00:15:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ширинмоҳ Зокирова: Боздошти мо дар Узбакистон "подстава" буд

Ду роҳбалади тоҷик, ки аз 26 май дар Узбакистон дар боздошт қарор доштанд, раҳо ёфта, рӯзи 19 июн ба Тоҷикистон баргаштанд.

shirinmoh 20062013Ширинмоҳ Зокирова, яке аз ин роҳбаладон шоми 19 июн дар нахустин мусоҳибааш бо матбуот баъди раҳоӣ ба мо гуфт, онҳо алакай аз марзи Узбакистон гузашта ба истгоҳи Пахтаободи Тоҷикистон расидаанд. Ширинмоҳ Зокирова гуфт, мақомоти узбак натавонистанд иттиҳоми беасоси қочоқи маводи мухаддирро ба гардани онҳо бор кунанд ва маҷбур шуданд, ки баъди 24 рӯз онҳоро раҳо кунанд.

-Шуморо аз марзи Узбакистон гузаштед алакай?

-Бале, дар Пахтаободем. Баъди ягон соат ба Душанбе мерасем.

-Шуморо 27 май чигуна боздошт карданд?

-Мо аз Маскав бармегаштем, вагони холӣ, пассажир набуд. Ҳамроҳам Қурбон Зариповро поён фароварданд барои тафтиши таги вагону аккумулятор. Ҳол онки  маъмулан дар роҳи бозгашт аз Маскав таги вагонро тафтиш намекарданд.Марзбонҳо ҳамроҳамро поён фароварданду ман ба як ходими зан аз гумруки Узбакистон сумкаҳоямро нишон медодам. Пассажир ҳам набуду бору мор ҳам. Ин рӯзи 26 май буд.

-Баъд чӣ шуд?

-Ҳамроҳи онҳо кинолог ҳам мегардад бо саги бӯгир. Кинолог тарафи тамбур омад. Як вақт садои гумрукчӣ баромад ба узбакӣ ки аз куҷо ёфти инро? Ман баромадам, ки дар дасти кинолог як коғаз буд бо як миқдор алафи қоқ. Алафи сабз буд мисли гашничу укроп. Ҳамроҳам ҳам аз таг омад, ки чӣ гап аст? Баъд дигар монданду сурат гирифтанд ки гӯё аз ҳаминҷо ёфтаанд. Лекин мо надидем аз ҳаминҷо ёфтанашро, фақат дар дасташ дидем.

-Ва ин сабаб шуд, ки шуморо боздошт кунанд?

-Бале, бо ҳамин моро фароварданду бурданд. Аз хуну пешобамон анализ гирифтанд, се рӯз чунон карданд, ки мисли дӯзах буд. Вале дар ниҳоят тамоми анализҳои мо тоза баромад.

-Шуморо дар онҷо бадрафторӣ накарданд? Ё фишор наоварданд?

-Бале, бе ин намешавад, лекин мо ба гардан нагирифтем инро. Парвандаи моро ба Хадамоти амнияти Узбакистон супурданд. Ва аз 26 май ба ин сӯ ҳаррӯз таҳти конвой мебурдандамон ба нонхӯриву бозпурсиву ҳамеша бо итоб ки бо ин гап назан, бо ун гап назан, ин сӯ нигоҳ накун, oн сӯ нигоҳ накун! Як ҳоли зор.

-Пас қазияи шумо чигуна ҳал шуд?

-Ягон се рӯз пеш, вақте ба ҷонамон расид, ҷанҷол шудем. Баъд ба сафорат занг задем, ба коргаронит гумруки Узбакистон ҳам гуфтам, ки ман бо сафорат гап задам. Баъд рафтанду ба чӣ хулосае омаданд, ки парвандаро хобонданд. Чунки намояндаи гумрук ҳам надида буд, ки кинолог он алафро аз куҷо ёфта буд.

-Маълум шуд, ки он алафи ёфтшуда маводи мухаддир буд ё чӣ?

-Намедонам, дар аввал 6 грамм маводи нашъаовар гуфта, моро ҳамчун гумонбар фуроварданд. Баъде ки анализҳои мо тоза баромаду экспертизаи додгоҳӣ карданд, маълум шуд, ки онҷо фақат ду грамм марихуана будааст, ки барои андохтан ба сигор омода шуда буд. Инро ҳама медонанд, ки ин як "подстава"-и рӯирост буд. Инро худашон карданд. Вақте маро дар боло тафтиш мекарданду ҳамроҳам дар таги вагон буд, инро худашон партофтанду худашон гирифтанд, лекин дар экспертиза ягон изи ангушти мо набаромад.

Дуюмаш, хунҳои ҳардуи мо тоза баромад. Сеюмаш, касе надидааст, ҳатто корманди гумруки Узбакистон ҳам шаҳодат дод, ки ман надидам ки кинолог бо сагаш инро аз куҷо ёфт, мо дар дасташ дидем фақат. Бо ҳамин, Худо раҳмамонро хӯрд ва  баъди 24 рӯз озод шудем. Дар роҳи бозгашт боз дар гумрук бо онҳо қадбақад шудем, чунки пулеро ки мо дар декларатсия расман нишон дода будем,  ба мо додан намехостанд. Суратҳои зиёд ҳам гирифтаам, баъде ки расидам, нишон медиҳам ба ҳама.

Қазияи боздошти ин ду раҳбаладро ҳамагӣ як рӯз пеш духтари Ширинмоҳ Зокирова тавассути Радиои Озодӣ расонаӣ кард. Шаҳноза Раҳмонбердиева, духтари Ширинмоҳ Зокирова рӯзи 18 июн ба мо хабар дод, мақомоти интизомии Узбакистон модари ӯ ва ҳамкораш Қурбон Зариповро ҳанӯз рӯзи 26 май дар роҳи бозгашти қатор аз сафари Маскав боздошт кардаанд. Шаҳноза Раҳмонбердиева гуфт, Ширинмоҳ Зокироваи 43-сола ва Қурбон Зариповро мақомоти гумруки Узбакистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз қатор фаровардаанд.

Бино ба иттилои Шаҳноза, модари ӯ бо ҳамкораш дар Тошканд дар боздошт қарор доранд: “Шиносномаҳову пул ва тамоми чизҳои онҳоро  гирифтаанд. Ҳамин дирӯз модарам ба ман СМС фиристод ва хабар дод, ки мақомоти Узбакистон мақоми онҳоро аз “гумонбар” ба “шоҳид” иваз кардаанд. Вале инак 22 рӯз боз онҳо дар боздошт қарор дошта, ба хона баргашта наметавонанд.”

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абулфайз Атоев низ рӯзи 18 июн дар сӯҳбат бо мо хабари боздошти ин ду роҳбалади тоҷикро тасдиқ кард. Оқои Атоев дар пайи тамос бо сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфт, ин ду шаҳрванди тоҷик дар воқеъ дар як парвандаи марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҳамчун “шоҳид” мегузаранд.

“Дар сафорати Тоҷикистон хабар доданд, ки мақомоти Узбакистон аз Душанбе дар амри ташхиси шахсияти боздоштшудагон ва дастрасӣ ба иттилоъи дигар кумак хостаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистонро кай ва таҳти чӣ шароите раҳо хоҳанд кард,” – афзуд сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Шаҳноза Раҳмонбердиева, ки дар Донишкадаи тиҷорати Душанбе таҳсил мекунад, ба мо гуфт, модараш тайи ин муддате ки дар Узбакистон дар боздошт қарор дорад, ҳафтае 1 ило 2 маротиба СМС мефиристад ва хабар медиҳад, ки сиҳҳату саломат аст ва умедвор аст, ки масъалаашро ҳарчӣ зудтар ҳалл кунанд.

Ба гуфтаи Шаҳноза, ҳам Ширинмоҳ Зокирова ва ҳам Қурбон Зарипов ҳарду аз ноҳияи Фархоранд ва модари ӯ 8 сол боз дар ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳайси роҳбалад кор мекунад. Ӯ 6 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ду фарзандашро мустақилона тарбия мекунад ва ба гуфтаи духтараш, “дар ягон кори ғайриқонунӣ даст надошт.”

Дар гузашта низ мавридҳои аз қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон фаровардану барои моҳҳо боздошт кардани шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Узбакистон зиёд мушоҳида шудааст. Мусофирони тоҷикро асосан бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир, адабиёти мазҳабӣ ё ашёи дигаре ки ҳамлу нақлаш аз ҳудуди Узбакистон манъ аст, ё бо далели вуҷуди навоқис дар асноди онҳо, аз қатор пойин мекунанд. Вале дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки мақомоти Узбакистон ду раҳбалади қатори Душанбе-Маскавро аз қатор пойин ва боздошт мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi