00:35:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дарсҳои омӯзишӣ оиди бозоршиносӣ, идоракунӣ ва содирот

Баъд аз анҷоми омӯзишҳо дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, аз 27-ум то 30 - уми октябр дар шаҳри Душанбе сессия дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорон баргузор мегардад.

pf-logoДарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Promo Firenze, Палатаи савдо ва саноати Флоренсия (Итолиё) ташкил шуда, понздаҳ намояндагони Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ба омӯзиш ҷалб карда шудаанд. Promo Firenze ба соҳибкоронихурду миёна, ки бо содирот вобаста ҳастанд, кӯмаки худро мерасонад. Барномаи омӯзиш дарсҳои назариявиро оид ба  тартиб додани нақшаи солона барои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав, муносибатҳои соҳибкории хурду миёна ва бозоршиносиро дар бар мегирад. Дар анҷоми омӯзиш аз ҷониби иштирокчиён дар таҳти назорати мутахассиси Promo Firenze дар манзили ҳунармандӣ тадқиқоту назарияҳо гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамкорӣ бо PromoFirenze - яке аз иҷрокунандагони лоиҳаи дар боло зикр шуда, баъди тамомшавии омӯзиш низ ба итмом намерасад. Палатаи савдо ва саноати Флоренсия дар давоми лоиҳа ба Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав барои ташкил намудани хизматрасониҳои нав ба аъзоёнашон мусоидат менамояд. Соли 2015 Promo Firenze ба Осиёи Миёна баргашта, ташкили маводҳои машваратиро, ки ба хизматрасонии хурду миёна равона шудаанд, анҷом медиҳад.

Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ -миёнарав ва зиёд намуданималакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии  идоракунӣ, мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд.

«Вазифаи асосии лоиҳа ба пешравӣ ва устуворнокии Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар кору фаъолияташон расидан мебошад – Марко Алфиери, Роҳбари барномаи Cesvi фикри худро баён менамояд, – вазифаи асосии мо фароҳам овардани дониш ва баланд бардоштани малакаҳои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав мебошад, ки баъди иҷрои амал таҳкурсии мақсади асосии мо мустаҳкам хоҳад шуд.  

Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол татбиқ  гардида, он дар чаҳорчӯбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi