02:02:51 03-уми Июни 2025 сол

КОРГАРОН БАРОИ ЭЪТИРОЗ ИХРОҶ НАШУДАНД

Масъулони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 иддаъои бархе аз коргарон, ки ба далели эътирозашон аз кор ихроҷ шуданд, рад карданд.

 

Дар моҳи гузашта ҳудуди панҷоҳ тан аз коргарони ин сохтмон дар коршикании эътирозӣ тақозои пардохти ҳуқуқи худ дар ду моҳи ахир карда буданд. Ҳамакнун бархе аз онҳо иддаъо доранд, ки масъулони эронитабори ин тарҳ онҳоро ба далели ширкат дар ин коршиканӣ ихроҷ кардаанд. Мустафо Забиров, яке аз коргарони ҳамакнун собиқи ин тарҳ мегӯяд, ки вай ва боз 30 коргари дигарро “маҳз барои ширкат дар ин эътироз аз кор ихроҷ кардаанд.”

 

Вале, ба гуфтаи Сайид Аскарӣ, намояндаи ширкати эронии “Сангоб” дар Тоҷикистон, ки машғули иҷрои ин тарҳ аст гуфт: “Ин иддаъо воқеъият надорад. Зеро, агар барои ширкат дар коршиканӣ мо коргаронро ихроҷ мекардем, пас бояд куллияи ширкаткунандагони ин эътироз ихроҷ мешуданд.”

 

Оқои Аскарӣ афзуд, ки далели ихроҷи ҳудуди даҳ тан аз коргарони маҳаллӣ дар чанд рӯзи ахир “мутобиқ набудани онҳо ба наҳваи кор дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-2 будааст.”

 

Зеро, гуфта мешавад, ки барои бамавқеъ анҷом додани умури сохтмонӣ, онҳо ночор ҳастанд дар се баст фаъолият кунанд ва на ҳама аз коргарони маҳаллӣ ба ин наҳваи кор омода ҳастанд. Аз сӯйи дигар, оқои Аскарӣ афзуд, ки ба ин далел на танҳо коргарони маҳаллӣ, балки коргарони эронитабор низ ихроҷ мешаванд. Ба унвони мисол, вай хабар дод, ки маҳз рӯзи сешанбе, 13 октябр шаш тан аз коргарони эронӣ, ки се нафар аз онҳо муҳандис буданд, ба далели мушобеҳ ба Эрон баргаштаанд.

 

Дар тобистони имсол, ба гуфтаи намояндаи ширкати “Сангоб”, ба ҳамин тартиб ҳудуди сӣ нафар коргарони эронитабор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Гуфта мешавад, ҳамин тур дар ҷараёни як соли ахир боз даҳҳо тани дигар аз коргарони тоҷик маҳаллӣ сохтмонро тарк кардаанд. Гузашта аз ин, оқои Аскарӣ афзуд, ки “мо ҳангоми истихдоми ин афрод барои кор замонат надода будем, ки онҳо то анҷоми иҷрои ин тарҳ дар ин нерӯгоҳ ифои вазифа хоҳанд кард. Зеро, ҳар як марҳилаи сохтмон, коргарони тахассусҳои мухталифро тақозо мекунад.”

 

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳоло ҳудуди як ҳазору сад нафар дар иҷрои ин тарҳ машғули кор ҳастанд, ки 700 нафар аз онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо зарфияти 220 меговот ва ҳазина 256 милюн дулор соли 2007 бо сармояи давлати Эрон оғоз шуда буд ва интизор меравад то авоили соли 2012 анҷом ёбад.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдували Комилов, раиси Ожонсии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 13 октябр дар як нишасти хабарӣ эълом кардааст, ки Ӯзбакистон дар роҳи интиқоли коло ва таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 мавонеъ эҷод мекунад. Зеро, танҳо роҳи қатор ба Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар убур мекунад.

 

Вале ба гуфтаи Сайид Аскарӣ, “Ҳоло ин мушкилот комилан рафъ шудааст. Ҳарчанд дар гузашта мо дар интиқоли тиронзити таҷҳизот аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон мушкил доштем. Вале масъулони мо тавонистанд дар музокирот бо мақомоти ниҳодҳои зирабти Ӯзбакистон роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд.”

 

Ин дар ҳолест, ки Ӯзбакистон пайваста мухолифати худ ба иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳор дорад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854