11:02:46 05-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУВВИЯТИ УКРАИНИҲО ВА ГАРАВГОНГИРҲО ЭЪЛОМ ШУД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар қазияи гаравгонгирии соҳибкорони украинӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон даст доранд. Бо гузашти ним моҳ аз озод шудани ин гаравгонҳо, Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳуввияти гаравгонгирандагонро эълон кард.

/images/stories/2013/02/15_arestovanno-150213.jpgҶаноби Назриев гуфт, «дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Қазоқистон Партоев Сафархоҷа ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим гумонбар дониста, дастгир шудаанд. Нисбати ин ду нафар аз ҷониби Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 181 -и қонуни кайфарии кишвар, яъне гаравгонгирӣ ва 250, яъне тамаъҷӯӣ, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.»

​​Давлат Назриев ҳамчунин афзуд, рӯзи 31-уми январ, дар натиҷаи амалиёти вижаи кормандони Вазорати умури дохилии кишвар, се шаҳрванди Украина - Семиряков Александр, Яремчук Василий ва Ленок Евгений озод шуданд ва вазъи саломатияшон қаноатбахш аст. Ҳоли ҳозир онҳо дар манзиле, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ иҷора шудааст, ба сар мебаранд ва хатаре ба амнияти онҳо таҳдид намекунад. Гуфта мешавад, ин се нафар ба ҳайси шоҳид дар таҳқиқи қазияи мазкур кӯмак хоҳанд кард. Ба ин сабаб, онҳо дар ҳоли ҳозир наметавонанд, қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.

Дар ҳоле ки шаҳрванди Қазоқистон Партоев Сафархоҷа ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим ба гаравгонгирӣ муттаҳам мешаванд, наздикони Партоев ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтаанд, вай ягон нафар аз украиниҳоро гаравгон нагирифта, балки дар як тиҷорати мошини сабукрав аз тарафи онҳо ноҳаққӣ дидааст.

Онҳо гуфтаанд, аслан ҳодисаи гаравгонгирӣ дар миён набуда, танҳо гуфтушуниде бо онҳо ҷараён дошт, то хисороти молӣ ҷуброн шавад. Дар ин байн украинҳо дар манзили Шаҳбози Абдуҳалим, шаҳрванди Тоҷикистон ва харидоре, ки гуфта мешавад, пули худро аз даст додааст, истиқомат мекарданду интизори расидани маблағ аз Украина буданд.

Бо вуҷуди ин, эҳтимол меравад, ки украиниҳо аз озодии комил бархурдор набуда, биноан, худро гаравгони Абдуҳалим ва Партоев шумурда бошанд.

​​Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд: «дар ҷараёни озод намудани гаравгонҳо ба онҳо ягон осеби ҷисмонӣ расонида нашудааст. Ҳоло корҳои тафтишотӣ ва амалҳои рӯбарӯкунӣ идома дорад. Ва баъди ба анҷом расидану ба додгоҳ ирсол гардидани парванди ҷиноятӣ ин шаҳрвандон метавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд.»

​​Гаравонҳои раҳошуда бо пайвандон ва намояндагони сафорати Украина дар минтақа тамоси ҳамарӯза доранд ва сафири Украина дар Тоҷикистон ва Узбакистон Виктор Никитюк ба мо гуфт, ки аз аҳволи ин се шаҳрванди кишвари худ бохабар аст ва ҷараёни тафтишотро пайгирӣ менамояд:

«Сафорат бо худи ин шарвандон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иртиботи доимӣ қарор дорад ва ҳар масъалаву саволеро, ки дар рафти тафтишон ба миён меояд, дар ҳамкорӣ бо якдигар баррасӣ ва ҳал мекунем. То имрӯз асноди ҳуввият ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии онҳо барқарор карда шудааст. Дар манзили зисте, ки онҳо ба сар мебаранд, тамоми шароитҳо фароҳам аст ва ҳамчунин бехатарии онҳоро таъмин намудаанд. Ва фикр мекунам, дар рӯзҳои наздик онҳо ба ватан бармегарданд.»

​​Бино ба маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон, рабуда шудани соҳибкорони украинӣ 27-уми январ ошкор шуда, амалиёти раҳоии онҳо аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январ ҷараён гирифтааст. Аммо ҳамаи тарафҳои қазия аз ифшои ҷузъиёти амалиёт худдорӣ мекунанд.

Рӯшан нест, ки ниҳодҳои умури дохилии кишвар чӣ гуна аз рабуда шудани украиниҳо иттилоъ ёфтанд, амалиёт дар куҷои шаҳр ва ба чӣ шева сурат гирифт ва оё одамрабоён бо соҳибкорони украинӣ ошно буданд ё не? Танҳо ин иттилоъ пахш шуда буд, ки одамрабоён дар ивази раҳоии украиниҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, вале, гуфта мешавад, ба ниҳодҳои Тоҷикистон муяссар шуд, ки бидуни пардохти маблағ шаҳрвандони Украинаро раҳо кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi