14:37:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

МАСЪАЛАИ БОҶИ ГУМРУКИИ МАВОДИ СӮХТИ РУСИЯ "МУАЛЛАҚ" МОНД

Музокироти Душанбеву Маскав дар масъалаи бекор шудани боҷи гумрукии маводи сӯхти Русия, бенатиҷа ба поён расидааст. Ба гуфтаи Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ҷонибҳо дар мавриди бандҳои алоҳидаи ин созишнома ба мувофиқа нарасидаанд.

/images/stories/2012/11/02_benzin-021112.jpgҶаноби Аҳмадов аз ҷузъиёти бештар, ки ихтилоф сари кадом бандҳо будааст, худдорӣ кард, аммо гуфт, масъала сари ҳаҷм ва нархи боҷи гумрукӣ нест. Ҳайати Русия дар ҳоли ҳозир Тоҷикистонро тарк кардааст ва ба гуфтаи ҳамин манбаъ, музокироти ҷонибҳо дар нимаи дувуми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин ба Душанбе дар рӯзҳои 4 ва 5-и моҳи октябри соли ҷорӣ таъкид шуда буд, ки қарордоди байнидавлатӣ барои лағви боҷи гумрукии Русия ба маҳсулоти нафтии содиротии худ ба Тоҷикистон то аввали моҳи ноябр ба имзо хоҳад расид.

Аммо кашолёбии имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди аз байн бурдани боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхт ширкатҳои  воридкунандаи ин навъи  маҳсулотро ба ташвиш овардааст. Ин ширкатҳо бо изҳори нигаронӣ аз "номуайянӣ" дар бозори маҳсулоти нафтии кишвар ба унвони сарвазири  Тоҷикистон -- Оқил Оқилов нома навишта, хостори ҳарчи зудтар рӯшан кардани ин масъала шудаанд.

Русия аз соли 2010 ба ин сӯ барои содироти фаровардаҳои нафтии худ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Дар ин миён ҳукумати Қирғизистон бо Русия ин масъаларо ҳал кард, аммо Тоҷикистон то ҳоло барои ҳар тонна аз маводи сӯхт аз 340 то 390 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi