ХАВФИ БАСТА ШУДАНИ 131 ТОРНАМО ДАР ТОҶИКИСТОН
Ширкатҳои таъминкунандаи интернет тасдиқ карданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст дастрасиро ба 131 сомонаи интернетӣ масдуд кунад.
Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани интернетпровайдерҳои Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз, 22-юми декабр, бо намояндагони чанд интернетпровайдер дар тамос шудааст ва онҳо дастуроти Хадамоти алоқаро дар бораи масдудияти сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла қарор аст, ки шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ, аз қабили «В Контакте», «Одноклассники», «Твиттер» ва mail.ru, ки аксарашон дар Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд, масдуд гарданд.
Аммо Асомиддин Атоев афзуд, ки расман мавҷудияти чунин дастуротро бояд ниҳоди масъули давлатӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасдиқ кунад ва омилҳояшро шарҳ диҳад.
Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар як тамоси кутоҳи телефонӣ бо мо изҳор дошт, ки дар мулоқот аст ва фурсати гап заданро надорад.
Аз тасмими нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр, хабаргузориҳои бонуфузи русӣ хабар дода буданд. Манбаи «Интерфакс» изҳор доштааст, ки дар мактуби Хадамоти алоқа сабаби масдудияти ин сомонаю шабакаҳо нишон дода нашудааст ва аз ҳамин сабаб онҳо то рӯзи душанбеи 24-уми декабр дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд нахоҳанд кард. Ба иттилои «Интерфакс» ин дафъа ба рӯйхати сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд, «Фейсбук» ва «Ютуб» ворид нестанд.
Ин дар ҳолест, ки аввалҳои моҳи ҷорӣ дастрасӣ ба «Фейсбук» ду маротиба маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар Тоҷикистон дастнорасанд.
Дар мавриди масдудияти дастрасӣ ба Фейсбук Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки маҳофили иҷтимоии Тоҷикистон ба хадамот “муроҷиатнома” фиристодаанд ва дархост кардаанд, ки шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон баста шавад, чунки корбарони ин шабака дар ҳақи аъзои ҳукумат ва шахсиятҳои муҳтарами кишвар “носазо” мегӯянд. Раҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат бо мо гуфта, буд, мехоҳад масъалаи фаъолияти «Фейсбук»-ро шахсан бо Марк Зуккерберг, бунёдгузори ин шабака баҳс кунад: “Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд."
Ин гуфтугӯи Бек Зуҳуров ба ҳадде дар матбуоти ҷаҳонӣ ғулғула афканд, ки рӯзномаҳои мӯътабари амрикоӣ ба мисли Вашингтон Пост ва Волл Стрит Ҷорнал, ки дар бораи Тоҷикистон бисёр кам менависанд, дар бораи он мақолаву блог нашр карданд.
«Озодӣ»