14:09:39 01-уми Июни 2025 сол

ТАСВИБИ ДУРНАМОИ РУШДИ СЕСОЛАИ ТОҶИКИСТОН

Мақомҳои давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ Шохисҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоъии ин кишвар дар се соли ояндаро баррасӣ ва қабул кардаанд.

 

Тибқи ин санад, Маҷмӯъи тавлидоти дохилии ин кишвар дар солҳои 2010, 2011 ва 2012 бо таваҷҷуҳ ба қиматҳои пешбинишуда мутаносибан ба андозаи 24,5 милёрд сомонӣ (муъодили беш аз 5,5 милёрд дулор), 29,4 милёрд сомонӣ (муъодили ҳудуди 6,8 милёрд дулор) ва 35,28 милёрд сомонӣ (беш аз 8 милёрд дулор) пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, суръати рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо қиматҳои қиёсӣ барои се соли оянда мутаносибан панҷ, 6,5 ва ҳафт дарсад пешбинӣ шудааст.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомҳои ин кишвар интизор доранд, ки дар соли ҷорӣ маҷмӯъи тавлидоти дохилӣ дар кишвар ба 21,2 милёрд сомонӣ (ҳудуди 5 милёрд дулор) ва суъати солонаи рушди иқтисодӣ се дарсад ва таваррум ҳашт дарсадро ташкил диҳад.

 

Ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, арқоми зикршуда дар боло дар муқоиса бо давраи пеш аз буҳрони ҷаҳонии молӣ камтар аст, зеро дар гузашта Тоҷикистон солиёна ба таври мутавассит ҳудуди 10-дарсадӣ рушди иқтисодӣ доштааст.

 

Қаблан мақомҳои давлати Тоҷикистон мегуфтанд, ки ҳадаф доранд то соли 2015 рушди иқтисодиро бо нишондодҳои замони Шӯравӣ баробар кунанд, вале бо таваҷҷуҳ ба арқоми пешбинишуда коршиносон ҳоло дар расидан ба ин ҳадаф ибрози тардид мекунанд.

 

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки иҷрои ин дурнамо ба рушди иқтисодӣ дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, монанди Русия, Қазоқистон, Чин, Туркия ва Эрон, бастагӣ дорад, зеро Тоҷикистон батанҳоӣ имконот ва зарфиятҳои маҳдуде дорад ва ба шариконаш сахт вобаста аст.

 

Саҳмияҳои Роғун

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи ҷумъаи 30 октябр таҳти раёсати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ҳамчунин ҳудуди 50 масъала баррасӣ шуда ва Президент Раҳмон мақомоти марбутаро дастур додааст, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро "барои ҷалби сармоягузорӣ ба сохтмони он" омода кунанд.

 

Пештар мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба фурӯш хоҳанд гузошт, ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки ин нерӯгоҳ бояд моликияти истисноии давлат бошад.

 

Тибқи тавофуқоти соли 2004 бо Русия, қарор буд он кишвар дар бунёди ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон кумак кунад, вале дар пайи ихтилофи назарҳо миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати русии "Русал" бар сари иртифоъи садди обанбори Роғун ин тарҳ ба иҷро нарасид.

 

Маълум нест, ки дар дидори ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, мавзӯъи иҷрои тарҳи Роғун миёни ду кишвар баррасӣ шуд ё хайр, вале тибқи гузоришҳо, мақомҳои Русия гуфтаанд, ки он кишвар аз ширкат дар ин тарҳ сарфи назар нахоҳад кард.

 

Барномаи панбакорӢ

Аз ҷумла давлати Тоҷикистон Барномаи рушди арсаи панбакорӣ то соли 2014-ро баррасӣ ва тасвиб кардааст, ки тибқи он майдонҳои кишти панба (пахта) дар кишвар дар чаҳор соли оянда ба андозаи 200 ҳазор ҳектор нигоҳ дошта хоҳанд шуд. Гуфта мешавад ҳоло андозаи майдонҳои панба бештар аз 350 ҳазор ҳектор аст.

 

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки мизони ҳосили панбаро "бо истифода аз агротехникаи пешқадам ва такмили системаи обёриву мелиоративӣ" то ба 30-сентнерӣ аз ҳар ҳектор бирасонанд, агарчӣ коршиносон дар иҷро шудани ин тарҳ ибрози тардид мекунанд.

 

Панба дар канори олуминиюм аз маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, вале дар соли ҷорӣ, дар асари буҳрони ҷаҳонии молӣ ин кишвар ба далели коҳиши баҳои панба аз миюнҳо дулор даромад маҳрум мондааст.

 

Тарҳҳои сармоягузорӢ дар Бадахшон

Дар ин ҷаласа мақомоти давлати Тоҷикистон ҳамчунин вазъияти иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар устони кӯҳистонии Бадахшон ва ироаи кумакҳо ба осебдидгони селоб дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

 

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳоло дар қаламрави устони Бадахшон тарҳҳои мухталифи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 130 милюн дулор ба мавриди иҷро гузошта шудаанд. Ҳамчунин, ба маблағи 130 милюн сомонӣ таъсисоти мухталифе, монанди мактабу бемористонҳо, нерӯгоҳҳои кӯчак, варзишгоҳҳо ва марокизи фарҳангӣ ва ғайра, дар ин вилоят бунёд мешаванд.

 

Бадахшон аз манотиқи кӯҳистонӣ ва дуруфтодаи Тоҷикистон аст, ки роҳҳои иртиботӣ бо ноҳияҳои мухталифи он умдатан тӯлонӣ ва пурпечутоб аст. Дар чанд соли ахир Сандуқи Оғохон дар ин ҷо тарҳҳои мухталифи иҷтимоъӣ ва иқтисодиро ба иҷро даровардааст.

 

Дар ҷаласаи навбатии ҳайъати давлати Тоҷикистон ҳамчунин Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар кишвар барои солҳои 2010-2015 баррасӣ ва тасвиб шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854