САРПЕЧИИ ОВОЗХОНҲОИ ТОҶИК АЗ ПАРДОХТИ МОЛИЁТ
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, ки бархе аз овозхонҳои тоҷик аз пардохти молиёт аз ойидот ё даромадҳои худ сарпечӣ мекунанд. Ба унвони мисол гуфта шуд, ки Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Ҷонибек Муродов, овозхонони шинохтаи тоҷик дар як соли ахир ҳеҷ маблағеро ба унвони андоз пардохт накардаанд.
Ба иттилоъи мақомоти кумитаи андоз мегӯянд, ки бархе аз коргузорони овозхонҳои тоҷик ҳатто баъд аз баргузории консартҳо талош мекунанд, ки молиёт пардохт накунанд. Гавҳарбону Ҳомидова, як масъули маркази матбуъотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин ниҳод ахиран феҳрасти афродеро, ки аз пардохти молиёт сарпечӣ мекунанд таҳия кардааст ва дар он феҳрист асомии овозхонҳои маъруфи тоҷик низ шомил будааст.
Ба гуфтаи вай, номҳои Фарзонаи Хуршед, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов дар сархати ин феҳрист омадааст. Ба гуфтаи хонум Ҳомидова, Садриддини Наҷмиддин низ на ҳамаи молиётро пардохт кардааст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи хонум Ҳомидова, танҳо дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе беш аз бист овозхони тоҷик қисман ё комилан молиёт пардохт накардаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, бархе аз соҳибкорон, ки консартҳои овозхонҳои тоҷикро баргузор мекунанд, аз пардохти молиёт сарпечӣ кардаанд. Ба унвони мисол гуфта шуд, ки: "21 апрели соли ҷорӣ Бобохон Иброҳимов, соҳибкор, консарти Баҳроми Ғафуриро баргузор кард ва ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ суд ба даст овард, вале аз ин маблағ молиёт пардохт накардаасат." Нозирони андоз водор шудаанд “аз ин соҳибкор маблағи заруриро ба будҷети давлат биситонанд.”
Баръакс, ба гуфтаи вай, Фахриддини Малик, Зикриоллоҳ, Баҳроми Ғафурӣ, Қобилҷон Зарипов ва Содиқ Холов аз ҷумлаи он овозхонҳое ҳастанд, ки сареъан молиёт пардохт мекунанд. Тибқи иттилоъи масъулони Кумитаи андози давлати Тоҷикистон, аз як сол ба ин сӯ барои овозхонҳо ва ҳунармандон пардохти молиёт сода шудааст.
Аз ҷумла, овозхонҳо бо дарёфти патент ё муҷаввизи кор метавонанд, фаъолият дошта бошанд ва ҳар моҳ 180 сомонӣ андоз бипардозанд. Дар ин миён, ба гуфтаи Қамариддини Айниддин, коргузори Садриддини Наҷмиддин, муштарии вай муҷаввизи ҳирфаии соҳибкорӣ дарёфт кардааст ва моҳиёна ҳудуди 600 сомони молиёт мепардозад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай дар гурӯҳи ҳунарии оқои Наҷмиддин то 15 нафар навозандагон ва кормандони фаннӣ машғули кор ҳастанд, ки низ ҳар моҳ андоз месупоранд.
Қамариддини Айниддин иддаъои масъулони Кумитаи андози Тоҷикистонро дар бораи он, ки Садриддини Наҷмиддин молиётро ба пуррагӣ намепардозад, бепоя хонд. Ба унвони далел, оқои Айниддин аснодеро пешниҳод кард, ки аз пардохт шудани куллияи анвои молиёт дар соли ҷорӣ далолат медод. Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, овозхонҳои тоҷик умдатан аз роҳи ширкат дар маросими арӯсӣ суди зиёде ба даст меоранд.
Ҳоло ҳаққи заҳмати овозхонҳо дар як базми арӯсӣ ба сурати мутавассит ҳудуди як ҳазор дулор аст. Қамариддини Айниддин мегӯяд, ки ин рақам дуруст аст, вале махориҷи кори овозхон низ андак нест. Ба унвони мисол вай гуфт, ки ҳоло иҷораи истудиёи сабти овоз барои як соъат ҳудуди 25 дулор аст ва барои таҳияи як оҳанги ҷадид соъатҳои зиёде масраф мешавад.
Зимнан, ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон ҳудуди 60 дулор буда ва ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ ҳудуди 55 дарсади ҷамъияти ин кишвар зери хати фақр ба сар мебаранд.
Би-Би-Си