МУТТАҲАМ ДАР КУШТОРИ Х.САФАРОВ 26 СОЛ ГИРИФТ
Додгоҳи олии Тоҷикистон муттаҳам дар куштори Холмӯъмин Сафаров, язнаи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ дар нисбати Диловаршоҳ Қосимов, муттаҳами аслӣ дар куштори Холмӯъмин Сафаров, баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 18-уми январ эълон гардид.
Ду муттаҳами дигар - бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил Ҳакимовҳо барои пинҳон кардани ҷиноят ва нигаҳдории силоҳ, мувофиқан ба ҳашт ва се соли зиндон маҳкум шудаанд. Додситонӣ барои муттаҳам дар куштори Холмӯъмин Сафаров, маҳкумият ба 27-соли зиндонро тақозо карда буд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов пас аз эълони ҳукми додгоҳ дар тамос ба мо гуфт, нафари зерҳимояаш ва бародарон Ҳакимовҳо аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда, ба зинаҳои дигари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Дар мавриди иттиҳом ба куштори Холмӯъмин Сафаров, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки айбнома алайҳи зерҳимояаш бар асоси тахмину фарзия таҳия шудааст ва дар парванда ягон шаҳодату далели қатъие нест. Ба гуфтаи вакили мудофеъ ҳеҷ кадоме аз шоҳидони дар ҷараёни мурофиа пурсидашуда бо чашмони худ қотилро надидаанд ва ё ин, ки аз дур танҳо суроби қотилро дидаанд, ки ӯро намешиносанд.
Ду тан аз ин шоҳидон гуфтаанд, ки аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаров-язнаи президентро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса тира буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд. Далели дигаре, ки ҳамчун мавод дар ҷараёни додгоҳӣ истифода шудааст, як навори видеоӣ аст, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, тақрибан чизе дар он мушоҳида карда намешавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр мурофиаи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” Холмӯъмин Сафаровро пушти дарҳои баста оғоз карда буд. Холмӯъмин Сафаров моҳи июни соли гузашта дар назди манзилаш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.
Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ӯ соҳибкор Диловаршоҳ Қосимов ва бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил бо иттиҳоми хабар нарасондан ба мақомот, ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Қосимов дар ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст.
«Озодӣ»