ҶАЛБИ МАРДОН - БЕҲТАРИН РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТИ ЗАНОН
Рӯзи 25-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ба унвони Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунати занон шинохта шудааст. Дар ростои Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон иброз доштанд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо қолабҳои нобаробарии ҷинсӣ ва хушунат алайҳи зан, ҷалби бевоситаи мардон, ба ҳалли ин мушкил аст.
Аз ҷумла дар ҳамоише, ки ахиран бахшида ба ин сана дар Душанбе барпо шуд, Диана Исмоилова, масъули барномаи гендерии бунёди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои рафъи нобаробарии ҷинсӣ ва тарғиби зиндагии хуби оиладорӣ, бояд пешвоёну чеҳраҳои саршиноси кишвар мисли сиёсатмадорону ҳунармандони маъруфро ба ҳамкорӣ даъват кард:
«Дар аксар кишварҳои дигар дар ин роҳ аллакай аз нерӯйи мардон ва ҷавонон зиёд истифода мешавад. Маҳз бо кӯмаки мардон мо метавонем ин мушкилро ҳал кунем. Чун мардони мо ҳам пешво, ҳам падар ва ҳам ҳамсаранд. Вақе мо намунаҳои хуби падарону ҳамсаронро тарғиб мекунему ба ҷомеа нишон медиҳем, ба фикрам рафъи ин мушкил осонтар хоҳад шуд. Мардони мо бояд дарк кунанд, ки вазифаи онҳо танҳо саробони оила ва таъмингар нест, онҳо бояд дар тарбияи фарзанд ҳам ба занон кӯмак кунанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки вақте мард аз замони таваллуди кӯдак дар нигоҳубину тарбияи ӯ нақше дораду ҳамроҳ аст, пайванди рӯҳӣ ва ҷисмонии ӯ бо хонаводааш таҳким меёбад.»
Нахустин қадами созмонҳо дар ин самт интихоби сафири сулҳ дар умури зидди хушунат аз ҳисоби мардон буд. Ҳамакнун Мирсаид Яҳёев, раҳбари федератсияи милии таеквандо ва кик- боксинки Тоҷикистон ба унвони пешво дар рафъи хушунат алайҳи занон талоши худро ба харҷ хоҳад дод. Ҷаноби Яҳёев мегӯяд, ӯ дар таҷрибаи корияш дар соҳаи варзиш маҳдудияту хушунат нисбати занону духтаронро рӯшан эҳсос мекунад ва кори худро ҳам дар ин симмат қабл аз ҳама аз ҷалби духтарон ба варзиш ва талоши тағйир додани қолабҳои кӯҳна дар ин маврид шурӯъ кардааст.
«Аслан идеяи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо хушунат алайҳи занон бароям аз он ҷо сар зад, ки федератсияи мо аз камбуди варзишгардухтарон азият мекашид. Маҳз набуди духтарон дар варзиш ба мо имкон намедод, ки пурра дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат кунем, чун дар ин мусобиқаҳо кишварҳо бо тимҳои занона ва мардона ширкат мекарданд. Бо ҳамин мушкил мо наметавонистем ба ҳадаф бирасем. Ва бинобар ин, мо корро аз ҳамин шурӯъ кардем, барои ҷалби духтарон ба варзиш ва шикастани қолабҳои кӯҳна, ки варзиш барои духтар нест талош кардем ва натиҷаи хуби ин кори мо ҳам ин шуд, ки 6 духтари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуданд. Ин ягон федератсияе ҳаст, ки дар ҳайати худ ин теъдод қаҳрамондухтар дорад. Ва мо на танҳо дар соҳаи варзиш кор мебарем, мо дар масъалаи хушунат ва тағйир додани мафкураву қолабҳои нобаробарӣ нишастҳо мегузаронем.»
Намояндагони Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои пеш имрӯз дар масъалаи хушунату зӯроварӣ нисбати зан вазъ то андозае беҳбуд ёфтааст, аммо боз ҳам муроҷиати қурбониёни хушунат ба ин марказҳо назар ба солҳо пеш зиёд шудааст. Занон ғолибан дар хонавода ва аз сӯйи мардон мавриди хушунат қарор мегиранд.
Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, узви Анҷумани кормандони касбии иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз созмонҳои кор бо занон дар Тоҷикистон бештар бо занони қурбони хушунат машғул мешуданд. Аммо чун занон ғолибан аз сӯйи мардон, бародар, падар ва ё ҳамсаронии худ озор мебинанд, ҷалби мардон ба ҳалли мушкил қадаме ба пеш аст:
«Мо то имрӯз барои пешгирии ҳодиса, ки ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок аст, кам аҳамият медодем. Воқеан ба назари ман ин пешниҳодҳо дар мавриди ҷалби мардон барои аз байн бурдани зӯроварӣ хуб аст. Ин мавзӯъ солҳои дароз сарфи назар мешуд. Фикр мекунам дар ин самт на танҳо бо мардон, балки бо рӯҳониён ва дигар василаҳое, ки ба онҳо таъсир расонида метавонад бояд диёққат дода шавад. Ин ҷо пешниҳодҳо нисбати эълони як рӯзи вижаи падарон шуд, ин ҳам қобили қабул аст. Тавре мушоҳида мешавад дар бархе аз кишварҳо ин ибтикор як таъсири мусбат додааст.»
Аммо Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шояд ҷалби мардон барои мубориза бо хушунат нисбати занон метавонад онҳоро то як андоза масъул кунад, вале бо назардошти урфу одат, он ҳам наметавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад. Ба қавли ӯ, тағйири мафкура дар ин маврид саҳл нест:
«Аксари мардон дар хонавода ба як таври зиндагии классикии тоҷикӣ зиндагӣ мекунанд, онҳо фикр мекунанд, ки тамоми кори хона бояд бар дӯши зан бошад ва зан бояд аз ин болотар дигар ҳарфе нагӯяд. Ҳамин шеваи зиндагӣ як фарҳанг шудааст ва бинобар ин на ҳама мардон метавонанд ин андешаи худро тағйир диҳанд. Ва хоҳем нахоҳем дар хонавода бо он ноогоҳие, ки доранд, ҳамин шакли зиндагии худро нигаҳ хоҳанд дошт.»
Коршиносон мегӯянд, як роҳи муассири рафъи хушунат алайҳи зан ва тағйири муносибат бо ҷинси латиф, аз тарбияи овони хурдсолӣ бармеояд ва агар ин ҷо камбуд буд, бояд ба қонун такия зад. Марк Вудҳам, муовини сафири Бритониё дар Душанбе ахиран дар нишасте дар робита ба масоили хушунат нисбати занон гуфт, ҷанбаи қонунӣ, ба вижа таъйини ҷазо барои айбдоршавандагони хушунати ҷинсӣ, метавонад то андозае ин падидаро коиҳш диҳад:
«Бо се роҳ мешавад хушунатро рафъ кард. Ва як роҳи он ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсони ҷинояткор. Ба ин масъала бояд диққати ҷиддӣ дод, зеро он на танҳо ба як шахс таъсир мегузорад, таъсири он аз насл ба насл хоҳад гузашт ва паёмадҳои хуб надорад.»
Марк Вудҳам, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кӯмак дар мубориза алайҳи хушунати занон эълом кард. Изҳороти муовини сафири Бритониё дар ин робита дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҷинояти ҷинсӣ», дар ҳоли баррасист ва гуфта мешавад тасвиби ҳарчӣ зудтари он барои ҳалли мушкилоти марбут ба хушунат дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
«Озодӣ»