03:02:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОРШИНОС: "ИН КӮМАКПУЛӢ КАФАНПУЛИИ ЯК САРБОЗ НАМЕШАВАД"

Вазорати дифои Тоҷикистон аз сарфи назар шудани пешниҳодҳояш ҳангоми ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" изҳори таассуф мекунад. Қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба ҳукми иҷро даромада, бино бар он ҳаҷми кӯмакпӯлиҳо ба низомиён то даҳ маротиба коҳиш ёфтааст.

/images/stories/2012/10/11_saldat-armia-111012.jpgСарҳанг Назармо Эшназарова, як масъули Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар моҳи майи соли гузашта лоиҳаи тағйири қонуни мазкур аз тарафи дастгоҳи иҷроияи президент ба онҳо расида буд, ки коҳиши панҷоҳдарсадии кӯмакпулиҳоро пешбинӣ мекард. Аммо онҳо ҳамон вақт бо далелҳо ва бо имзои вазири дифои Тоҷикистон ба ин лоиҳа посухи рад дода буданд. Вале ҳоло ин ёрдампулиҳоро на танҳо то нисф, балки то даҳ баробар  коҳиш додаанд.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, маблағи муқарраркардаи кӯмакпулӣ ва дигар маблағҳое, ки ба хонаводаи сарбозон ва афсарон ин қонун пешбинӣ мекунад, ба шароити имрӯза мувофиқ нест. Вале онҳо танҳо дар доираи ҳамин муқаррарот амал мекунанд.

Таваҷҷӯҳи вазорат ба масъалаи ёриҳои пуливу молии давлат ба хонаводаҳои сарбозону афсароне, ки дар ҷараёни хидмат ва амалиёт ё тамрин маҷрӯҳ мешаванд ё ба ҳалокат мерасанд, замоне рӯ зад, ки он аз тарафи Анҷумани ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон "Ампаро" матраҳ  гардид. Ин созмон дар як баёния аз коҳиши мизони кӯмакпулиҳо ба низомиён аз тарафи давлат изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи коршиносони созмони "Ампаро" баъд аз ворид кардани ислоҳот ба қонун дар бораи "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" андозаи ёриҳои давлат ба низомиён ба шиддат коҳиш ёфт.

​​Чунончӣ, бар пояи қонуни пешина ҳангоми вафот ва ё кушта шудани як низомӣ давлат ба хонаводаи ӯ дар ҳаҷми 80 маош ёрии моддӣ меравонд. Аммо акнун он то 10 маротиба коҳиш ёфта, ба 8 маош расидааст. Ёрдампулӣ ба низомии маҷрӯҳшуда низ аз 40 то ба 6 маош кам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бародари Хайриддин Ҷумъақулзода, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки моҳи майи соли гузашта дар яке аз воҳидҳои низомӣ дар вилояти Суғд ба ҳалокат расид, гуфт талоши онҳо барои гирифтани кӯмакпулии Вазорати дифоъ натиҷа надод ва онҳо аз баҳри он гузаштаанд. Бо ин вазъ иллати коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои низомиён аз сӯи давлат чӣ буда метавонад?

Раҷабалӣ Одинаев, як масъули Раёсати буҷаи мудофиа дар Вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, онҳо чизеро, ки қонунгузорӣ ва ҳукумат муқаррар кардааст, иҷро мекунанд. Ҷаноби Одинаев афзуд, қонуни мазкур аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шудааст ва ҳама вазифадоранд, онро иҷро кунанд.

Аммо Исмоил Талбаков, узви Кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, коҳиши имтиёз барои сарбозон ва афсарон аз сӯи давлат аз як сӯ ба вазъи иқтисодии кишвар ва аз тарафи дигар аз талаботи созмонҳои байналмилалии молиявӣ бармеояд, ки дар таҳияи қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Талаби ин созмонҳои байналмилалӣ ин аст, ки ҳама гуна кӯмакҳои иҷтимоӣ бояд бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ бошанд.

​​Вале Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, коҳиши кӯмакпулиҳо барои сарбозону афсароне, ки дар мавридҳои истисноӣ мӯҳтоҷ ба гирифтани он мешаванд, ба рӯҳияи  низомиён ва нерӯҳои мусаллаҳ таъсири манфӣ хоҳад дошт. Ӯ афзуд, ин ёриҳое, ки акнун ҳатто ба кафанпулии як сарбоз намерасанд, дар ҷалби сарбозон ба артиш низ мушкил эҷод мекунанд.

Бо ин ҳама, масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мутмаинанд, ки давлат  масъалаи кӯмакпулии  низомиёнро бозбинӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи сарҳанг Назармо Эшназарова, як масъули раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир онҳо лоиҳаи қонуни наверо барои нафақаи ходимон ниҳодҳои қудратӣ омода мекунанд, ки бар изофаи музди баланди бознишастагӣ  ҳамчунин имтиёзҳои бештареро барои беҳбудии  вазъи иҷтимоии низомиён дар назар хоҳад дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi