17:13:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30 31      
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Форсаж-Близко-СНГ-низоми ҷадиди интиқоли маблағ

Айни замон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад. Почтаи Россия ва Связ-Банк низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард.

farsazh 547845Дар радифи рақобатҳои бошиддати низоми байналмиллалии бонкӣ таъмини кафолати маблағҳои интиқолшаванда яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Дар ҳамоише, ки дар шаҳри Москваи ФР бо иштироки намояндагони низоми бонкӣ, мутахассисони соҳа, Сафорати ҶТ дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва доираи васеи ВАО баргузор гардид, масъалаҳо вобаста ба кафолати давлатии низоми ҷадиди интиқоли маблағҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.

Айни замон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад. Соли равон муфлисшавӣ ва ё маҳдуд шудани имконоти низомҳои интиқоли маблағ, ки бо унвони Мигом миёни миллионҳо муштариён маъмул буд, аз пайомадҳои манфии ин раванд шаҳодат медиҳад.

Ба қавли дигар низомҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон натавонистанд ӯҳдадориҳои хешро бобати интиқоли маблағ дар назди муштариён ба пуррагӣ ба сомон бирасонанд. Аз муфлисшавии системаи Мигом натанҳо бонкҳои Россия ва кишварҳои ИДМ, балки шаҳрвандони оддие, ки тавассути ин низом маблағ равон карда буданд, зарари ҷиддӣ диданд.

- Пӯшида нест, ки ҳамкорони мо аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ борҳо масъалаи иштирок надоштани сохторҳои пурқударати давлатиро дар бозори интиқоли пул, ба миён гузошта буданд. Боиси таъассуф шуд, ки ду - се соли охир, рақобати шадид дар ин самт ба демпинги ин гуна хизматрасонӣ оварда расонид. Поёнравии назарраси тарофаҳо боиси заиф гаштани на танҳо низомҳои интиқолӣ, балки бонкҳои шарики онҳо дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ гардид.

Кор то ба ҷое расид, ки интиқоли маблағ зараровар гардид. Ин буд сабаби муфлисшавии яке аз куҳантарин ситемаҳои интиқоли маблағ - МИГОМ. Мо ташвиши ҳамкорони тоҷики худро ба хубӣ дарк мекунем, чунки интиқоли маблағҳо дар Россия суғурта намешавад. Аз ин ру бозори интиқоли маблағ кайҳо нигарони рӯи кор омадани чунин иштирокчиёни пурқуввати давлатиро нигарон буд, - мегӯяд Андрей Лайков, ҷонишини раиси Связ- банк.

Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ва таъмини бемамонияту мӯътадили интиқоли маблагҳо Почтаи Россия ва Связ-Банки Россия низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард.

- Дар ҳақиқат, Почтаи Россия яке аз иштирокчиёни муҳими бозори интиқоли маблағ ба шумор рафта, дар ин ҷода имконият ва таҷрибаи ғанӣ дорад, чи аз лиҳози техникӣ ва чи аз лиҳози ташкилу рушд. Афзалияти дигар дар он аст, ки имрӯз аз кишварҳои ИДМ шаҳрвандони зиёд ба кору фаъолият меоянд ва барои онҳо пешниҳод намудани низоми кулай, дастрас ва самараноку боэътимоди интиқоли маблағ хеле муҳим аст, - қайд мекунад Владимир Салоҳутдинов, ҷонишини директори генералии Почта Россия.

Дар шароити феълӣ аз 10 то 50 фоизи шахсони қобили кор дар кишварҳои ИДМ ё пул равон мекунанд ё қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷанбаи иҷтимоии ин лоиҳа аз нигоҳи ташаббускорон дар мадди аввал меистад.

Қабл аз ҳама афзалияти низоми Форсаж-Близко дар кафолати давлатии маблағҳои интиқолшаванда, потенсиали пуриқтидор ва истифодаи усулҳои муосири хизматрасонии бонки маънидод мешавад. Айнизамон аз 42 ҳазор дар 26 ҳазор шӯъбаи Почтаи Россия дар манотиқи гуногуни федератсия бо низоми Форсаж-Близко интиқоли маблағ имконпазир шудааст.

"Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi