01:01:16 03-уми Июни 2025 сол

БАРХЕ АЗ МАҚОМОТ АНДОЗ НАМЕСУПОРАНД

Бархе аз мақомти тоҷик аз пардохти андоз барои иҷораи манзил ва таъсисот худдорӣ мекунанд. Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки соҳибони манозили хусусӣ ва фурӯшгоҳҳо дар маркази шаҳри Душанбе, ки умдатан масъулони ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, маблағи андоз аз иҷораи онҳоро ба сурати комил пардохт намекунанд.

 

Гавҳарбону Ҳомидова, як масъули маркази матбуъотии Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 7 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ниҳод ахиран вазъи пардохти молиёт ё андоз аз иҷораи манзил ва фурӯшгоҳҳо дар маркази шаҳри Душанберо таҳқиқ кардаанд. Натоиҷи ин санҷиш ҳокист, ки бештаре аз соҳибони манозил ва таъсисот қиммати иҷора ва масоҳати онро бамаротиб камтар аз воқеъият арза мекунанд ва ба ин тартиб маблағи камтареро ба унвони андоз пардохт мекунанд. Ба унвони мисол гуфта шуд, ки Муҳаббат Раҳимова, соҳиби фурӯшгоҳе дар рӯ ба рӯйи порки Рӯдакӣ, ин мағозаро ба ширкати “Хронос” бар ивази 6,2 сомонӣ барои ҳар як метри муррабаъ ба иҷора додааст.

 

Вале масъулони Кумитаи андоз мутмаъинанд, ки арзиши ҳар як метри мағоза дар ин минтақа на камтар аз 8 сомонӣ аст. Ҳамчунин соҳиби қаҳвахонаи мавсум ба “Мерве” дар хиёбони Рӯдакӣ, ки масоҳаташ 300 метри муррабаъ аст, ин муассисаро гӯё бо қиммати панҷ сомонӣ барои ҳар як метр ба соҳибкорони туркӣ ба иҷора додааст.

 

Масъулони Кумитаи андоз мушшахас кардаанд, ки танҳо аз ҳисоби иҷораи ин қаҳвахона ба будҷети давлат ҳудуди 160 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нашудааст. Маҳмадамин Оймаҳмаҳмадов, соҳиби таъсисоте дар хиёбони Дӯстии Халқҳо, низ ба ин тартиб ба будҷети кишвар 30 ҳазор сомонӣ хисорот ворид кардааст.

 

Масъулони Кумитаи андоз ҳамчунин изҳор доштанд, ки оппортумонҳои зиёд дар хиёбонҳои марказӣ ба атбоъи хориҷӣ ба иҷора дода шуда, вале теъдоди андаке аз соҳибони ин манозил аз даромади иҷорапулӣ ба давлат молиёт мепардозанд. Ин дар ҳолест, ки арзиши иҷораи манзил дар маркази пойтахти Тоҷикистон на камтар аз 400 дулор барои опортумони ду ҳуҷрадор аст.

 

Кормандони идораи андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, мегӯянд, ки соҳибони чунин манозил даъвати мукаррари онҳоро барои пардохти молиёт сарфи назар мекунанд. Гуфта мешавад, ки маъмулан ин афрод бо истифода аз равобити худ дар миёни мақомот, ба маъмурони ниҳодҳои андоз фишор оварда, молиёт пардохт намекунанд.

 

Масъулони Кумитаи андози Ҳукумати Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҳамакнун ба мавзӯъ таваҷҷӯҳи бештаре хоҳанд дошт ва ҷуброни маболиғи ба унвони молиёт напардохтаро аз куллияи иҷорадиҳандаҳо тақозо хоҳанд кард. Зимнан, рӯзи 7 октябр масъулони Вазорати хориҷа ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии мустақар дар Душанбе дидоре анҷом додаанд, ки паси дарҳои баста сурат гирфтааст.

 

Дар ин дидор Рустам Ҷабборов, муъовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз кормандони ин созмонҳо ва сафоратхонаҳо дархост кардааст, ки куллия анвои молиёт, ки қавонини Тоҷикистон барои атбои хориҷӣ муқаррар кардааст, бипардозанд. Вай таъкид доштааст, ки ин созмонҳо ва сафоратхонаҳо дар қалмарави Тоҷикистон фаъолият доранд ва бояд қавонини ин кишварро муровот кунанд. Оқои Ҷабборов ҳамчунин аз онҳо даъват кардааст, ки дар заминаи пардохти молиёт бо ниҳодҳои андоз ҳамкорӣ кунанд.

 

Чанд моҳе қабл низ масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз масъулони созмонҳо ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ даъват карда буд, ки мушаххасоти маҳалли зисти кормандони худ ва асомии соҳибони манозили онҳоро ироа кунанд. Он замон зарурати ин амр "таъмини масоили амниятии будубоши атбои хориҷӣ" унвон шуда буд. Ҳамакнун коршиносон мегӯянд, ки ин амр бештар ба мавзӯъи иқтисодӣ рабт дорад.

 

Зеро, дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ будҷети Тоҷикистон ба камбуди шадиди маболиғ рӯбарӯ шуда ва давлати Тоҷикистон аз ниҳодҳои андоз афзоиши мизони ҷамъоварии молиётро тақозо мекунад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854