20:25:15 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИЗДИВОҶИ ДУ НОБОЛИҒ СОКИНОНИ ГИПРОЗЕМРО ҲАЙРАТЗАДА КАРД

Дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе "тӯйи арӯсӣ"-и духтари 15-сола ва навраси 13-сола баргузор шудааст. Пулиси Душанбе аз издивоҷи ду ноболиғ дар ҳоле ҷилавгирӣ кардааст, ки онҳо пас аз анҷоми "тӯй" мехостанд дар пояи Парчами миллӣ дар маркази пойтахт гулгузорӣ кунанд.

/images/stories/2012/11/29_arusi-15-sola-291112.jpgМодари Зумрад - арӯси 15-сола рӯзи 29-уми ноябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, пулис қасд дошт, онҳоро барои издивоҷи бармаҳали духтараш ҷарима бандад, аммо ба қавли худаш "онҳо бо зориву тавалло" раҳоӣ ёфтаанд.

Чаҳор рӯз боз издивоҷи Зумради понздаҳсола ва Суннатуллои 13-сола мавзӯи сӯҳбати аксар сокинони шаҳраки низомии пойтахт, мавсум ба “Гипрозем” аст. Бархеи онҳо агар бо нақли ин қисса гиребони тавба бигиранд, бархеи дигар мегӯянд, бо дидани ин манзара ба ҳайрат афтодаанд, зеро онҳо шоҳиди хонадоршавии ду ноболиғ буданд.

Зумрад, ки дар ҳоли ҳозир бояд дар синфи 9-ум таҳсил кунад, мегӯяд, боре ҳам ба мактаб нарафтааст ва дар рӯзи Парчами миллӣ (24-уми ноябр) бо писари дӯстдоштааш Суннатулло, ки дар синфи 7-ум мехонад, издивоҷ намуд. Дар ин рӯзи, ба гуфтаи худаш, хурсандӣ ӯ ба мисли дигар арӯсон либоси сафед ба бар намуда буд ва меҳмонони тӯй низ то дери шаб дар яке аз ошхонаҳои назди ҷойи зисташон арӯсии онҳоро ҷашн гирифтанд.

Аммо ҳангоме ки арӯсу домод мехостанд дар пояи Парчами миллӣ гул бигузоранд, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ин тӯйи аҷибу ғариб огоҳ шуда, ҳарду навҷавонро боздошт кардаанд. Модари "домод", ки ба ин тӯй мухолиф будааст, аз қазия хабардор шуда фарзандашро бо муноқиша раҳо кардаву ба зодгоҳаш Қӯрғонтеппа бурдааст.

Ҳоло, ки "домод" аз "арӯс"-аш "фирор" кардааст, волидайн ва ҳамсояҳои Зумрад мехоҳанд, ӯро дубора ба шавҳар диҳанд. Барои Зумрад аллакай номзади дигаре ва он ҳам ҳамсояписари 26-соларо интихоб кардаанд.

Қарор аст, рӯзи якшанбеи 2-юми декабр тӯйи навбатии Зумрад бо номзади наваш сурат бигирад. Зумрад ва волидайнаш умедворанд, ки ин дафъа бахташон механдад ва тӯй бидуни иттифоқи "нохуш"-е баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ аз синни 18-солагӣ иҷоза дода шудааст. Дар сурати нақзи ин қонун волидайн мувофиқи моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi