07:38:56 22-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САҲА парда аз рӯи "иқтисоди пинҳон"-и Тоҷикистон бардоштанист

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мехоҳад, ки иқтисоди пасипардагии Тоҷикистонро ҳисоб ва барои ҷилавгирӣ аз он ба ҳукумати кишвар пешниҳодҳояшро ироа кунад.

dollar-somon_56898956.jpgНамояндагии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон тасмим дорад, иқтисоди пасипардагӣ дар кишварро пажӯҳиш кунад. Ба қавли масъулони ин созмон, гурез аз супурдани андоз аз ҷониби корхонаву муассисаҳо, насупурдани боҷи гумрукӣ, додани маоши ғайрирасмӣ ба кормандон, ки аз он ҳисоб андоз супурда намешавад, аз ҷумлаи иқтисодӣ пасипардагӣ дониста мешавад.

Санавбар Гурукова, як масъули Дафтари САҲА дар Душанбе ба мо гуфт, ҳоло тасмим аст, барои амалӣ кардани ин лоиҳа созмонеро ҷалб кунанд, ки имкони пажӯҳиши ин мавзӯъро дошта бошад. Созмоне, ки ин пажӯҳишро мебарад, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон баъди анҷоми таҳқиқ пешниҳод кунад, ки чӣ гуна аз иқтисоди пуштипардагӣҷилавгирӣ намояд

Барои дақиқ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз иқтисоди пуштипардагӣ созмоне, ки ин мавзӯъро пажӯҳиш мекунад, бояд як методи омӯзишиеро ба Вазорати савдо ва рушди иқтисоди Тоҷикистон пешниҳод кунад, ки он муаасир будани ин пажӯҳишро бо далелҳо собит созад. Бори ахир соли 2012 иқтисоди пуштипардагӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пажӯҳиш шуда буд.

Гуфта мешуд, зиёда аз 30 дарсади фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон пинҳонӣ ва бе қайди расмӣ сурат мегирад. Бар асоси пажӯҳиши соли 2012 саҳми иқтисоди пасипардагӣдар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бештар аз 30 фоизро ташкил медиҳад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондод ба шумор меравад.

Юҳа Кяхконен, масъули Хазинаи байналмилалии асъор зимни муаррифии гузориши “Рушди иқтисоди минтақавӣ: Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” дар се соли пеш гуфта буд, барои коҳиши ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, такмили бозори меҳнат, содда намудани андозбандӣ ва таъмини шароити баробари фаъолият барои ҳамаи ширкату корхонаҳо, зарур аст.

Тибқи ҳисобҳои Хазинаи байналмилалии асъор, саҳми иқтисоди пасипардагӣ ё ғайрирасмӣ дар Узбакистон 15 дарсад, Қирғизистон 25, Қазоқистон наздики 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.Хазинаи байналмилалии асъор бо такя ба таҳлилҳои худ дар соли 2011 гуфт, ки бештар аз нисфи кормандон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фонди нафақа маблағ пардохт намекунанд. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ин ҳолат табақаҳои заифи ҷомеаро боз ҳам осебпазиртар сохта, аз як тараф имкониятҳои давлатро барои ҳифзи иҷтимоӣ маҳдуд мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi