09:54:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суғд: Барои 30 сомонӣ ҳам суратҳисоб кушодан мумкин

Бонк ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар Суғд барои ҷалби бештари амонатгузорон сабқат доранд ва бархе барои 30 сомонӣ ҳисоби амонатӣ боз мекунанд. Ситора Юсуфова, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, ки мегӯяд, тартиби сода ва ваъдаи суди баланд ӯро водор кард чанд сомонӣ паcандозашро ба бонк супорад.

30-somoni-544554Вай мегӯяд: “Ман пештар пулҳоямро дар утоқамон дар хобгоҳи донишгоҳ нигоҳ медоштам. Ба наздикӣ аз ҳамсабақонам шунидам, ки ташкилотҳои қарзиву амонатгузорӣ пулҳои камро ҳам барои амонат қабул мекардаанд. Имрӯз 100 сомонӣ амонат гузоштам, бо 17 дар сад фоидаи солона. То 2 сол истад, 20 фоиз суд илова мекардаанд. Аммо агар зуд гирам, танҳо бо 3 фоиз фоида бармегардондаанд. Ин беҳтар аз пулҳоро дар худ нигоҳ доштанам. Боз хубиаш ин ки оянда метавонам, тавассути бонкоматҳо пулҳои зиёдатамро ба амонатам илова кунам.”

Ситора баъд аз дарс дар бахши рӯзноманигории Донишгоҳ бо як телевизиони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад ва барои пешбурди зиндагии донишҷӯиаш маблағ ба даст меорад. Ба гуфтаи вай, мисли ӯ донишҷӯёне, ки пас аз дарсхонӣ дар ҷойе чанд соат кор мекунанд, кам нестанд ва барои онҳо чунин тарзи амонатгузорӣ писанд аст.

Мусоҳибам афзуд, вай аз сӯхтани пулаш дар бонк ҳарос надорад, чун мебинад, ки фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон ба низом даромада, боре шоҳиди варшикаста шудани бонкҳову аз даст ратани амонатҳои сокинон нашудааст. Зимнан, назари бисёр ҷавонони 20 – 25-солаи тоҷик ба амонатгузорӣ дар бонку ташкилотҳои қарзиву пасандозгузори кишвар чунин аст.

Аз навиштаҳои тарғиботиву ташвиқотии бонку ташкилотҳои хурди вомдиҳиву амонатгузорӣ дар шаҳри Хуҷанд аён мешавад, сабқату рақобати миёни онҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи муштариён ва эътимоди мардум шадидтар мешавад.

Яке даъват мекунад омода аст аз мизоҷонаш аз ҳадди ақал 30 сомонӣ маблағро бо 17 дар сад суди солона қабул кунад, дар ҳоле ки то кунун маблағи ҳадди ақал барои амонатгузорӣ 100 сомонӣ буд. Дигарӣ барои амонатҳо бурд эълон кардааст, то автомобилу компютер ва пул ва бо ин роҳ мехоҳад сокинон пасандозҳои барои рӯзи мабодо дар сандуқу даруни курпаву болишт нигоҳмедоштаашонро берун оварда, ба дасти амнтаре супоранд.

Абдуҳафиз Исматов – сардори шӯъбаи омор дар намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, системаи бонкӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад ва шумораи бонку ташкилотҳои қарзиву амонатӣ рӯ ба афзоиш аст. Табиист, ки ташкилотҳои қарздиҳӣ барои ғанӣ кардани захираҳои пулии худ ба ҷалби таваҷуҳи муштариён талош мекунанд. Вай афзуд:

“Имрӯз бонку ташкилотҳои қарзиву амонатӣ барои фароҳам кардани шароити хуби пасандозгузорӣ барои ҳама табақаҳои аҳолӣ мекӯшанд. Албатта, он ташкилоте, ки барои пасандоз фоидаи зиёдтар пешниҳод мекунад, шумораи бештарт мизоҷонро ҷалб мекунад. Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки дар айни замон барои пасандозҳои муҳлатноки аҳолӣ бо пули миллӣ то 17 дар сад ва барои бо асъори хориҷӣ 13 дар сад пардохт карда мешавад.”

Мусоҳибам афзуд, ҳарсола маблағи пасандозҳои сокинон дар бонку ташкилотҳои амонатгузорӣ ҳудуди 20 дар сад зиёд мешавад, ки бозгӯи эътимоди мардум ба низоми бонкӣ аст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 151 бонк ва ташкилотҳои хурди қарзиву пасандозгузорӣ фаъолият мебаранд.

Бинобар маълумоти шӯъбаи омори намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, дар оғози моҳи октябр маблағи пасандози сокинон дар бонк ва ташкилотҳои қарзиву амонатгузории вилояти Суғд беш аз 900 миллион аст. Ҳудуди 70 дар сади онро сокинон бо асъори хориҷии доллару рублу евро ва боқӣ бо пули сомонӣ амонат гузоштаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi