18:28:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Аниқ шуд, ки 5 чӯпонро бо 1000 сар гӯсфанд ба Узбакистон бурдаанд"

Ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, то имрӯз аниқ шудааст, ки 5 чӯпон ва тақрибан 1000 сар гӯсфандро аз ноҳияи Панҷакент маҳз ба Узбакистон бурдаанд. Лейтенант Ҳимматшоев , навбатдори ин ситод рӯзи 23 июн ба мо гуфт, “ҳанӯз маълум нест сарнавишташон, кофтукоб идома дорад, аммо аниқ шуд, ки 1000 сар гӯсфанд ва 5 даҳмардаро ба тарафи Узбакистон бурдаанд, ин аниқ аст.” Оқои Ҳимматшоев афзуд, ин ҳодиса рӯзи 15 июн рух додааст.

ramai-gusfand 23062013Ба ин тартиб, Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров – 5 сокини ҷавони Моғиён, ки чӯпонӣ мекарданд, 8 рӯз боз зоҳиран дар қаламрави Узбакистон банд мондаанд. Ситоди нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як рӯз қабл хабар дода буд, ки дар робита ба ин қазия ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристодаанд ва то ҳол мунтазири шарҳи ҷониби Узбакистонанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати Моёини ноҳияи Панҷакент Ҳикматуллоҳ Исматов, қарор буд, рӯзи шанбе музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон доир шавад, вале Зафар Шакаров, ёвари раиси ҳукумати Панҷакент рӯзи 22 июн ба мо гуфт, вазъ дар марз ором аст, аммо дар мавриди гуфтушуниди мақомоти тоҷику узбак ҳанӯз ҳарфе дар миён нест. Оқои Шакаров гуфт, ҷониби Узбакистон ҳанӯз ба дархостҳои ин ҷониб посухе надодааст.

Сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент иддао доранд, ки марзбонони узбак рӯзи 15 июн 5 чӯпони маҳаллиро бо садҳо сар гӯсфанд зӯран ба он сӯи марз бурдаанд.Ҷамоати Моғиёни Панҷакенти Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.

Раиси ҷамоати Моғиён Ҳикматулло Исматов рӯзи 21-уми июн дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо аз сарнавишти панҷ чӯпон ва ин як рама гӯсфанд нигаронанд ва мунтазири мақомоти амниятӣ ҳастанд, ки таҳқиқи масъаларо шурӯъ кунанд.

Намозбой Қурбонхоҷаев, як сокини деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ки дар 250-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, мегӯяд, ин ҳодиса соати 5 шоми 15 июн, ҳангоми убури рама аз чарогоҳи марзии "Оқатоб" (дар қаламрави Тоҷикистон) рух додааст. Ба иддаои ӯ, сарҳадбонони Ӯзбакистон ба чарогоҳ ворид шуда, садҳо сар гӯсфанд, 41 гов ва 5 чӯпонро ба тарафи «Шӯтқишлоқ»-и Узбакистон бурдаанд. «То ҳол дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, ҳарчанд ба сарҳадбонони тоҷик ва ба  ҷамоати деҳоти Моғиён муроҷиат кардем, вале то ҳол касе ба доди мо нарасидааст,» - меафзояд Қурбонхоҷаев.

Намозбой Қурбонхоҷаев дар посух ба саволи мо, ки оё сабаби интиқоли гӯсфандон ва чӯпонҳо ба он сӯи марз чӣ бошад, гуфт, ба эҳтимоли онҳо, ду ҳафта пеш сокинони деҳаи марзии Фароби ноҳияи Панҷакент ба деҳоти ҳаммарзи Ӯзбакистон убур карданд ва ҳудуди 1700 сар гӯсфанди сокинони он минтақаро ба қаламрави Тоҷикистон оварданд. «Агар инҳо гӯсфандҳои ӯзбакҳоро намедуздиданд, мо, ки дуртар аз марз дар деҳаи Моғиён зиндагӣ мекунем, ҷабр намедидем», - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi