10:53:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ПАНҶ: "АЗ МУРДАҲО ҲАМ АНДОЗ МЕГИРАНД"

Даҳҳо сокини ноҳияи Панҷ дар назди идораи ҳукумати маҳаллӣ таҷаммӯъ карда, хостори шарҳи қазияи пардохти сесолаи андозҳо мебошанд. Тақрибан 50 сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар назди ҳукумати ин ноҳия ҷамъ омада, аз мақомот талаб кардаанд, ки масъалаи пардохти "андози ҳифзи иҷтимоӣ" барои се солро барояшон шарҳ диҳанд.

/images/stories/2012/10/16_nohiyai-panj-161012.jpgЯк сокини ноҳияи Панҷ, ки худро Ҳасан Сайдалиев муаррифӣ кард, рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба мо гуфт, мақомоти андози ноҳияи Панҷ аз сокинони талаб доранд, ки 15 сомонӣ пули ҳифзи иҷтимоӣ барои нафақаро пардохт намоянд.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, беш аз як ҳафта мешавад, мардум дар ин бора шарҳи рӯшантари мақомоти андози ноҳияро тақозо доранд, аммо онҳо аз рӯ ба рӯ шудан бо мардум ҳазар мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, якбора барои се сол супоридани 15 сомонӣ, ки беш аз 500 сомонӣ хоҳад шуд, барои сокинон мушкил хоҳад буд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки фарзандҳояшон дар хоҷагиҳо сабт шуда, аммо дар Русия ба сар мебаранд ва ё аъзои хонаводашон фавтидаасту аз руйхати хоҷагӣ берун карда нашудаанд. "Ҳоло ҳукумати ноҳия мехоҳад, аз афроди фавтида ҳам, ки номҳояшон зикр шудааст, барои се сол 15 сомонӣ андоз бигирад",-мегӯяд мусоҳиби мо аз Панҷ.

Ҳасан Сайдалиев гуфт, мардум соатҳост, ки мунтазири масъулини ҳукумати ноҳия истодаанд, то ба пурсишҳои худ посух пайдо намоянд, аммо ҳеҷ касе ба пеши онҳо наомада ва ба саволи онҳо ҷавоб надодааст.

Талоши мо ҳам барои тамос бо раиси бахши андози ин ноҳия Абдурашид Ҳасанов бенатиҷа буд. Чанд бор ба телефони ӯ занг задем, аммо аз он тараф ҳеҷ посухе дарёфт накардем.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Сайдалиев, сокини ноҳияи Панҷ, ки бо мо телефонӣ сӯҳбат мекард, гуфт, сокинони ноҳия бар инанд, ки то замоне ба усули пардохти нафақапулӣ, ки аз 15 сомонӣ барои моҳ иборат аст, рӯшанӣ андохта нашавад, ҳозир нестанд, ин навъи андозро, ки ҳамчун "пули ҳифзи иҷтимоӣ" ном дорад, пардохт намоянд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi