НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР ТАНЗИМ МЕШАВАД
Тибқи як муссавабаи давлати Тоҷикистон фаъолияти васоили нақлияи мусофирбар дар ин кишвар ва аз ҷумла дар шаҳри Душанбе танзим мешавад. Бар асоси ин санад фаъолияти соҳибони васоили нақлияи хусусии мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд хоҳад шуд. Дар ин бора Назаралӣ Раҳматуллоев, як масъули пулиси роҳи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ рӯзи душанбеи 28 сентябр хабар дод.
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд соҳибони васоили мусофирбари хусусӣ дар шаҳри Душанбе ҳаққ доранд танҳо зери сақфи ширкатҳои расмии мусофирбар фаъолият дошта бошанд. Яъне, онҳо наметавонанд ба гунаи ҳоло мустақилона дар ҷодаҳои шаҳр хадамоти мусофирбариро анҷом диҳанд. Зимнан, коршиносон теъдоди васоили нақлияи мусофирбар дар шаҳри Душанберо беш аз шаш ҳазор адад арзёбӣ мекунанд, ки бахши умдаи онҳо хусусӣ ҳастанд.
Оқои Раҳаматуллоев афзуд, ки агар соҳибони васоили нақлияи мусофирбари хусусӣ бо ширкатҳо ё муассисоте барои ҳамлу нақли танҳо кормандони онҳо қарордод дошта бошанд, пас метавонанд ба ин кор машғул бошанд. Вале мусофирбарии шаҳриро бояд танҳо дар чорчӯби фаъолияти ширкатҳои расмии ҳамлу нақл анҷом дод.
Гузашта аз ин, тасмим шудааст, ҳамаи васоили нақлияи мусофирбар бо шумораҳои вижаи ТТ бо ранги зард таъмин шаванд. Ҳамчунин, васоили нақлияи мусофирбар аз навоҳии дигари кишвар ҳаққ надоранд дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳамлу нақли мусофирон машғул шаванд. Ба ин далел, васоили нақлияи мусофирбар дар манотиқи дигар бо шумораҳое муҷаҳҳаз мешаванд, ки мутамоиз бошанд.
Ба унвони мисол гуфта шуд, ки васоили нақлияи мусофирбар дар шаҳри Душанбе бо шумораҳои дорои ду рақами ахир бо “01” ё “05” ва дар навоҳии Рашт бо “08” ва навоҳии Ҳисору, Шаҳринаву Турсунзода бо шумораи “07” муҷҷаҳаз мешванд. Назаралӣ Раҳматуллоев афзуд, ки ин тасмими давлати Тоҷикистон ба иҷро даромадааст, вале муфодди он дар назар дорад, ки иҷрои комили он марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт.
Ба эътиқоди оқои Раҳматуллоев ҳадафи аслӣ аз иҷрои ин санад таъмини низом дар ироаи хадамоти мусофирбарӣ дар Тоҷикистон будааст. Вале бештаре аз ронандагони васоили нақлияи хусусии мусофирбар, ба вижа, соҳибони минивенҳо аз ин тасмими ҷадиди давлати Тоҷикистон интиқод мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳамакнун соҳибони васоили нақлияи мусофирбари хусусӣ водор мешаванд, бахши бузурги суди худро ба ширкатҳои ҳамлу нақл бипардозанд.
Дар ҳамин ҳол оқои Раҳматуллоев хабар дод, ки интизор меравад, дар зудтарин фурсат дар Тоҷикистон тавзеъи шумораҳои ҷадид барои соҳибони васоили нақлия оғоз шавад. Вай гуфт, ки шумораҳои ҷадид бо ҳуруфи лотинӣ буда, дар он парчами кӯчаки Тоҷикистон низ нақш шудааст. Далели тағйири шумораҳои васоили нақлия мутобиқ сохтани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ унвон шудааст.
Оқои Раҳматуллоев гуфт, ки барои ивази шумораҳо муҳлате муқаррар нашудааст. Ба ин тартиб, шумораҳои феълӣ низ беэътибор намешаванд. Бо мурури замон, зимни хариду фурӯши васоили нақлия онҳо иваз карда мешаванд.
Би-Би-Си