15:36:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУҲРИ "МАХФӢ" РӮИ ПАРВАНДАИ ХОЛМУЪМИН САФАРОВ

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯи парвандаи қатли Холмуъмин Сафаров, язнаи президенти Тоҷиистон, муҳри “махфӣ” задааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов-гумонбар дар қатли Холмуъмин Сафаров рӯзи душанбе ба мо гуфт, ки воқеан аз тарафи Додситонии кулл рӯи парвандаи ҷиноии қатли язнаи президент, муҳри «махфӣ» гузошта шудааст.

/images/stories/2012/12/10_kholmumin-safarov-101212.jpgБа қавли Шуҳрат Қудратов, акнун тибқи он, мурофиаи додгоҳии ин қазия пушти дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт. Дар ҳоли ҳозир, дар мавриди ин куштор мақомоти тафтишот дар нуздаҳ ҷилд далелу фарзияҳо, баёноти шоҳидон ва ғайраро ҷамъ овардааст. Шуҳрат Қудратов меафзояд, ки нафари таҳти ҳимояи ӯ Диловаршоҳ Қосимов, ки ҳамчун гумонбар дар ин куштор айбдор мешавад, то ба ҳол айбро ба гардан нагирифтааст.

Наздикони Диловаршо Қосимов, нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, иттиҳоми ворида алайҳи ӯро “тӯҳмат” мехонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ​​марҳилаи аввали бозрасӣ, Қосимов таҳти шиканҷа ва озори равонӣ маҷбур шудааст, гуноҳи накардаро бар дӯш гирад, вале дар ин чанд гоҳи ахир даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардааст.

Ҷӯрабой Сӯфиев, яке аз ҳимоягарони Диловаршо Қосимов, гуфт, то кунун бозрасӣ натавонистааст, ҳама маълумоти ҷамъовардаашро натиҷагирӣ кунад. Зеро барои ниҳоӣ кардани санади иттиҳом хеле аз далелҳо кофӣ ва эътимодбахш нестанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аз ҷумла ҳанӯз силоҳеро, ки аз он Холмӯъмин Сафаров кушта шудааст, ташхиси баллистикӣ муайян накардааст.

Ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров, аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон, шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар маҳаллаи мавсум ба “Автовокзал”-и Душанбе рух дода буд. Мақомот барои дарёфти ҳарчи зудтари қотил як хонаи дуутоқа дар шаҳри Душанбе ҷоиза таъйин карданд.

Вале танҳо пас  аз як моҳи ҳодиса вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ҷоиза барои боздошти шахси қотил ба як шаҳрванд дода шудааст. Аммо як манбаи огоҳ аз ин қазия гуфт, ин ҷоизаро на шаҳрванди оддӣ, балки як масъули баландмақоми вазорати умури дохилӣ соҳиб шудааст.

Дар ин миён ду бародар - Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо, аз наздикони яке аз масъулони баланпояи ҲНИТ низ бо иттиҳоми шарикӣ дар ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор доранд. Диловаршо Қосимов, дар гузашта корманди кони тиллои Шугнов буда, то замони боздошт ба тиҷорат машғул будааст. Бо ин ҳол, пайвандони ӯ бар ин боваранд, ки дар ниҳояти кор қазия дуруст тафтиш хоҳад шуд, зеро раисиҷумҳури Тоҷикистон онро зери назорати худ қарор додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi