РУШДУ НУМУИ ТОҶИКИСТОН ДАР НӮҲ МОҲ
Таҳлилу нишондодҳои пешакии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва паст гардидани рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардид. Барои равшанӣ андохтан оиди рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2009 мухбири АМИТ «Ховар» бо вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ҳамсӯҳбат гардид.
-Мӯҳтарам, Сафаралӣ Махсуддинович, оиди рушду нумӯи иқтисодиёти ҷумҳурӣ каме иттилоъ медодед?
-Дар ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 14,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 2,7 фоизро ташкил дод. Меъёри таваррум бошад, 4,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз паст мебошад. Қурби пули миллӣ дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шудааст. Ба Буҷети давлатӣ дар ин давра 2955,0 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 431,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, даромади он аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба андозаи 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз 1607 млн.сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 54 миллион сомонӣ ва ба ҳамин давраи соли гузашта 292 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,0 млн. сомонӣ зиёд буда, иҷроиши он 100,7 фоизи нақша таъмин гардид. Қисми даромади бучетҳои маҳаллӣ ба андозаи 103,0 фоиз иҷро гардида ба буҷет 1,1 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233, млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Умуман дар ин давра ҳачми буҷети давлатӣ 3847,0 млн. сомониро ташкил дод ва ба он аз ҳисоби маблағҳои махсус 175,0 млн. сомонӣ, грантҳо 142,0 млн. сомонӣ, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 204,0 млн. сомонӣ ва қарзи давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 371,0 млн. сомонӣ ҷалб гардиданд.
-Назари Шумо оиди таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқисодиёти Тоҷикистон чӣ гуна аст?
-Новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оиди паст намудани шиддатнокии бӯҳронӣ молиявию иқтисодӣ, таъсирӣ он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ бо сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам гардидани интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар, паст гардидани ҳаҷми воридоти мол ҳоло ҳам назаррас мебошад.
Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 миллиард доллари амрикоӣ кам гардид (2,5 млрд. доллар). Бақияи манфии савдои хориҷӣ 1,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуда, ба 46,7 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ баробар гардид.
Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол ба 658,6 миллион доллари амрикоӣ, баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 40 фоиз ё ин ки ба маблағи 440,4 миллион доллари амрикоӣ ва воридот ба андозаи 22,5 фоиз ё ба маблағи 526,1 миллион доллари амрикоӣ кам гардидааст.
Омилҳои мазкур ба иҷроиши буҷет таъсири бевосита расонида даромади он танҳо аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 86 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 169,5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар натиҷа иҷроиши буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 136 миллион сомонӣ таъмин карда нашуд.
Сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ пеш аз ҳама барои таъмин намудани чорабиниҳои зиддибӯҳронии Хукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъмини маблағғузории соҳаҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия равона карда шуд.
-Дар нӯҳ моҳи соли равон ба кадом соҳа пештар маблағ равона гардид?
-Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мувофиқ ба иҷроиши даромади буҷет ва маблағҳои махсус, инчунин ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзи давлатӣ, маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт дар ҳаҷми 3,8 миллиард сомонӣ таъмин гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 337 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷети ҷории ҷумҳуриявӣ 5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, ба 74 миллион сомонӣ баробар гардид.
Дар ин давра ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 90 фоиз, аз он ҷумла маориф – 89,1 фоиз, тандурустӣ – 90 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ – 95 фоиз, фарҳанг ва варзиш – 85,6 фоизи нақша маблағҳо равона карда шудаанд.
Бояд қайд кард, ки дар нӯҳ моҳи сипаригардида барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ 53,3 миллион сомонӣ ва ҷиҳати бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ рух додаанд, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ғайр аз ин аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва соҳаи кишоварзӣ 176 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ҷамъ ба маблаги 184 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин 20 фоизи хароҷоти ҳақиқии гузаронидаи мақомотҳои иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Танҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази буҷети ҷории давлатӣ маблағгузории зиёда аз 550 иншоотҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ давом дорад, ки аз онҳо 50 иншоот дар ВМКБ мебошанд. Хароҷоти сохтмони асосии буҷети ҷумҳуриявӣ 702 миллион сомониро ташкил дода маблағгузории он дар ҳаҷми 576 миллион сомонӣ таъмин гаштааст.
Маблағгузории сохтмони асосии иншооти муҳими давлатӣ бошад аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда таъмин карда шуда истодааст. Аз ҷумла, барои сохтмони иншооти НБО «Роғун» - 423 миллион сомонӣ ва танҳо дар моҳи сентябр барои иншооти мазкур 84 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Барои НБО «Сангтӯда–2» бошад, 20 миллион сомонӣ ҳамчун пешпардохти соли гузашта,ҷудо карда шуд. Мутаассифона, новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ тамоюли зиёдшавии бақияпулиҳои андоз идома дорад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми онҳо ба 722 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба 1 январи соли 2009 ба маблағи 211 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши даромади буҷетро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб таъмин карда натавонистанд.
-Дар ин муддат ба ҷумҳурӣ чӣ қадар инвеститсияи хориҷӣ ҷалб карда шудааст?
-Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағггузории инвеститсияи давлатӣ 62 лоиҳаи муштарак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бо дарназардошти қарзи давлатӣ ҳаҷми он – 627 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, 457 миллион сомонӣ аз ҳисоби қарз, 136 миллион сомонӣ грант ва 34 миллион сомонӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азхуд карда шудааст.
Инчунин, дар нӯҳмоҳаи соли 2009 аз тарафи Вазорати молия 15 созишнома оиди татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 262 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз он аллакай барои дастгирии буҷет - 64 миллион доллар ҷалб гардид.
-Қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ миқдорро ташкил медиҳад?
Маблағҳои умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ба 1 октябри соли 2009 як миллиарду 524 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – 32,6 фоизро ташкил медиҳад.
Хизматрасонӣ ва пардохти қарзҳои берунаи Тоҷикистон дар ин давра 132,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 61,2 миллион сомонӣ барои пардохти қарзҳои асосӣ ва 71,2 миллион сомонӣ барои пардохти фоизи қарзҳо равона гардидааст.
Дар доираи Барномаи зиддибӯҳронии Хукумати Ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт таъсис дода шуда, то имрӯз ба он 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷроиши барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст.
-Буҷети соли 2010 кай тасдиқ карда мешавад?
Бале, дар нимсолаи дуюм Вазорати молия лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2010 таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Лоиҳаи мазкур дар моҳи сентябр аз ҷониби ҳукумат маъқул дониста шуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Сиёсати буҷету андоз дар соли оянда низ хусусияти зиддибӯҳронӣ дошта, пеш аз ҳама барои таъмини иҷрои вазифаҳои давлат оид ба ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, инфрасохтори ҷамъиятӣ, кишоварзӣ ва бехатарии давлат равона карда мешавад.
Покиза Маҳмадбекова, АМИТ «Ховар»