01:38:20 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

А. Маматалиев: Душанбе бояд 7 миллион сом пардохт кунад

Муовини сарвазири Қирғизистон ба мо гуфт, Бишкек аз Душанбе ҳамчун ҷуброни муноқишаи марзии рӯзи 7 май як бахш аз 7 миллион сом хисороти ҳисобшудаи он муноқишаро гирифтааст.

abdurahmon-mamataliev-45.jpgМуовини сарвазири Қирғизистон дар масоили амният ва дифоъ ва ҳам раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон Абдураҳмон Маматалиев рӯзи 1 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҷониби Тоҷикистон як миқдор аз хисороти расида ба ҷониби Қирғизистон дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзи 7 майро пардохт кардааст. Ба гуфтаи оқои Маматалиев, ҷамъи хисороти расида ба ҷониби Қирғизистон дар натиҷаи муноқишаи рӯзи 7 май дар марзи Исфараву Бодканд 7 миллион сом, муодили тақрибан 140 000 долларро ташкил медиҳад ва Душанбе алакай як қисми онро пардохт кардааст:

Рӯзи 7 май баҳси байни сокинони рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо сокинони рустои Ӯртабузи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба занозанӣ ва сангборони якдигар печид. Дар он занозанӣ даҳҳо нафар аз ҳарду тараф осеб диданд. Қирғизистон сокинони рустоҳои Тоҷикистонро айбдор кард, ки як дӯкони фурӯши маводи сӯхт, як мағоза ва ду мошини боркаши мутааллиқ ба шаҳрвандони қирғизро оташ задаанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегуфт, муноқишаро қирғизҳо бо сангборони як мошини сокинони ҷамоати Ворух сар кардаанд.

Абдураҳмон Маматалиев дар робита ба таҳқиқи ин ва муноқишаҳои дигар дар марзи ду кишвар гуфт, ҷониби Тоҷикистон чанде аз ширкаткунандагони он ҳаводисро боздошт кардааст: "Мо бо ҳамкорони тоҷикамон танготанг ҳамкорӣ дорем. Ҷамъи хисороти ҳодисаи рӯзи 7 май 7 миллион сом ҳисоб шудааст ва ҷониби Тоҷикистон як қисми онро дод. Ҷуброни зарар идома дорад. Мо аз мақомоти интизомӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон хеле миннатдорем."

Абдураҳмон Маматалиев дар ин сӯҳбат рақами мушаххасе дар бораи ҳаҷми пуле ки Душанбе алакай ба Бишкек пардохтааст, наовард, вале қаблан ба расонаҳои қирғизӣ гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон ба унвони ҷуброни хисороти ворида аз муноқишаҳои марзӣ ба ин кишвар 5 миллион соми қирғизӣ, баробар ба 500 ҳазор сомонӣ ё 100 000 доллар, пардохт кардааст.

Бишкек иддао дорад, дар як соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 30 муноқиша рух дода, ба ин кишвар 11 миллион сом, муодили 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 220 000 доллар, зиён расондааст.

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд ва узви Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 1 октябр дар сӯҳбат бо мо пардохти ҷуброни зиён ба Бишкекро тасдиқ кард, вале дар муқоиса ба ҳисоби қирғизҳо онро рақами бисёр ночиз хонд. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, пардохти ҷуброн чор моҳ боз идома дорад, аммо яктарафа нест. “Ҷониби Қирғизистон ҳам ба мо ҷуброни зарар пардохт кардааст,” - афзуд ӯ, аммо рақаме дар ин робита наовард. Оқои Сангинов гуфт, дар пайи муноқишаҳои марзӣ, ки гоҳе миёни сарҳадбонҳову гоҳе миёни сокинони ду кишвар рух додаанд, баъзе мошину хонаҳо оташ гирифтаанд ё қисман зарар дидаанд, ки ҷонибҳо бо маслиҳати якдигар қимати онҳоро пардохт хоҳанд кард.

Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳайси кишварҳои болооби минтақаи Осиёи Марказӣ ду ҳамтақдир дониста мешуданд. Аммо тайи як соли охир аз миёни ин ду ҳамсояи наздик “гурбаи сиёҳ”-е гузаштааст, ки минтақаҳои марзияшон рӯзҳои ками оромиро мебинанд. Ин ноамниҳо моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи тирпаронии марзбонҳои қирғизу тоҷик дар марзи Исфараву Бодканд оғоз шуда, моҳи август бо задухӯрду тирпаронӣ дар марзи рустои Қалъачаи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки панҷ захмӣ ва ду кушта боқӣ гузошт, идома кард.

Соҳибназарон ва мақомоти ду кишвар қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мояи асосии нофаҳмӣ ва задухӯрдҳо дар марз медонанд. То имрӯз аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Оғоз ё идомаи сохтмони иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз ҳар дафъа ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар шуда, марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои охир амалан ба доғтарин нуқта аз нигоҳи амниятӣ табдил ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi