00:33:56 12-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ НАРХИ ТАМОС БО РУСИЯРО БОЛО БУРДАНД

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон сар 1 ноябр нархи тамос бо Русияро бо назардошти аксизу НДС то 12 сент боло бурдаанд. Сар аз имрӯз - 1-уми ноябр нархи ҳар дақиқаи тамос бо Русия, бо назардошти аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда (НДС), 12 сенти амрикоиро ташкил медиҳад. Ин иқдом бо супориши ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва аз тарафи ширкатҳои мобилӣ амалӣ шудааст.

/images/stories/2012/11/01_tel-mobile-011112.jpgХадамоти зиддимонополӣ, ки дар оғози соли ҷорӣ барои нархгузориҳои арзон чанд ширкати мобилии кишварро ба ҷавобгарӣ кашида буд, якҷоя бо Хадамоти алоқаи кишвар супориш додаанд, ки аз 1-уми ноябр ҳамаи ширкатҳо арзиши тамосҳои телефонӣ бо Русияро боло баранд.

Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон мегӯянд, зангҳо аз ҳама операторони мобилии Тоҷикистон ба ҳама ширкатҳои мобилии Русия, сарфи назар аз он ки бо рамзҳои 00, #8, +7 ё 810 чида мешаванд, барои ҳар дақиқа бе назардошти андозҳо 10 сент қимат хоҳанд дошт. Ин нишондод нисбат ба нархгузориҳои пешӣ 100 дарсад бештар аст.

Масъулини Хадамоти зиддимонополӣ мегӯянд, нархи тамос бо Русия бояд ҳанӯз соли гузашта гарон мешуд ва инро ташаббуси худи ширкатҳои мобилӣ унвон мекунанд.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, болобарии нархи тамосҳо бо Русияро дархости ширкатҳои мобилии русӣ донист, ки ба ҳамтоёни тоҷикашон хатти алоқаро пешниҳод мекунанд: "Дар мо 5 сол аст, ки нархи тамосҳо танҳо поён меравад. Ширкатҳои русӣ чанд вақт боз аз операторони мобилии Тоҷикистон тақозо доштанд, ки нархҳоро қимат намоянд ва ниҳоят баъд аз дахолати ниҳодҳои идоракунандаи соҳа ин амр амалӣ шуд."

Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ду ҳафта пештар дар ин маврид ба мо гуфта буд, ки "акнун мо нархи алоқаи мобилиро бо Русия ба як сатҳ овардем." Ба ин суол, ки оё муайян намудани нархи ягона барои ҳамаи ширкатҳо дар ҳаҷми 10 сент рақобатро аз байн намебарад, ҷаноби Бег Зуҳуров гуфта буд: "Ширкатҳо метавонанд нархҳоро аз 10 сент ҳам боло баранд. Аммо аз ин арзонтар кардан наметавонанд."

Дар ҳоле, ки ниҳодҳои давлатӣ ширкатҳои мобилиро барои нархгузориҳои арзон ҷазо дода, водор ба афзоиши нархҳо кардаанд, ин амр норозигии бисёре аз сокинони кишварро ба бор овардааст. Айни ҳол ҳудуди 1 миллион нафар муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд ва воситаи асосии робита бо пайвандонашон, телефони мобилист.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi