13:48:52 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Вавилон": 341 миллион талаби Кумитаи андоз аз ҳавост

Раиси ширкати "Вавилон" мегӯяд, даъвои 341 миллион сомонии Кумитаи андоз сохтакорист ва ба манофеи идоравии ин кумита бармегардад. Кумитаи андоз ҳоло ҳаққ дорад, то 50 дарсади ҷаримаҳои бастаашро худ соҳиб шавад. Ширкати «Вавилон» мегӯяд, 341 миллион сомонӣ, муодили қариб 70 миллион доллар қарзеро, ки Кумитаи андоз мехоҳад аз ин ширкат бирӯёнад, умуман қабул надорад.

context mobile 121212Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон” дар шарҳи ин ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарз сохтакории мақомоти андоз буда, «Вавилон» онро қабул намекунад. Вай афзуд, Кумитаи андоз вазифаи Оҷонсии зиддиинҳисориро ба худ ихтисос додааст, ки ин, ба гуфтаи оқои Файзуллоев ғайриқонунӣ аст ва аз ин хотир, ширкат ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст. Раиси ширкати «Вавилон» гуфт, ин маблағи ҳангуфтро Кумитаи андоз бо назардошти манофеи сирф идоравии худ, ки тибқи қонун, 30 дарсад аз андозҳои ошкоркардааш ба ихтиёри ин кумита дода мешавад, муайян кардааст.

Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон соли гузашта ба мо гуфта буд, ки  ҳар мақоми нозире, ки ҳуқуқи ҷарима ситонидан дорад, ҳуқуқи барои хароҷоти дохилиаш истифода кардани як қисми пули ҷаримаҳоро дорад: «Ҳар сол дар қонуни будҷа муайян  мекунанд, ки кадом қисми ҷаримаҳо ба мо дода мешавад. Масалан, имсол мувофиқи қонун ба Кумитаи мо 50 фисади кулли ҷаримаҳо ҷудо шудааст.»

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 21 июл дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ширкати «Вавилон» ба маблағи 341 миллион сомонӣ андозҳоеро, ки бояд пардохт мекард, пинҳон кардааст. Вай гуфт, бино ба иттилои Агентии зиддинҳисории Тоҷикистон, ин ширкат аз нархномаҳое истифода мекунад, ки бо агентӣ мувофиқа нашудаанд. Раиси Кумитаи андоз гуфт, кормандони Кумитаи ӯ ба мутахассисони «Вавилон» ин ҳамаро фаҳмондаанд, аммо онҳо ин маблағро умуман қабул накарданд ва ҳоло ба додгоҳ муроҷиат намудаанд.

Н.Давлатзода: Санҷиши "Созидание" ва дигар ширкатҳо фармоишӣ нест

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, санҷиши такрорӣ дар маркази тиҷоратии "Созидание" дар чорчӯби қонун сурат гирифтааст".

Ҷаноби Давлатзода гуфт, ки дар фаъолияти ин маркази тиҷоратӣ аз соли 2009 насупоридани андозҳои мухталиф, назири андоз аз фоида ва арзиши изофа ошкор шуд ва талошҳо барои пардохт шудани ин намуди андозҳо натиҷа надод ва Кумитаи андоз ба додгоҳ муроҷиат кард.

Ба таъкиди Давлатзода, додгоҳ баҳсро ба нафъи кумитаи андоз ҳал кард, аммо ҷониби "Созидание" розӣ нестанд ва ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши ин корхорна ва дигар корхонаҳое, ки то ҳол сурат гирифтааст, фармоишӣ нест ва дар чорчӯби қонун сурат мегирад".

Нусратулло Давлатзода, аз бархе ширкатҳои мобилӣ низ ном бурд, ки баҳси напардохтани андоз аз сӯи ин ширкатҳо пеш омадаст.

Ҷаноби Давлатзода мегӯяд, дар ҳоле, ки фоидаи ширкатҳои андозсупоранда ҳар сол аз 20 то 40 дар сад афзоиш меёбад, пас чаро онҳо андоз насупоранд, Ҳол он ки онҳо тибқи қонун вазифадоранд, ки андоз супоранд ва маблағи андози ӣонҳо ба буҷаи давлат меравад.

Зимнан, ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон маблағи ҷаримае, ки аз ҳисоби насупоридани андоз дар назди маркази тиҷоратии "Созидание" 322 миллион сомонӣ, муодили 65 миллион доллар ташкил медиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi