22:10:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бобак Занҷонӣ - тоҷир, даллол ё қаллоб?


Вошингтон алайҳи то
ҷири эроние таҳримҳо ҷорӣ кард, ки ширкатҳояш дар Тоҷикистон фаъол ва ҳатто аз имтиёзҳо бархурдоранд. ИМА ширкати нафтфурӯшии Naftiran Intertrade, мустақар дар Швейсарияро барои он мавриди таҳрим қарор дод, ки зери қаноти Ширкати миллии нафти Эрон фаъолият мекард.

bobak-zanjoni-12042013Ширкати милли нафти Эрон пештар ба “рӯйхати сиёҳ” шомил шуда буд. Вазорати молияи Амрико ба рӯйхати ҷадиди таҳримшудагон тоҷири эронӣ Бобак Муртазо Занҷониро ҳам , ки ба ин ду ширкат кӯмаки моливу фаннӣ мекард, ворид кардааст. Гуфта мешавад, ки Бонки аввали сармоягузории исломии Малайзия ҳам бо далели мусоидат ба Эрон дар пулшӯӣ зери таҳримҳо қарор гирифтааст.

Қарор аст ҳисобҳои бонкии ширкату бонкҳо ва афроде, ки ба феҳристи таҳримшудагон шомиланд, мунҷамид шавад ва ба шаҳрвандони Амрико ҳама гуна робитаҳои марбут ба тиҷорат бо онҳо мамнӯъ аст.

Дэвид Коэн, муовини вазири молияи Амрико, дар ташреҳи таҳримҳои нав алайҳи Эрон гуфт, ки “баъд аз шадидтар шудани таҳримҳои байнулмилалӣ Теҳрон ба шеваи табаҳкоронаи пулшӯӣ рӯ овардааст”. Ба иддаои ӯ, Эрон маблағи аз фурӯши нафт ба даст овардаро бо номҳои тақаллубӣ ва бо истифода аз фиреб ба кишвар ворид мекунад. 

Тақрибан як моҳ пеш вазорати молияи ИМА Димитрис Камбис, раиси ширкати Impire Shipping Ltd-и Юнонро барои хариди нафти Эрон ба “рӯйхати сиёҳ” шомил карда буд. Вошингтон ташреҳ кард, дар ҳоле, ки барои хариди нафти Эрон таҳримҳои байналмиллалӣҷорӣ шудааст, Дмитрис Камбис 8 киштии бузурги нафтбари Эронро харидорӣ кардааст, ки ҳар яки онҳо метавонанд ба арзиши то 200 миллион доллар нафт бор кунанд.

Ёдовар мешавем, моҳи декабри соли гузашта Брюссел ҳам Бобаки Занҷониро аз афроди калидӣ миёни тоҷирони нафти Эрон хонда, ҳама гуна робитаҳои ӯ бо ширкатҳои Иттиҳодияи Аврупоро қатъ карда буд. Он вақт Бобаки Занҷонӣ ба хабаргузории Рейтер гуфта буд, ки кори нодурусте анҷом надодааст ва тасмими Иттиҳодияи Аврупо иштибоҳ аст.

Рӯзномаи New York Times навиштааст, Занҷонӣ раҳбари беш аз 60 ширкат аст, ки зери номи Sorinet Group муттаҳид шудаанд ва дафтари марказияш дар Аморати Муттаҳидаи Араб ҷойгир аст. Бар пояи иттилоъ дар Интернет, Бобак Занҷонӣ зодаи Теҳрон, аммо табааи Дания аст ва ширкатҳояш ба ҷуз Аморати Муттаҳидаи Араба ҳамчунин дар Туркия, Эрон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Бобак Занҷониро дар Эрон "даллоли бузурги нафт" ва аз "падархонди иқтисодиёт" меноманд, ки то ба қудрат расидани Маҳмуди Аҳмадинажод як нафари умуман номаълум буд. Расонаҳои эронӣ Занҷониро дар сирқати 300 миллион доллар муттаҳам мекунанд, ки чанд соли пеш аз фурӯши нафти Эрон дар хориҷи кишвар ба даст оварда, аммо маблағро дар бонкаш дар Малайзия нигоҳ медорад.

Ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ сабти ном шудаанд, ҳамчунин Терминали автобусҳои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) ва Маркази тиҷоратии Душанбе (Dushanbe City Center) аз тарҳҳои онҳо ба шумор меоянд. Бархе манзилҳои зистеро, ки дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, шафати Сирки давлатӣ бунёд мешаванд, низ ба Kont Building рабт медиҳанд.

Саймуддин Дӯстов, сардабири нашрияи “Нигоҳ”, чопи Душанбе, мегӯяд, ки Бобак Занҷонӣ чанд сол пеш бо мусоидати собиқ намояндаи  тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон Суҳроб Оймаҳмадов вориди бозори тиҷорати Тоҷикистон шудааст, аммо робитаҳои қаринаш бо афроди наздик ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон собит нашудаанд ва дар маҳофили Тоҷикистон ҳатто ҳадс мезананд, ки раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода аз бархе тарҳҳои миллионери эронӣ дар Тоҷикистон розӣ нест.

Зимнан, парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ширкати “Asian Express” – ро ба хотири ворид ва мавриди истифода қарор додани таксиву мусофиркашонҳои байнишаҳрӣ аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кард, ки дар маҷмӯъ солона 6 миллион сомонӣ ё бештар 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Сафаралӣ Гулов, муовини раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки тасмими парлумон “ҳам ба манфиати ҷумҳурӣ ва ҳам ба манфиати ҳамон шахс буд, то ки бо вуруди маҳсулот барои рушди иқтисодиёти мо, барои пешравии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат кунад”. 

Азизмат Имомов, дигар вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз қабули қарор дар бораи озод кардани  ширкати “Asian Express” аз андозу пардохтҳои гумрукӣ – бо нарафати қимати роҳкиро, арзон боқӣ мондани хизматрасонӣ ва дар ҳоли хуби техникӣ нигаҳ доштани нақлиёти мусофирбар баъди табдил шудани терминали автобусҳои Душанбе ба яке аз бузургтарин вокзалҳо дар минтақа буд. Аммо ӯ мутмаин аст, ки агар вакилони Маҷлиси намояндагон ё мансабдорони ҳукумат дар бораи аз роҳи ҷиноӣ ба даст омадани маблағҳои ширкат ё соҳиби он ваё даст доштанашон дар "шустушӯи пул" иттилоъ медоштанд, ба он ба ҳеҷ ваҷҳ овоз намедоданд.

Азизмат Имомов афзуд, “азбаски Тоҷикистон зери Конвенсияҳои байнулмилалӣ оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қонунигардонии маблағҳои аз роҳи ҷиноӣ ба дастомада имзо гузоштааст, агар на фақат парлумон , балки дигар мақомоти кишвар фаҳманд, ки шахси дар ин гуна ҷиноятҳо дастдошта бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан ё дар иқтисоди Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардан мехоҳад, аз кор бо ӯ сарпечӣ мекунанд, яъне, ҳам аз худаш безорему ҳам аз пулаш. Тоҷикистон обрӯи байнулмилалии худро аз ҳам чиз болотар медонад”.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони маъруфи тоҷик мегӯяд, ки чеҳраи Бобак Занҷонӣ барои маҳофили Тоҷикистон то ҳол мармӯз ва торик боқӣ мемонад. “Ҳеҷ маълум нест, ки ӯ аз тарафи ҳукумати Эрон пуштибонӣ мешавад ё не, бо доираҳои сиёсии Эрон мунсоибати хуб дорад ё хайр? Аз иттилоъ дар расонаҳо ба назар мерасад, ки ҳама маблағро аз роҳи ҳиллаву найранг ҷамъ овардааст”. Ӯ меафзояд, суоле ҳам бепосух аст, чӣ гуна дар вазъи феълии Эрон, дар ҳоли зери бори таҳримҳо мондани кишвар ва сахт ниёз доштанаш ба асъори хориҷӣ Бобаки Занҷонӣ маблағҳои бузургро  ба Эрон барнамегардонад ва бо вуҷуди ин бархе аз раҳбарони кишвар аз ӯ пуштибониву ҳимоят мекунанд?

Ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, ҳанӯз ягон далели даст ба пулшӯӣ задани Бобаки Занҷонӣ собит нашудааст. Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, дар сурати собит шудани даст доштани тоҷири эронӣ ба “шустушӯи пул” таҳримҳои Амрико рӯи ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳам таъсири амиқ хоҳанд гузошт. 

Ӯ меафзояд, дар он сурат ва дар ҳоли сукут варзидану алайҳи ин ширкатҳо чорае наандешидани Тоҷикистон хатари сард шудани муносибати Вошингтон бо Душанбе ҳам мавҷуд аст, зеро Тоҷикистон ваъда супурдааст, ки мубориза бо “шустушӯи пул”-ро таҳким мебахшад.

Тақрибан як моҳи пеш парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, шеваҳои мубориза бо пулшӯиро мукаммалтар намуд. Тағйиру иловаҳо бо тақозои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ, ё FATF (Financial Action Task Force on Money Laundering) ворид карда шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi