ШИРКАТҲО АЗ ХАДАМОТ ДАЛЕЛИ «САЙТБАНДӢ»-РО ХОСТАНД
Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯянд пеш аз масдуд кардани 131 сомона, мехоҳанд, далелҳои Хадамоти алоқаро бишунаванд.
Нуъмон Мирзоев, масъули бахши фаннии ширкати интернетии "Телекомтехнолоҷӣ", рӯзи душанбеи 24-уми декабр, ба мо гуфт, ки дар натиҷаи бастани сайту шабакаҳои интернетӣ, ширкатҳои фароҳамоваранда муштариёни худро аз даст медиҳанд ва ин амал ба зиёни ширкатҳои соҳа анҷом меёбад.
Аз ин рӯ пеш аз бастани сомонаҳо дар назар аст, ки нимаи дуввуми рӯзи 24-уми декабр, намояндагони ширкатҳои интернетӣ барои баҳси ин мавзӯъ бо муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Рафиқҷон Шокиров мулоқот намоянд.
Ба қавли Нуъмон Мирзоев феҳрасти сомонаҳо ва дастури Хадамоти алоқа ба онҳо расидааст, вале кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки на ҳамаи сайтҳои пешниҳодшуда масдуд гарданд.
Як намояндаи ширкати интернетии «Бабилон М» низ гуфт, ки то ҳозир ҳеҷ кадом аз сомонаҳоро набастаанд ва дар ибтидо мехоҳанд баъзе аз нукотро бо намояндагони Хадамоти алоқа баррасӣ кунанд ва далелҳои Хадамотро рушан созанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар номаи Хадамоти алоқа рӯйхати 131 сомонаи хориҷиву дохилии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки сар аз рӯзи 24-уми декабр дастрасӣ ба онҳо бояд маҳдуд гардад. Ӯ дар қатори сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд аз ҷумла tjknews.tj, topvideo.tj, politicforum.ru, youtubemusic.ru-ро номбар карда, афзуд, ки аз сомонаҳои иттилоотии Тоҷикистон торнамои tojnews.tj ба рӯйхати сиёҳи Хадамоти алоқа шомил аст.
Манбаи Радиои Озодӣ илова намуд, ки дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии маъруфе назири «В Контакте», «Одноклассники», «Твиттер» ва mail.ru низ зикр шудаанд, ки аксарашон дар Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд. Аммо дар мактуби Хадамоти алоқа сабаби баста шудани ин сомонаҳо шарҳ дода нашудааст.
«Озодӣ»