16:12:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ДАСТУРИ ХАДАМОТИ АЛОҚА АСОСАН БА СОМОНАҲОИ МУСИҚӢ ДАХЛ ДОРАД

Дар феҳрасти 131 маҳсули интернетӣ танҳо чанд сомонаи хабарӣ ва блог барои бастан пешниҳод шудаанд. Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастури худро ба ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, ки аз онҳо бастани 131 сомонаро хостааст, то ҳол шарҳ надодааст.

/images/stories/2012/12/25_soonaho-25122012.jpgВале бино бар номаи расмии ин ниҳоди давлатӣ ба 10 ширкати фароҳамкунандаи интернет, асосан сомона, шабака ва блогҳое баста хоҳанд шуд, ки ба мусиқӣ рабт доранд ё тафреҳиянд. Бархилофи хабарҳои аввалия шабакаҳои Твиттер ва Одноклассники дар ин номгӯй ҷой надоранд.

Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон,рӯзи 24-уми декабр, зимни як нишасти муштарак қарор кардаанд, бо як номаи расмӣ аз парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд, ки ба дастуроти масдудияти 131 саҳифаи интернетӣ расидагӣ кунанд.

Масъулони ширкатҳои фароҳамсози интернет, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин нишаст иштирок кардаанд, аз масъулини давлати Тоҷикистон даъват намудаанд, муносибат ба интернетро тағйир диҳанд ва ба маҳдудкуниҳои рӯзафзуни интернет дар кишвар хотима бахшанд.

Ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои интернетрасон талаб кард, ки то рӯзи душанбеи 24-уми декабр, 131 сомонаро масдуд кунанд. Дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамот 80 дарсади сомонаҳо тафреҳӣ буда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ «Мой Мир» ва «В Контакти» ба он шомиланд.

Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мехоҳанд, пеш аз масдуд кардани 131 торнамо далели Хадамоти алоқаро бишнаванд.  Нуъмон Мирзоев, масъули бахши фаннии "Телеком Технолоҷӣ", рӯзи душанбеи 24-уми декабр ба мо гуфт, ба дунболи бастани сайту шабакаҳои иҷтимоӣ, ширкатҳо муштариёни худро аз даст медиҳанд ва ин амал ба зиёни кор хоҳад буд.

"Аз ин рӯ пеш аз бастани торнамоҳо, аввал намояндагони ширкатҳои интернетӣ барои баҳси ин мавзӯъ бо муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Рафиқҷон Шокиров, мулоқот менамоянд",-гуфт Мирзоев.

Ба қавли мусоҳиби мо, феҳристи сомонаҳо ва дастури Хадамоти алоқа ба онҳо расидааст, вале кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки на ҳамаи сайтҳои пешниҳодшуда масдуд гарданд.

Як намояндаи ширкати интернетии "Babilon-М" низ гуфт, ки то ҳозир ҳеҷ кадом аз сомонаҳоро набастаанд ва дар ибтидо мехоҳанд баъзе аз нукотро бо намояндагони Хадамоти алоқа баррасӣ кунанд ва далелҳои Хадамотро рӯшан созанд. Ин мусоҳиби мо дар қатори сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд аз ҷумла tjknews.com, topvideo.tj, politicforum.ru, youtubemusic.ru-ро номбар кард. Шабакаҳои иҷтимоии "Твиттер", "Одноклассники" ва mail.ru ба рӯйхати сиёҳи Хадамоти алоқа ворид нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли равон дастрасӣ ба «Фейсбук» ду дафъа маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар Тоҷикистон дастнорасанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi