12:33:02 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Тағйир дар Бонки миллӣ иқтисодро такон хоҳад дод?

Таҳлилгарон дигаргуниҳои кадрӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистонро пайте барои ислоҳи риштаи молиявӣ меноманд, вале бо назардошти сангинии вазъ ба барори кори "тандеми Н-Н" бовари қатъӣ надоранд.

jamshed-nurmahmadzoda_6565.jpgҶамшед Нурмаҳмадзода (Норинов), раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон, 4 май дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мо гуфт, ки муҳимтарин вазифае, ки дар назди ӯ аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуд, ба низом даровардани бозори асъор аст. "Тамоми саъю кӯшиши мо маҳз сари ҳамин масъала равона карда мешавад,"- гуфт ҷаноби Нурмаҳмадзода.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ки то ин дам раиси бонки давлатии "Амонатбонк" буд, рӯзи душанбе бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ҳоло фармони ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон, фиристода шудааст. Нурмаҳмадзода дар ин мақом Абдуҷаббор Ширинзодаро иваз кард, ки баъди се соли раҳбарияш дар Бонки миллӣҳамроҳи муовинонаш - Ҷамшед Юсуфиён, Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматов аз мақомҳои худ барканор шуданд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣмегӯяд, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали раиси Бонки миллӣ шудааст.

Нурмаҳмадзода ва Нуралиев дар ҳоле ба Бонки миллӣ омадаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният раҳбарияти ин бонкро зери танқид гирифта буд. Ӯҳангоми сӯҳбаташ дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ таъкид кард, ки танҳо зимни як санҷиш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Инчунин, ин тағийроти кадрӣ дар ҳолест, ки пули миллии сомонӣ дар пайи болоравии қурби доллар рӯзҳои сахтеро паси сар мекунад. Бештари ҳамсӯҳбатони мо низ барканории Абдуҷаббор Ширинзодаро ба ин вазъ рабт медиҳанд. Тайи моҳҳои охир қурби доллар дар баробари сомонӣ ба таври бесобиқа боло рафта, ҳоло як доллар ба 6 сомониву 50-54 дирам баробар шудааст.

Таҳлилгар Нозим Эшонқулов аз Пажӯшҳишгоҳи Cato дар Вашингтон, мегӯяд, барканории раҳбарони Бонки миллиро дар пасманзари вазъи номӯътадили молиявӣ дар Тоҷикистон "қадами оқилона" аст. "Фурӯпошии қурби сомонӣ, ҳаҷми хурди захираҳои тило ва арз, хатарҳои афзояндаи низоми бонкӣ, ба андешаи ман, сабабҳои асосии ин тасмиманд," - меафзояд Эшонқулов.

Аммо, аз нигоҳи ин коршинос, ҳарчанд раҳбарони пешинаи БМТ ба хатоҳои зиёд роҳ доданд, фақат онҳо масъули вазъе нестанд, ки дар Тоҷикистон ба миён омадааст. "Тавре ман на як бору ду бор гуфтаам, сабабҳои вазъи смонӣ амиқтаранд. Набояд "нишонаҳои беморӣ"-ро бо сабабҳои аслии он омехт. Сомонӣ ба дунболи афтодани иқтисоди кишвар меафтад ва биноан, бояд худи иқтисодро "табобат" кард. Вале барои ин абзори дигар даркор аст, ки дар дасти ҳукуматанд, на дар дасти БМТ. Гузашта аз ин, БМТ кайҳост, ки сиёсати мустақили худро надорад ва пурра ба қарорҳои ҳукумат тобеъ шудааст," - гуфт ҷаноби Эшонқулов ба мо.

Табдили чанддафъагии раҳбарони БМТ дар солҳои охир ва натиҷаи муҳиме надодани ин дигаргуниҳо ин коршиносро ба тағйири ахир зиёд умедвор намекунад.

Коршиноси дигар, Зафар Абдуллоев низ мегӯяд, ҳарчанд ҳолу ҳавои бӯҳрон ва нишонаҳои таъсири он яке аз омилҳои ин дигаргуниҳои кадрӣ шудааст, масъала ба маротиб бузургтар аст ва "агар онҳо ба вазъ бархӯрди стратегӣ нишон диҳанд ва ислоҳоти бонкиро ба роҳ монанд, аз ҷумла ба коҳиши андоз аз даромади бахши молиявӣ ва афзоиши субъектҳои бозор даст ёбанд ва боло рафтани маърифати молиявии аҳолӣ, ба вижа ҷавононро ҳавасманд гардонанд, дар оянда вазъи бозори асъор мӯътадилтар мешавад."

Аммо, ба ақидаи ин коршинос ин бӯҳрон бо як роҳи борҳо санҷидашудаи "илоҷе карда, мегузаронем" ҳалли худро хоҳад ёфт. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки Ҷамолиддин Нуралиев ахиран таъсири бӯҳрони Русия ва коиҳши "пули муҳоҷирон"-ро дар иқтисоди кишвар эътироф карда буд.

Георгий Кошлаков, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, тағйири кадрӣ дар Бонки Миллӣ роҳи ҳалли мусбати бозори асъори хориҷӣ дар кишвар нест. Вай гуфт: “Мо сахт аз воридоти мол вобаста ҳастем. Кулли воридот бо доллар аз хориҷа ворид мешавад. Сатҳи долларризатсияи иқтисодиёти мо ниҳоят зиёд аст ва болоравии қурби он на аз Бонки миллӣ, балки равандҳои байналмилалӣ аст. Бинобар ин, бо иваз шудани роҳбарияти Бонки миллӣ аз онҳо натиҷаҳои зудҳангомро интизор шудан намешавад.”

Ба ақидаи чанде аз ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ низ ислоҳи вазъ ками дар кам ба ашхос ва бештар ба вазъи иқтисоди кишвар бастагӣ дорад. Аммо тибқи маъмул таъин шудани "одамони нав", ба гуфтаи онҳо, як умедвориеро ба беҳбуди вазъ эҷод мекунад. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, таъин шудани вазири нави рушди иқтисод низ бисёре аз соҳибкоронро ба ислоҳот ва сабукиҳе умедвор карда буд, ки метавонистанд, вазъи иқтисоди кишварро беҳтар кунанд. Ин ақида ҳам ҷой дорад, ки ҳамоҳангии "тандем"-и Нурмаҳмадзода - Нуралиев то куҷо самрабахш хоҳад буд.

Бо вуҷуди сари забонҳо будани ин рӯйдодҳо ва интиқоди раисиҷумҳур аз кори Бонки миллии Тоҷикистон, бархе аз коршиносон ҳанӯз охири соли гузашта тахмин мезаданд, ки маркази асосии тасмимгириҳои иқтисодии ҳукумат, яъне Вазорати молияи Тоҷикистон бо "тандеми Абдусалом Қурбонов, вазири молия ва муовинаш Ҷамолиддин Нурализода" салоҳияти бештаре касб карда, зарфиятҳои вазорати рушди иқтисод, кумитаҳои андозу гумрук ва дигар ниҳодҳоро ба маротиб коҳиш дод. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин ҳавза ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло гумон меравад, низ зери чатри маркази ягона ворид шуд.

Чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон болоравии қурби долларро кори дасти саррофон номида ва қарор кард, саррофиҳои хусусӣ баста шаванд. Константин Бондаренко, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, тағйироти кадрӣ дар Бонки Миллӣ роҳи ҳалли мусбати бозори асъори хориҷӣ дар кишвар нест. Ба қавли ӯ, "асъори хориҷӣ аз вазифабозӣ ягон вобастагӣ надорад. Ягон шахсият новобаста аз он ки таҷрибадор аст, ё на, дар ҳоли ҳозир ба ин бозор дахолат карда наметавонад. Фақат Бонки Миллӣ дар он ҳолат метавонад ба ин бозор таъсир гузорад, ки агар захираи молиявии зиёд дошта бошад. Аммо Бонки миллии мо чунин имкониятро надорад."

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Тоҷикистон буда, моликияти ҷумҳурист ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (палатаи поёнии порлумон) гузориш медиҳад. Раиси онро президент таъин ва барканор мекунад, аммо фармони ӯро ин палатаи порлумон бояд ба тасвиб расонад.

Абдҷаббор Ширинзода (собиқ Ширинов)-и 62-сола, ки се соли охир раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, ҳоло мақоме нагирифтааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси сармуҳандиси Департаменти ҳисобдории Бонки миллӣ, муовин, муовини якуми раиси раёсати "Агроинвестбонк" ва муовини якуми раиси Бонки миллӣ кор кардааст. Аз соли 2007 то 2012 сафири Тоҷикистон дар Вашингтон буд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон 55-сола буда, дар Қӯрғонтеппа зода шудааст. Ӯ соли 1993 муовини аввали сардори идораи молияи Хатлон ва аз соли 1994 то 2001 сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молия буд. Вай аз декабри соли 2006 то моҳи марти соли 2012 дар вазифаи ноиби вазири молия кор карда, моҳи марти 2012 муовини раиси Суғд таъин шуд. Аз охирҳои соли 2012 то ин дам раиси "Амонатбонк" буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi