23:20:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲБУСИ ЗИНДОНИ №1 ДАР БОРАИ МАРГИ ҲАМЗА ШОҲИДӢ МЕДИҲАД

Маҳбусе, ки ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

/images/stories/2012/10/18_hamza-ikromzoda-181012.jpgРафаэл Мақсудов, яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввали Душанбе, мегӯяд, ҳамчун шоҳиди латту кӯб ва марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба мо гуфт, феълан таҳти ҳимояти мақомоти додситонӣ қарор дорад ва барои мусоҳибаву баёни воқеияти марги Ҳамза Икромзода, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввал омодааст.

Ҷаноби Мақсудов, мегӯяд, 15-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми шумурдани маҳбусон дар саф ҳозир нашуд, вайро ба ШИЗО (утоқи ҷаримавӣ) бурдаанд, ки дар онҷо Ҳамза Икромзода низ будааст. Ба қавли Рафел, "субҳи ҳамон рӯз ходими маҳбас Темур Тоштемиров, Ҷамол, Давлатманд, Маҳмуд, Шерафган вориди ШИЗО шуда, бо дастбандҳои оҳанӣ дастони Ҳамзаро бастанду то хуншор шудани сару рӯяш лагадкӯб карданд".

Ин маҳбус дар идомаи нақлаш гуфт, "тақрибан 10 дақиқа ӯро латту кӯб намуданд. Дар танаш либос надошт. Лаҳзаи латту кӯб фарёд мекард, ки ҷигарам кафид, лекин ӯро бо ҳамин ҳол парфтотанду рафтанд. Ягон кӯмак нарасониданд. Вақте ба пеши вай омаданд, алакай дер шуда буд. Ҳамза пештар гуфта буд, ки борҳо ба онҳо пул дода будааст, аммо дафъаи охир, ки аз додани пул худдорӣ кардааст, ба ӯ чунин ҷазоро раво дидаанд." Рафаэл Мақсудов мегӯяд, ин ҳодиса ва боз фактҳои дигарро дар хусуси шиканҷаи Ҳамза Икромзода ба муфаттишон баён кардааст.

Вай меафзояд, пас аз ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода кормандони маҳбас ба зиндониҳо боз ҳам бадтар муносибат мекунанд. "Бо баҳонаҳои кӯчак ба ШИЗО мебаранду латту кӯб мекунанд",-мегӯяд ӯ.

Рафаэл Мақсудов бо ҷурми дуздӣ барои сеюним соли маҳрумият аз озодӣ ба маҳбас маҳкум шуда, 2,5 сол давраи ҷазоро паси сар гузоштааст. Пеш аз ӯ, маҳбуси собиқ Сайдалӣ Казаков низ ба дафтари мо омада, дар бораи шиканҷаи Ҳамза Икромзода ва дигар маҳбусон сӯҳбат карда буд. Вале мақомоти Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон иддаои Казаковро дар бораи шиканҷаи зиндониён рад карда ва гуфтанд, барои таҳқиқи гуфтаҳои онҳо комиссия ташкил мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi