13:34:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО БА БОЗНИГАРИИ ҲУКМИ "АМПАРО" ДАЪВАТ КАРД

Дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аз басташавии созмон ҳуқуқшиносони ҷавон нигаронӣ кардааст. Дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки тасмими қарори боздошта шудани муҷаввизи фаъолияти  созмони “Ампаро”-ро бознигарӣ кунад. Дар ин бора ба мо сухангӯи ин созмон хабар дод.

/images/stories/2012/11/01_amparro-011112.jpgИн ниҳоди аврупоӣ менависад, ки бо изҳори нигаронӣ аз тасмими басташавии фаъолияти созмони ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи сарбозону наваскарон  дар Тоҷикистон гуфтааст, ки чунин қарор ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ҷомеаи мустаҳкам ва мустақили шаҳрвандӣ танҳо ба манфиати Тоҷикистон хизмат мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе, 24-уми октябр, додгоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро мамнӯъ донист. Раёсати адлияи Суғд дар додгоҳ гуфт, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишвар дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст.

Ба қавли ҷониби даъвогар, аз ҷумла созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст. Илова бар ин, ба гуфтаи ҷониби даъвогар, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд ва ҳамчунин саҳифаи интернетӣ фаъол намуда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо ба табъ расондаанд.

Созмони “Ампаро” ин тасмими додгоҳро “иштибоҳи ҷиддӣ” номида аз болои ҳукми додгоҳ ба  додгоҳи вилоятии Суғд шикоят бурд.

Аз ин пеш, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди қатъи фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- "Ампаро"-ро зарбаи ҷиддӣ ба ҷомеаи мадании Тоҷикистон донистааст. HRW рӯзи 25-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ин қазия рангу бӯйи сиёсӣ дорад. Масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Аврупову Осиёи Марказӣ, Ҳю Уилямсон, бо ишора ба фаъолиятҳои "Ампаро", ки масъалаи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи Артишро пайгирӣ мекард, гуфтааст, "ин ҳукм даҳони кормандони созмонро дар масъалаи муҳиму интиқодӣ баст. Дар масъалаҳои муҳиме, назири шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи даъватшавандагон. Ин қадаме ба қафо дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi