20:18:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲБАРОНИ ПУЛИСИ СИНО-1 ВА ШОҲМАНСУР БАРКАНОР ШУДАНД

Фармони барканории сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии Сино-1 ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо вуҷуди тафсири расмии “бино бар гузаштан ба кори дигар”, ба ёди бисёриҳо моҷароҳои марбут ба шиканҷаро ёдовар шуд.

/images/stories/2013/03/07_milisa-07032013.jpgРӯзи панҷшанбеи 7-уми март Ҷамолиддин Бобиев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт ва Саидҷаъфар Холиқов, ҳамтои ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз вазифа барканор шуданд.

Ин ду шӯъбаи милиса солҳои охир дар робита ба ҳалокати Сафаралӣ Сангов, пас аз боздошт ва нигаҳдорияш дар шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 ва куштори пурсару садои Парвиз Давлатбеков, маъруф ба куштори "Бобои барфӣ", дар минтақаи зери назари ин шӯъба ва марги пурмоҷарои Баҳромиддин Шодиев, пас аз боздошт дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, сари забонҳо шуд.

Ҳарчанд, пас аз ҳалокати Сангов ва муҳокимаи ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 дар додгоҳ раҳбари он иваз гашт, номи шӯъба якҷо бо шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар бисёре аз гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар зикр мешавад. Мақомоти давлатӣ намегӯянд, ки барканории ду раҳбар ба қазияҳои баҳсбарангез то куҷо рабт доранд.

​​Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  дар сӯҳбат ба мо рӯзи 7-уми март гуфт, ки ин дигаргуниҳо ҷойивазкунии одии кадрҳо дар дохили ҷузву томҳост ва роҳбарони пешинаи шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 ва Шоҳмансур ба кори дигар гузаронида шуданд.

Асадуллоев афзуд, дар қатори роҳбари шӯъбаи корҳои дохилии ду ноҳияи пойтахт, ҳамчунин, роҳбарони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шуданд. Аммо ӯ инро ҳам изофа кард, ки дар фаъолияти ду бахши милиса – Сино-1 ва ноҳияи Шоҳмансур баъзе камбудиҳо ошкор шудаанд. Дар мавриди муҳтавои ин камбудиҳо сухангӯ чизе нагуфт.

Ҳамакнун, ба вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Шафиев Рустам ва дар ноҳияи Сино-1 Мирзоев Маҳмадхон таъин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2011 Сафаралӣ Сангов, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, аз сӯи маъмурони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда, пас аз чор рӯз дар бемористон ҷон дода буд. Дар натиҷа, додгоҳи шаҳри Душанбе кормандони ин шуъба Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасановро бо ҷурми хунукназарӣ тибқи моддаи 322 айбдор донист.

Баҳромидин Шодиеви 28-сола низ моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмон Додовро барои хунукназарӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Коршиносон мегӯянд, агар барканории сарони ин ду бахши милиса дар он рӯзҳо ба вуқӯъ мепайваст, бешубҳа, мояи обрӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мешуд.

​​Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, тағйирот дар аксари соҳаҳои муҳими Тоҷикистон стратегияи муайян ва мушаххас надорад ва бо иваз шудани як-ду роҳбари сатҳи миёна ягон таҳавуллоти ҷиддӣ рӯй нахоҳад дод: “агар дар дигар ҷомеаҳои демократӣ ҳамин гуна шиканҷаю озорҳо дар шуъбаҳои милиса рух медод, роҳбари он шуъба дарҳол барканор карда мешуд ва комиссияи махсус таъсис дода шуда, ба ин вазъият баҳои ҳуқуқӣ медод. Аммо дар мо то ҳол ин гуна вокуниш ба чунин қазияҳо нишон дода нашудааст”.

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, ки бе назорати парлумонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти милиса дар Тоҷикистон ношафоф боқӣ мемонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi