00:51:06 03-уми Июни 2025 сол

МАҲДУДИЯТ ДАР ИНТИҚОЛИ БАРҚ ДАР МАНОТИҚИ РУСТОӢ

Дар бархе аз манотиқи рустоии саросари Тоҷикистон маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон роҳандозӣ шудааст. Ҳарчанд интиқоли нерӯи барқ дар кишвар ҳанӯз реҷабандӣ нашудааст, вале ширкати “Барқи тоҷик” ба манзури сарфаи барқ барои фасли сармо роҳандозии чунин маҳдудиятҳоро рӯйи даст гирифтааст. Ба ин манзур ҳатто чароғҳои бархе аз хиёбонҳои шаҳрҳо низ шабона равшан нахоҳанд буд.

 

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи душанбеи 12 октябр ба Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ҷирабандии интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон танҳо бо дастури Ҳукумати кишвар метавонад роҳандозӣ шавад. Вале афзуд, "Ширкати “Барқи тоҷик” тасмим гирифтааст, то замони иттихози чунин тасмим интиқоли барқро дар соъатҳои "маъмулан шабона", ба сокинон ё муассисот, ки "чандон ба нерӯи барқ ниёз надоранд", маҳдуд созанд.

 

Ба ин манзур, ба бахшҳои ин ширкат дар манотиқи кишвар дастур шудааст, ки “барои сарфаи нерӯи барқ тадобире рӯйи даст бигиранд.” Вай афзуд, ки ҳоло тибқи тасмими раиси ин ширкат, ба куллияи корхонаҳо ва муассисоти Тоҷикистон, ки барои истифода аз нерӯи барқ бидеҳкоранд, интиқоли барқ мутаввақиф шудааст.

 

Ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, “Ҳоло шабона дар хиёбонҳои шаҳрҳо фурӯзонакҳо аз як самти ҷода равшан ҳастанд, ки ин тадбир низ ба манзури сарфаи барқ иттихоз шудааст.” Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки бо сардтар шудани ҳаво дар Тоҷикистон мизони об дар рӯдхонаи Вахш, ки нерӯгоҳи Норак, бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар кишварро бо об таъмин мекунад, коҳиш ёфта ва ҳоло огреготҳои ин нерӯгоҳ аз оби захирашуда истифода мекунанд.

 

Ҳарчанд, гуфта мешавад, ки захоири об дар обанбори ин нерӯгоҳ дар муқоъиса бо соле қабл нӯҳ метр бештар аст, вале бо ин вуҷуд “Барқи тоҷик” бар ин назар аст, ки сарфаи барқ дар ин фасли сол, ки “ҳаво ҳоло чандон сард нест”, муассир хоҳад буд. Аз ин тасмими “Барқи тоҷик” чунин ба назар мерасад, ки дар соли ҷорӣ низ ҷирабандӣ дар интиқоли нерӯи барк ба манозили сокинон амре ногузир хоҳад буд.

 

Ҳарчанд, Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон дар авоили моҳи гузашта ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда буд, ки дар фасли сармои имсол интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон ба сурати шабонарӯзӣ сурат бигирад. Абдулло Қурбонов, раиси бахши сиёсати энержии ин вазорат дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки дар ин сурат камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо ҳудуди як милёрду 500 милюн килувот арзёбӣ мешавад.

 

Ба гуфтаи оқои Қурбонов, қарор аст аз ин миқдор як милёрду дусад милюн килувот соъат барқ аз Туркманистон харидорӣ шавад ва мавзӯъи ҷуброни сесад милюн килувот соъати дигар ҳанӯз рушан нест. Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ки мавзӯъи харидории беш аз як милёрд киловот соъат нерӯи барқ аз Туркманистон “мавзӯъи ҳалшуда маҳсуб меёбад”. Вале дар мавриди интиқоли тиронзити ин миқдор барқ аз қаламрави Ӯзбакистон то ҳол музокирот идома дорад.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 15 соли ахир дар Тоҷикистон дар фасли сармо интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон ва корхонаҳои кишвар маҳдуд мешавад, ки мушкилоти фаровонеро дар зиндагии мардум эҷод мекунад. Ба эътиқоди коршиносон, сардиҳои бесобиқаи зимистони соли 2008-ро метавон сабаби бебарқии густурдатарин дар тӯли солҳои ахир унвон кард. Он замон муддати ду моҳ дар бештаре аз манотиқи рустоии Тоҷикистон интиқоли барқ комилан мутаввақиф шуда буд.

 

“Барқи тоҷик” изҳори умедворӣ мекунад, ки дар зимистони имсол таъмини сокинон бо нерӯи барқ “беҳтар аз солҳои қаблӣ хоҳад буд.” Зеро, агар аз як сӯ мизони захоири об дар обанбори Норак бештар аз солҳои ахир аст, аз сӯйи дигар, нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ ба сурати комил фаъол шудааст, ки низ барои беҳбуди вазъи таъмини манозили сокинон бо барқ мусоъидат хоҳад кард.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854