01:08:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Падари маҳбуси зиндони Хуҷандро ба КДАМ бурданд

Маъмурони амниятӣ Маҳмурод Одинаев, падари як маҳбуси зиндони Хуҷандро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурдаанд. Маҳмурод Одинев субҳи 29 май ба мо гуфт, ки ду маъмури амниятӣ бидуни огоҳии пешакӣ ва ё даъватнома, субҳи барвақти имрӯз ба манзили зисташ дар ноҳияи Ҳисор омада, ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оварданд.

mahmurod-odinaev 2013«Онҳо худро кормандони амнияти ноҳияи Ҳисор муаррифӣ карда, гуфтанд ба шуъбаи амнияти ноҳия меравем, аммо маро ба Душанбе, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оварданд.» Маҳмурод Одинаев, ки дар роҳ ба сӯи Душанбе ба мо суҳбат мекард гуфт, ки дар паҳлуяш ду корманди Кумитаи амниятӣ ҳузур дорад ва намедонад барои чӣӯро мебаранд: «Амниятиҳо аслан шарҳ намедиҳанд, ки барои чӣӯро ба пурсиш мебаранд ва мегӯянд, ки вақти пурсиш мефаҳмӣ, ки масъала чӣ аст.»

Маҳмурод Одинаев падари Суннат Ризоев маҳбуси зиндони Хуҷанд мебошад, ки дар соли гузашта ӯро аз маҳбаси рақами аввал ба Хуҷанд интиқол дода буданд. Вай ахиран ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки дар авоили моҳи июн ба нишони эътироз алайҳи шиканҷа ҳамроҳи наздикони маҳбусҳои дигаре, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд бо шиорҳои «Нест бод шиканҷа!» Ба шиканҷа поён диҳед", "Дастандаркорони шиканҷа ба ҷазо кашида шаванд", "Фарзандони моро аз шиканҷаву зӯр раҳо кунед", пиёда ба тарафи шаҳр роҳпаймоӣ менамоянд.

Маҳмурод Одинаев, рӯзи 22-юми май ба мо гуфта буд, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ кунанд.

Маҳмурод Одинаев афзуд: «Мо борҳо ба президенти Тоҷикистон, Доситонии кулл, ба раиси маҳбасҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифов дар бораи латту кубу бераҳмии масъулони зиндонҳо дар нисбати фарзандонамон нома навиштем, касе ба доди мо нарасид, ба сафоратҳо муроҷиат кардем, натиҷа надод, чанд маротиба дар назди Қасри президент ҷамъ омадем ваъда доданду лекин ҳеҷ кор накарданд, тамоми роҳҳое, ки аз рӯи қонун вуҷуд дошт рафтем ба мо нигоҳ накарданд, барои ҳамин фикр мекунем шояд роҳпаймоии мо ба масъулон таъсир кунад.»

Ӯ таъкид, ки ҳоло фурсат доранд, ки ба мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар робита ба баргузор намудани раҳпаймоӣ ариза пешниҳод кунанд.

Пас аз марги Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор дар маҳбаси рақами аввал, ба хотири ифшо нагаштани ҷузъиёти марги ӯ, ки ба қавли волидонаш бар асари латтукӯби бераҳмонаи масъулони зиндон фавтидааст, шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли гузашта беш аз 20 тан аз маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии рақами аввали Душанбе ба зиндони Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Як рӯзи баъд тавре волидони онҳо, аз ҷумла падари Суннат Ризоев хабар дод, дар маҳбаси Хуҷанд фарзандонашонро латту куб ва азият додаанд. Пас аз ду рӯз, 7-уми ноябр Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз қавли маҳбусон маълумот дод, ки маҳбусҳо бо расидан ба муассисаи мазкур, мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябри соли 2012 хешовандони маҳкумшудагон ба Додситонии кул шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузарондани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi