барои шиносномаи эмгузаронии кӯдак ва муайян кардани гурӯҳи хун 40 сомонӣ талаб карда мешавад. Илова бар ин, "ҳамчун ҳақи момодояҳо" 200 сомонии дигар низ пардохт мешавад.

/images/stories/2012/10/11_tavalludkhona-111012.jpgГулчеҳра, як сокини Кӯлоб, ки набераашро аз таваллудхона берун овардааст, мегӯяд, ҳарчанд, 30 сомонӣ барои муайян кардани гурӯҳи хун маблағ пардохт карда бошанд ҳам, аммо дар амал касе ин корро анҷом надодааст. Инчунин, барои шиносномаи эмгузаронӣ, ки дар пушташ ройгон (бепул) будани он таъкид шудааст, дар ин таваллудхона даҳ сомонӣ талаб кардаанд.

Ӯ мегӯяд, "дар таваллудхона гуфтанд, ки барои муайн кардани гурӯҳи хуни модари кӯдак 30 сомонӣ диҳед ва барои шиноснома даҳ сомонӣ. Пардохт кардем, вале вақте гуфтем, гурӯҳи хунаш чанд  аст, гуфтанд, ҳоло дар шиноснома менависем. Шиносномаро гирифтем, гурӯҳи хун навишта нашудааст."

​​Бо чунин мазмун наздики даҳ нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб низ шикоят доштанд. Аммо Анварбӣ Сафарова, сардухтури ин таваллудхона гуфт, аксари хизматрасониҳо дар таваллудхона пулакӣ ҳаст. Мусоҳиби мо афзуд, воқеан, шиносномаи эмгузаронӣ ройгон аст, аммо муайян кардани гурӯҳи хун 14 сомонӣ арзиш дорад, на 30 сомонӣ. Ӯ гуфт, онҳо танҳо дар асоси қонун аз сокинон маблағ мегиранд:

"Мо аз рӯи қонун кор мекунем. Дар ин қонун нархномаҳо пешниҳод шудаанд ва дар девори таваллудхона овезон аст. Имтиёзҳо ҳаст, аммо барои нафарони камбизоат ва дар рӯйхати бекорони шуғли аҳолибуда. Онҳо дар ин бора ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд ва мо ба назар мегирем. Дигар касе маблағи иловагӣ намегирад."

Шариф Ҳасанов, корманди ташхисгоҳи ин таваллудхона, низ мегӯяд, бисёре аз сокинон нозукиҳои корро сарфаҳм намераванд ва аз ин рӯ нофаҳмиҳо рӯй медиҳад. Ӯ мегӯяд, "то агар кӯдак ягон бемори ҷиддӣ нашавад, гурӯҳи хуни ӯро муайян намекунем. Мо танҳо гурӯҳи хуни модаронро муайян мекунем. Аз ин рӯ, баъзе нофаҳмиҳо мешавад."

​​Ба ин тартиб, аз меъёри муқарраршуда мабалғ гирифтанро масъулини таваллудхона рад мекунанд. Аммо сокинон мегӯянд, на танҳо дар таваллудхона, балки дар ҳама идораҳои дахлдор барои додани ягон ҳуҷҷат аз меъёри дар қонун муайяншуда зиёд пул мегиранд. Баҳриддин Сангмадов, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, ба наздики барои фарзандаш шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳодатнома на бештар аз 5 сомонӣ арзиш дорад, аммо аз ӯ 15 сомонӣ, яъне ду баробар зиёдтар маблағ гирифтанд. "Ҳатман маблағи аз меъёр зиёд пешбинишуда талаб мекунанд. Ҳам дар шаҳодатномагирӣ ва ҳам дар ташхиси хун. Агар каме худро қонундон гирӣ, онҳо, ба истилоҳ, чап мегиранд ва корат ба зудӣ ҳал намешавад. Ба ин хотир, сокинон зуд маблағ дода, корашонро ҳал мекунанд ва эътироз ҳам намекунанд",-мегӯяд ӯ.

Шикояти сокинон аз маблағгирии масъулини таваллудхонаи Кӯлоб дар ҳолест, ки масъулини мақомоти додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасод дар Кӯлоб давоми ду соли охир ягон шиквае бо чунин мазмун дарёфт накардаанд. Сокинон мегӯянд, бо шикоят ба мақомот намехоҳанд, барои худ дарди сари зиёдатӣ бихаранд.

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi