13:49:30 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Сухани охирини Шерик Карамхудоев

Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши хоруғии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сухани охиринаш дар Додгоҳи олӣ танҳо як иттиҳомро эътироф кард.

sudioli-08052013Файзи Олӣ - вакили дифои Шерик Карамхудоев рӯзи 7 май ба мо гуфт, ки зерҳимояи вай дар мурофиаи ниҳоии Додгоҳи олӣ таъкид кардааст, ки ба истиснои иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ дигар айбҳоро эътироф намекунад: «Шерик Карамхудоев гуфт, ки моддаи 195- ро ҳам ба хотири он қисман эътироф мекунад,ки ба зӯрӣ ба гардани вай гузошта шудааст.»

Тафтишот Шерик Карамхудоевро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор мекунад ва айбдоркунандаи давлатӣаз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хостааст. Вакилони дифоъи Шерик Кармхудоев зерҳимояи худро бегуноҳ меҳисобанд ва мегӯянд, ки ӯ иттиҳоми ҳифзи силоҳро низ таҳти фишор эътироф кардааст.

Рӯзи 6 май Димон Ашӯров низ дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз 6 иттиҳоми алайҳаш эълоншуда танҳо якеро ба гардан гирифт. Айбдоркунанда барои ӯ аз додгоҳ 13 сол ҳукми зиндон пурсидааст.

Бо ҳамин, мурофиаи муштараки Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дар Додгоҳи олӣ ба охир расид ва ба қавли вакили дифоъ Файзи Олӣ,  додрас пас аз баррасии иддаои ҷонибҳо дар хонаи машваратӣ ҳукми худро эълон хоҳад дошт.Вале дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ мегӯяд, ки парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев бисёр ҳассос аст ва ҳукми онҳо шояд дар зарфи се рӯзи оянда, яъне то рӯзи ҷумъа содир шавад.

Шерик Карамхудоев моҳи июли соли 2012, дар ҷараёни амалиёти зидди нирӯҳои худсар дар Хоруғ боздошт шуда буд. Димон Ашӯровро, ки дар нооромиҳои Хоруғ ҷароҳат бардошта, дар Чин табобат мегирифт, бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз ин кишвари ҳамсоя истирдод карданд. Пайвандони ҳарду парвандаҳои алайҳи онҳоро сиёсӣ меноманд, вале мақомот мегӯянд, ки Карамхудоев ва Ашӯров барои ҷиноёти мушаххас муҳокима мешаванд.

Мурофиаи Карамхудоев ва Ашӯров дувумин мурофиаи марбут ба амалиёти соли гузаштаи Хоруғ аст, ки рӯзи 24 июл бо талаби ба мақомот  таслим кардани афроди гумонбар дар қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфта, қариб 70 кушта ба ҷо гузошт. Рӯзи 28 феврал бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ду гумонбари асосӣ дар ин ҷиноят – Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов – ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi