10:45:58 05-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАРКАЗИ МИНРӮБӢ: ТАМРИНГОҲҲОИ НИЗОМӢ ҶОЙИ ИНҶИФОРҲОИ МАРГБОР

Дар соли милодии гузашта даҳ нафар дар асари инфиҷори муҳиммоти ҷангӣ дар Тоҷикистон осеб дидаанд. Аз миёни ин афрод ду кӯдак ва ду низомӣ ҷони худро аз даст додаанд.

/images/stories/2013/02/15_khavfi-mina-150213.jpgДу маҷрӯҳ аз миёни ин афрод минрӯбҳои Маркази минрубии Тоҷикистон будаанд, ки дар ҷараёни фаъъолияти худ аз инфиҷор осеб дидаанд. Ин омор дар муқоиса бо соли 2011 як адад болост ва ба гуфтаи масъулони Маркази минрубӣ, мавориди инфиҷор дар 2012 дар манотиқе, ки таҳти пӯшиши барномаи онҳо набудааст, рух додааст.

Барномаҳои огоҳисозии мардум аз хатароти ношӣ аз минро Маркази минрӯбии Тоҷикистон то ҳол дар манотиқи марзӣ ва манотиқе баргузор мекард, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ осеб дидаанд. Аммо дар соли ҷорӣ ин марказ қасд дорад барномаҳои худро дар манотиқи дигар низ анҷом бидиҳад.

Шаҳринисо Давлатова, як масъули Маркази минрӯбии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт: "Ҳарчанд кори мо дар соли 2012 бобарор буд, аммо омор нишон медиҳад, ки мавориди осеб дидан аз маводди мунфаҷира дар манотиқе низ рух медиҳад, ки таҳти пӯшиши барномаҳои мо нестанд."

Бино ба иттилоъи ин масъули Маркази минрубии Тоҷикистон, дар миёни даҳ нафар аз осебдидагон аз инфиҷори муҳиммоти ҷангӣ ду нафар занон ва панҷ тан сокинони зери синни балоғат будаанд. Аз миёни онҳо як кӯдаки 11-сола дар ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар наздикии пойтахт, ва як писари 16-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд дар асари инфиҷори муҳиммоти ҷангӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Хонуми Давлатова гуфт, ки ин ҳодисаҳо дар охири моҳи феврал ва авоили моҳи марти соли гузашта рух додаанд. Вай афзуд: "Ин ноҳияҳо манотиқи ба истилоҳ "заҳролудшуда", яъне дар замони ҷанги шаҳрвандӣ осебдида ва ё минкоришуда нестанд, балки дар он ҷойҳо машқҳҳои низомие сурат гирифта ва муҳиммоти ҷангӣ дар он ҷоҳо боқӣ мондааст, ки кӯдакон онҳоро ёфтаанд."

Ду мавриди дигари марги сокинон дар асари бархӯрд бо минҳои зидданафар дар минтақае марзӣ рух дода ва афроди талафёфта низомиёни тоҷик будаанд. Хонуми Давлатова мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи 22 марти 2012 иттифоқ уфтод. Вай афзуд: "Ин ҳодиса набояд рух медод, зеро онҳо низомӣ ҳастанд ва низомиёнро бавижа дар марз ҳар рӯз аз хатароти мин огоҳ мекунанд."

Поксозии 85 дарсади майдонҳои минкоришуда

Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар чорчӯби Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар ин кишвар фаъъолият мекунад. Бино ба иттилоъи ин идораи СММ, Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар соли 2012 дар қаламрави ин кишвар 2.1 килуметри мураббаъ заминро аз мин поксозӣ кардааст.

Дар баёнияи вижае дар бораи фаъъолияти Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар соли 2012 омадааст, ки бо поксозии ин миқдор майдонҳои мин, 85 дарсади майдонҳои минкоришуда дар кишвар аз мин эмин карда шудааст. Ин кор дар чорчӯби тарҳи муштараки Барномаи Тавсеъаи СММ ва давлтаи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони Барномаи Тавсеъаи СММ, ҳамзамон бо поксозии майдонҳо барномаҳои огоҳсозии сокинони манотиқе, ки дар наздикии майдонҳои минкоришуда ба сар мебаранд, ба иҷро расидааст. Дар иттилоъияи марбут ба кори солонаи ин барнома мехонем: "Имконоти шарикони маҳаллӣ дар ин замина ба таври қобили мулоҳизае афзудааст. Шабакаи созмонҳое таъсис ёфта, кормандони он поксозӣ аз минро мутобиқи истондордҳои байналмилалӣ омӯхтанд."

"Огоҳии сокинон дар бораи хатароти ношӣ аз мин афзоиш ёфта ва меконисми иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ барои кумак ба осебдидагон ва хонаводаҳояшон таҳия шуд."

Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Миёна аст, ки ба кунвонсиюни Уттово алайҳи минкорӣ пайвастааст. Ин кишвар аз кишварҳои дигари минтақа низ даъват карда буд, ки ба ин кунвонсиюн бипайванданд ва хостори табдили қаламрави Осиёи Миёна ба як минтақаи бидуни мин шуда буд.

Аз соли 1992 бад-ин сӯ дар Тоҷикистон дар асари инфиҷори мин беш аз 850 нафар осеб дида ва беш аз 350 тан аз онҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон манотиқе, ки дар замони ҷанги дохилӣ аз сӯйи ҷонибҳои даргир минкорӣ шуда, андак нест, вале дар чанд соли ахир афроди зиёде дар манотиқи минкоришуда дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон осеб дидаанд.

Давлати Узбакистон дар соли 2000 манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро мингузорӣ кард. Ин кишвар иддаъо карда, ки ин амр ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди мухолифони исломияш ба қаламрави ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир сурат гирифтааст.

То баҳори соли гузашта теъдоди мин ва маводди мунфаҷираи кашф ва нобудшуда дар Тоҷикистон ҳудуди 21 ҳазор ададро ташкил медод. Давлати Тоҷикистон таъаҳҳуд кардааст, ки то аввали апрели соли 2020 куллияи манотиқи ин кишварро аз мин ва маводди мунфаҷира пок кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi