НАЗДИКОНИ ТОҶИКИ БОЗДОШТШУДА АЗ МАҚОМОТ КӮМАК ХОСТАНД
Наздикони як сокини вилояти Хатлон, ки як моҳ пеш аз тарафи маъмурони амнияти миллии Узбакистон боздошт шудааст, аз мақомоти Тоҷикистон кӯмак мехоҳанд.
Шералӣ Шоимардонов, сокини ноҳияи Ҷ. Румии вилояти Хатлон, рӯзи 4-уми январ дар тамоси телефонӣ бо мо гуфт, ки тақрибан як моҳ қабл бародараш Арсланбек Шоимардонов, аз тарафи кормандони амнияти миллии Узбакистон дар қаламрави вилояти Қарақалпоқистон аз дохили қатораи Маскав - Душанбе дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Хоҷайлики ин вилоят нигоҳдорӣ мешавад.
Ба қавли Шералӣ Шоимардонов, хабари боздошти бародарашро аз тарафи маъмурони амнияти миллии ноҳияи Хуҷайлик, аз як сокини вилояти Самарқанд бо номи Азизбек, ки ҳамроҳи Арсланбек дар ин боздоштгоҳ будааст, фаҳмидаанд. Шералӣ Шоиммардонов мегӯяд, бародараш телефони ӯро пас аз раҳо шудани Азизбек ба вай медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки хабари боздошташро ба наздиконаш расонад.
Ба қавли Шоимардонов, дар сафорати Тоҷикистон дар Узбкистон ба онҳо гуфтаанд, ки ҳалли ин масъала аз тавоноии онҳо берун аст ва ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нома нависад ва тақозои кӯмак намояд.
Вай мегӯяд, ки 10-уми декабр ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ариза навиштааст, вале то ҳол посухе дарёфт накарда ва намедонад, ки бародараш тайи беш аз як моҳ дар чӣ ҳолат қарор дорад: "Ҳар дафъае, ки ба вазорати корҳои хориҷӣ занг мезанам, мегӯянд, баъдтар занг занед."
Дар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки аризаи наздикони Арсланбекро дарёфтаанд ва барои ҳалли ин қазия чораандешӣ мекунанд.
Шералӣ Шоимардонов дар робита ба сарнавишти бародараш мегӯяд, ки бо намояндагони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар вилояти Қарақалпоқистон тамос гирифтааст, вале онҳо худро ба нодонӣ зада, изҳори бехабарӣ кардаанд.
Як рӯз қабл 3-юми январ вакили мудофеъ, Зафар Қурбонов, ки ба муайян кардани сарнавишти Арсланбек машғул аст, бо интишори як нома аз тамоми вазоратҳои зидахли кишвар ва васоити ахбори умум барои рӯшан кардани тақдири зерҳимояаш кӯмак хост.
Арсланбек Шоимардонов дар як сохтмон дар Маскав кор мекардааст ва бо фарорасии фасли сармо ният дошт, ба назди хонаводааш баргардад, ки дар роҳ боздошт гардид.
«Озодӣ»